1.2. Тартиб ва марҳилаҳои мониторинги проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ
Мониторинг – ин низоми таъсисдодашудаи махсус ва доимо амалкунандаи ҳисоботи зарурии оморӣ, ҷамъкунӣ ва таҳлили иттилооти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, гузаронидани таҳқиқоти иттилоотӣ-аналитикӣ (пурсиши аҳолӣ ва ғ.) ва баҳодиҳӣ (ташхис) -и ҳолат ва тамоюли инкишофи проблемаҳо мебошад1.
Мониторинги минтақавӣ – технологияи умумии идоракунии минтақа мебошад, ба ҳалли масъалаҳои асосии зер нигаронида шудааст:
ба даст овардани иттилооти объективӣ ва боэътимод доир ба проблемаҳо ва равандҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
муайянсозии омилҳое, ки боиси пайдоиши таҳдидҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар шароити амалкунанда ва дурнамо мегарданд;
таъмини дастрасии иттилоот барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ.
Мониторинг дар ниҳоят восита барои қабули қарорҳои идоракунӣ, яъне унсури асосии технологияи қабули қарорҳо мебошад.
Мақсади асосии мониторинг таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бо иттилооти зарурӣ ва боэътимод мебошад, ки нишондиҳандаҳои калидии низоми иҷтимоӣ-иқтисодиро фаро мегирад. Чунин иттилоот барои қабули қарорҳо заминаи асосӣ мебошад, ки амалисозии тамоми функсияҳои идоракунӣ (пешгӯӣ, банақшагирӣ, ташкил ва назорат)-ро таъмин менамояд.
Субъекти мониторинг дорои сохтори мураккаб буда, аз як ҷониб аз кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ иборат аст, ки ба салоҳияти онҳо муайянсозии масъалаҳои мониторинг, ташкил, ҷамъкунӣ, муназзамсозӣ ва таҳлили иттилоот дохил мешавад.
Аз ҷониби дигар, кормандони ширкатҳои махсус, ки барои ғункунӣ ва таҳлили намудҳои муайяни иттилоот ва сеюмӣ истифодабарандагон (хоҷагиҳои хонагӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайраҳо)-и намудҳои муайяни иттилоот шомил мебошанд.
Предмети мониторинг маҷмуи равандҳо ва натиҷаҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Хусусиятҳои хоси минтақаҳо (сохтори иқтидори захиравии он, таркибибартариятҳои рақибӣ ва ғайраҳо) дар баробари истифодаи нишондиҳандаҳои интихобӣ (масалан, ҳаҷм ва сохтори савдои наздисарҳадӣ) зарурати истифодаи нишондиҳандаҳои ҳатмиро пеш меорад.
Таъминоти захиравии мониторинг дорои таркиби мураккаб буда, таъминоти кадрӣ, моддӣ-техникӣ (маҷмуи воситаҳои техникии бақайдгирӣ ва интиқоли иттилоот) ва молиявӣ мебошад.
Вазифаҳои асосии мониторинги иҷтимоӣ-иқтисодӣ инҳо мебошанд:
ташкили мушоҳида, ба даст овардани иттилооти боэътимод ва объективӣ оид ба равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
баҳодиҳӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи иттилооти мавҷуда, муайянсозии сабабҳо ва омилҳое, ки боиси пайдоиши проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мегарданд;
муайянсозии омилҳо ва қувваҳое, ки таҳдидҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд;
таъминоти шаҳрвандон, мақомоти идоракунӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли тобеият ва моликият бо иттилооте, ки ҳангоми гузаронидани мониторинги иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба даст омадаанд;
таҳияи пешгӯии инкишофи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ2.
омодасозии тавсияҳое, ки ба бартарафсозии тамоюлҳои манфӣ ва дастгирии иқдомҳои мусбӣ равона гардидаанд.
1 Агоева З.И., Топсахалова Ф.М-Г. Мониторинг проблем социально-экономического развития региона // Фундаментальные исследования. – 2014. – № 9-3. – С. 621-624;
Хусусиятҳои асосии мониторинг инҳо мебошанд:
мавҷудияти ҳадафи мушаххас баҳри интихоби иттилооти муҳимтарин ва зарурӣ;
истифодаи маҷмӯи нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои маъмул барои гузаронидани мониторинг;
муқоисашавандагии натиҷаҳои мониторинг.
Дар заминаи мониторинги равандҳои иҷтисоӣ-иқтисодӣ дар мамлакат ба натиҷаҳои зер ноил гардидан имконпазир мебошад:
тақвияти ва баландбардории натиҷаи равандҳо, агар барои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии ҳудуд зарур бошанд;
андешидани тадбирҳои зарурӣ ва бо ин васила баланд бардоштани самаранокии идоракунии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ.
