Супоришҳои тестӣ

1. Кадоме аз инҳо ба проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа дохил мешаванд?
    1. бекорӣ, камбизоатӣ, афзоиши шумораи нафарони аз лиҳози иҷтимоӣ ҳимоянашуда;
    2. таваррум, бекорӣ, буҳрони иқтисодӣ;
    3. бекорӣ, буҳрони иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ;
    4. ҳамаи ҷавобҳо дуруст мебошанд.
2. Фаъолияти иҷтимоӣ дар соҳаи маориф чиро дар назар дорад?
    1. кори маорифпарварона, машваратдиҳӣ, ташкили чораҳои фарҳангӣ-маишӣ;
    2. кори маорифпарварона, рушди иқтисодӣ, мубориза бар зидди таваррум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ.
    3. ҳимояи иҷтимоӣ,  муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди иқтисодӣ.
    4. ҳамаи ҷавобҳо дуруст мебошанд.
3. Моҳият ва мафҳуми мониторинг дар чӣ ифода меёбад?
    1. мониторинг – низоми махсуси муташаккил ва доимо амалкунандаи ҳисоботи оморӣ,  ҷамъкунӣ ва таҳлили инттилооти иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
    2. мониторинг – кор бо нафароне, ки ҳуқуқвайронкунӣ кардаанд, қабл аз ҳама ҳуқуқвайронкунандагони ноболиғ;
    3. мониторинг – ташаккули тарзи ҳаёти солим дар тафаккури кӯдакон ва ҷавонон;  
    4. ҷавоби дуруст нест.
4. Принсипҳои асосии ташкили мониторингро номбар кунед:
    1. принсипи объективият, принсипи воқеият, принсипи мақсаднокӣ, принсипи интихобӣ;
    2. принсипи синергия, принсипи ягонагии ташкили равандҳои мониторинг ва идоракунии инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, принсипи иерархӣ;  
    3. принсипи ташкили мониторинги проблемавӣ, принсипи универсалӣ, принсипи мувофиқати бефосилагӣ ва даврият, принсипи фаврият, принсипи боэътимодӣ  
    4. ҳамаи ҷавобҳо дуруст мебошанд.

5. Функсияҳои мониторинги инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии монниторингро номбар кунед:
    1. ташкилӣ, иттилоотӣ-ташкилӣ.
    2. назоратӣ, таҳлилӣ, коммуникатсионӣ;
    3. ҷавобҳои  а) ва б) дуруст мебошанд
    4. ҳамаи ҷавобҳо нодуруст мебошанд.
6. Марҳилаҳои асосии гузаронидани мониторингро номбар кунед:
    1. раванди мушоҳидаи бефосила, таҳқиқоти зуҳурот ва ҳодисаҳо;
    2. ташкили пойгоҳи иттилоотии идоракунӣ;
    3. назорати раванд ва хислати тағйирёбии объекти баҳодиҳӣ дар асоси низоми меъёрҳо;
    4. ҳамаи ҷавобҳо нодуруст мебошанд.
7. Таҳти «Проблемаҳои иҷтимоӣ» чӣ фаҳмида мешавад?
Таҳти «Проблемаҳои иҷтимоӣ» дар назарияи фаъолияти иҷтимоӣ ва илмҳои дигар айни замон пурра ё қисман қонеъ нагардидани талабот, манфиатҳои шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва ҷомеа фаҳмида мешавад.  
    1. Ҳа.
    2. Не.

8. Таҳти «Фаъолияти иҷтимоӣ» чӣ фаҳмида мешавад?
Таҳти фаъолияти иҷтимоӣ, ҳамчун зершакли фаъолияти амалӣ  - фаъолияти касбии махсус доир ба беҳсозии сатҳи зиндагии шахсони алоҳида ва ҷомеа дар маҷмуъ фаҳмида мешавад.
    1. Ҳа.
    2. Не.

9. Ба андешаи Шумо, проблемаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон кадомҳоянд?
10. Ба андешаи шумо, сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар мамлакат кадомҳоянд? 

Последнее изменение: Среда, 15 ноября 2017, 14:56