Мониторинг барои таъмини фаъолият ва инкишофи низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ заминаи иттилоотӣ мебошад. Механизми чунин низом проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро муайян намуда, ҳал мекунад. Механизми мазкур аз ду ҷузъи таркибӣ иборат мебошад:
механизми иҷроия;
механизми таъмини фаъолият ва инкишофи низомҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ.
Дар ин маврид нақши асосӣ ба механизми дуввум вогузор мебошад, зеро он фаъолияти ҳаётӣ ва инкишофи устувори низомро таъмин менамояд.
Вобаста ба аломатҳои мавҷуда таснифони гуногуни мониторинги низомҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мавҷуд мебошанд. Яке аз онҳо, бо дарназардошти сарчашмаҳои иттилоот (объектҳо) ва истифодабарандагони натиҷаҳои мониторинг дар ҷадвали 3 оварда шудааст.
Ташкили мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз муайянсозии ҳадафҳои низом ва тибқи он муқаррарсозии мақсадҳои мониторинг, ки ҳамчун омили асосӣ баромад менамоянд, шуруъ мешавад.
Вазифаи асосии мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташкили пойгоҳи боэътимод ва объективӣ баҳри таҳияи сиёсати давлатии асоснок, муаяйнсозии афзалиятҳои он, танзими амалкунӣ ва инкишофи низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад.
Аз моҳияти низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ бармеояд, ки натиҷаҳои мониторинги идоракунии он бояд барои иҷроиши вазифаҳои зер ҳамчун пойгоҳи иттилоотӣ-аналитикӣ хизмат намоянд:
асосноккунии мақсадҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ;
огоҳ намудани ҳолатҳои буҳронӣ ва муноқишаҳо;
баҳодиҳии самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии зинаҳо ва сатҳҳои гуногун;
асосноккунии чораҳои дастгирии давлатии ҳудудҳои муайян, мушоҳида ва ба даст овардани иттилооти боэътимод ва объективӣ доир ба равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, асосноккунии тадбирҳои дастгирии давлатии намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ, соҳаҳо ва низомҳои истеҳсолӣ;
баҳодиҳӣ ва таҳлили муназзами иттилооти ба дастомада, муайянсозии сабабҳое, ки боиси пайдоши проблемаҳо ва равандҳои гуногуни иқтисодӣ ва сиёсӣ мегарданд;
тибқи тартиби муайянгардида таъмин намудани мақомоти идоракунӣ, шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият бо иттилооти дар натиҷаи мониторинг ба дастомада;
таҳияи низоми пешгӯикунии инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ;
таҳияи тавсияҳое, ки ба бартарафсозии тамоюлҳои манфӣ ва дастгирии иқдомҳои мусбӣ равона гардидаанд.
омодасозии гузоришҳои солонаи давлатӣ дар бораи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиёти миллӣ.
Ҳамин тавр, мақсади асоссии мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҷамъкунӣ, омӯзиш ва омодасозии иттилоот барои таҳлил ва қабули қарорҳои иқтисодӣ дар зинаҳои гуногуни идоракунӣ мебошад. Ин раванд дорои ду хусусияти асосӣ мебошад, ки онҳоро мониторинг ҳамчун низоми ҷамъкунӣ ва коркарди иттилоот бояд қонеъ созад.
самтҳои мақсадноки равандҳои иттилоотӣ;
объективияти хулосаҳо дар ҳар як марҳилаи коркарди иттилооти мониторинг.
Вазифаҳои асосии мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ инҳо мебошанд:
Вазифаи аввал – мушаххассозии ибтидоӣ ва ҷории раванди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, яъне мониторинг бояд дар заминаи таснифи муназзами равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ сурат гирад. Дар барорибари ин, азбаски таркиб ва тавсифи номиналии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, махсусан дар давраҳои дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ тағйир меёбанд, мониторинг имкон фароҳам месозад, ки маълумот барои таҳлил ва тасҳеҳи таркиби сохтории чунин равандҳо гирд оварда шавад.
Вазифаи дуюм – таҳлили алоқамандии равандҳо ва муайянсозии маҷмуи омилҳои таъсиркунанда. Равандҳое, ки ба таври динамикӣ инкишоф меёбанд, одатан на танҳо бо унсурҳои “воридшавӣ” ва “хориҷшавӣ” (онҳо аз рӯи миқдор тағйир меёбанд) балки бо номгӯи омилҳои тағйирёбанда тавсиф карда мешаванд. Ҳолати мазкур раванди идоракуниро дар давраи гузариш хеле душвор мегардонад ва имконияти ягона дар ин маврид дастраскунии маълумоти зарурие, ки таъсири ин ва ё он омилҳоро ба раванд ифода менамояд, ба ҳисоб меравад.
Вазифаи сеюм – пешгӯикунии кӯтоҳмуддати равандҳое, ки мушоҳида карда мешаванд. Таҳти пешгӯӣ одатан муайянсозии ҳолати объект дар давраи оянда дар ин ё он шароит фаҳмида мешавад. Аммо барои равандҳои динамикие, ки бемайлон инкишоф меёбанд, мафҳуми оянда ва ҳозира чорчӯбаи дақиқ надорад.
Гузаронидани мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз таҳияи консепсияи он, дар асоси яке вариантҳои имконпазири зерин оғоз меёбад:
мақсаднок - мониторинг ҳамчун низоми ба проблема нигаронидашуда фаҳмида мешавад, ки як соҳаи муайяни талаботи иттилоотиро қонеъ менамояд;
инструменталӣ – мониторингро дар доираи низомҳои дигари коркарди иттилоот аз рӯи навъи воситаҳо ва усулҳои татбиқшаванда ҷудо менамоянд (татбиқи васеи усулҳои интихобии ҷамъкунии иттилоот, технологияи компютерии коркарди иттилоот ва ғайраҳо);
ҳамгироӣ - мониторинг ҳамчун натиҷаи гурӯҳбандии функсияҳои иттилоотӣ-идоракунии анъанавӣ тавсиф карда мешавад, ки унсурҳои омор ва пешгӯикунии иҷтимоӣ-иқтисодиро муттаҳид месозад.
Дар марҳилаи муосири инкишофи иқтисодиёт аҳамияти хоса ва мувофиқи мақсадро варианти сеюм касб менамояд, ки аз як ҷониб барои инкишофи методии он имкон фароҳам месозад ва аз ҷониби дигар баҳри иҷроиши вазифаҳои муҳими идоракунии иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.
Вобаста ба миқёси низомҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ усулҳо ва тарзҳои гуногуни таҳияи консепсияи мониторинги онҳо ҷой дорад, аммо муқаррароти асосии он бояд ягона бошанд.
Мутобиқи консепсияи умумии ташаккули мониторинги идоракунӣ – мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз унсурҳои асосии зер иборат аст:
мақсад ва вазифаҳо;
принсипҳои баргузорӣ;
захираҳо ва воситаҳо барои гузаронидани мониторинг;
шахсони масъул барои ҷамъоварии иттилоот баҳри мониторинг;
марҳилаҳои асосии ҷамъкунии иттилоот ва муҳлати пешниҳоди он;
усулҳои асосии ҷамъкунии иттилоот;
намуди пешниҳоди маълумоти мониторинг;
роҳҳои паҳнгардонии иттилооти мониторинг.
Таҳти механизми ташкили мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳамкории дуҷонибаи таркибии зернизомҳо ва унсурҳои низом байни ҳамдигар ва мақомоти идоракунии сатҳҳои мухталиф дар заминаи меъёрҳо ва ниҳодҳои иҷтимоии мавҷуда фаҳмида мешавад. Вай бояд маҷмуи амалҳои зеринро иҷро намояд:
таҳияи заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки низоми мониторинг ва ҳамкории онро бо дигар сохторҳо (сохторҳое, ки барои он ҳамчун пойгоҳи иттилоотӣ хизмат менамоянд) танзим менамояд;
фароҳамсозии сохтори ташкилии амалисозии низоми мониторинг;
муайянсозии низоми назорат ва нишондиҳандаҳои самаранокии мониторинг;
муайянсозии самтҳои асосии ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ доир ба ҷамъкунии маълумотҳои мониторинг;
ташкили низоми паҳнкунии иттилооти мониторинг;
ташкили низоми робитаи дуҷониба барои баҳодиҳии ҳолати низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ тибқи натиҷаҳои мониторинг.
Ташкили мониторинг бояд ба сохторҳо ва сарчашмаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ такя намояд. Аз як ҷониб - ин эҳтиёҷот ва талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки аз тарафи ниҳодҳои иҷтимоии мувофиқ ба вуҷуд меояд. Аз ҷониби дигар талаботи сохторҳои ҳукуматии тамоми зинаҳои идоракунӣ мебошад. Онҳо на танҳо меъёрҳои асосии мушоҳидаҳои мониторингӣ, балки назорати онҳоро низ амалӣ менамоянд.
Барои қабули қарор доир ба муаянсозии меъёрҳои мониторинг усулҳои таҳлилии натиҷаҳои мушоҳида, мутобиқати он ба талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ, ҷомеа ва низоми идоракунӣ ҳамчун замина хизмат менамояд.
Натиҷаҳои таҳлили мазкур имкон фароҳам месозанд, ки тадбирҳои махсус барои ташкили мониторинг амалӣ сохта шаванд. Аз ҷумла:
фароҳамсозии низоми меъёрӣ-ҳуқуқии мониторинг;
фароҳамсозии низоми ғункунӣ ва коркарди маълумоти мониторинг;
таъмини шароит баҳри амалкунии низоми мониторинг;
омодасозии кадрҳо барои ташкил, гузаронидан ва истифодаи натиҷаҳои мониторинг.
Дар натиҷа низоми ташаккулёфтаи мониторинг барои иттилоотонидани ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеа баҳри таҳия ва қабули қарорҳои идоракунӣ истифода карда мешавад.
Таҳияи консепсияи низоми мониторинг ҳалли проблемаҳои зеринро дар назар дорад:
муайянсозии объекти мушоҳида;
шарҳи иттилооти мониторинг;
муайянсозии предмети мониторинг, вобаста ба ҳолати гузаришии низоми идоракунии иқтисодиёт дар марҳилаҳои мухталиф;
интихоби технологияи гузаронидани мониторинг;
муайянсозии сарчашмаҳои боэътимоди ба даст овардани иттилоот;
интихоб ва истифодаи нишондиҳандаҳо дар раванди мониторинг.
Проблемаи асосии муайянсозии объектҳои мушоҳида дар низомҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо мушкилоти муқаррарсозии зернизом ва унсурҳое, ки хеле зич бо ҳам алоқаманданд, вобаста мебошад.
Ҳангоми коркарди тартиби мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳалли проблемаҳои муайянсозии объектҳои мушоҳида ҳам бо роҳи муқаррарсозии ҳадду ҳудуди худи низом ва ҳам таҳти таъсири объектҳои муҳити берунӣ сурат мегирад.
Проблемаи дуюм бо масъалаҳои шарҳи маълумотҳои мониторингии ба дастомада алоқаманд мебошад, ки ҳалли он шарти асосии омодасозии маълумот барои истифодаи самаранок мебошад. Дар баробари ин, шахсе, ки қарор қабул менамояд, бояд доимо имконияти истифодаи натиҷаҳои коркарднашудаи мониторингро дошта бошад.
Ҳалли проблемаи дигар - муайянсозии предмети мониторинг – аз ҳалли проблемаи қаблӣ вобастагӣ дорад ва хеле зич алоқаманд мебошад. Моҳияти проблемаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми ташкили мониторинг барои мақомоти роҳбарикунандаи низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ сатҳи заруриро муайян сохтан зарур аст.
Марҳилаи муҳим ҳангоми ташкили мониторинг проблемаи интихоби технологияи гузаронидани он, муайянсозии воситаҳо ва навъи интихоби маълумотҳо маҳсуб меёбад.
Масъалаи муҳимтарини дигар интихоби дурусти сарчашмаҳои иттилоот оид ба объект ва ҳодисаҳои тадқиқшаванда ба ҳисоб меравад ва бояд дар марҳилаи ташкили мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳалли худро ёбад.
Барои ташаккули низоми мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ самтҳои фаъолияти идоракуниро, ки мунтазам мушоҳида карда мешаванд, дуруст муайян сохтан зарур аст. Иттилооти ба дастомада баҳо дода шуда, таҳлил ва муқоиса карда мешаванд.
Ба ҳайси объекти мониторинг (соҳаи мониторинг)-и низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ унсурҳои таркибии муҳити дохилӣ ва берунӣ баромад мекунанд. Робитаҳои ба вуҷудорандаи низом бошад, имкон фароҳам месозанд, ки низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳамчун низоми кушодаи комил тавсиф карда шавад.
Барои он, ки низоми мониторинг самаранок фаъолият намояд, мақоми идоракунӣ масъалаи ҷамъкунӣ ва таҳлили иттилоотро бо мақсади ба низом даровардани кори худ ва низом дар маҷмуъ бояд баррасӣ намояд. Ба сатҳи баланди самаранокӣ он гоҳ ноил гардидан мумкин аст, ки агар мақомоти роҳбарикунанда вазъиятро дуруст дарк намояд ва дар қабули қарорҳои идоракунӣ масъулият дошта бошад.