1.1. Моҳият ва намудҳои проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа

Дар шароити муосир дар назарияи фаъолияти иҷтимоӣ ва як қатор илмҳои дигар таҳти проблемаҳои иҷтимоӣ пурра ё қисман қонеъ нагардидани талабот ва манфиатҳои шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва аҳли ҷомеа фаҳмида мешавад. Талаботи одамон гуногун буда, аз эҳтиёҷоти физиологӣ (эҳтиёҷот ба хӯрок, либос, манзил) то маънавӣ (эҳтиёҷот ба муошират, маълумот ва ғ.)-ро фаро мегирад. Проблемаҳои иҷтимоӣ вазифаҳои мушаххаси иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд, ки онҳо ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда тақозо менамоянд. Вазифаҳои мазкур бо масъалаҳои фаъолияти иҷтимоӣ хеле зич алоқаманд мебошанд. Бинобар ин, як қатор проблемаҳои иҷтимоиро ҷудо намудан мумкин аст, ки баҳри ҳалли онҳо фаъолияти иҷтимоӣ равона мегардад:

  • проблемаҳои инфиродӣ-шахсӣ, оилавӣ, проблемаҳо бо саломатии ҷисмонӣ ва психикӣ (маъюбӣ, калонсолӣ), танҳоӣ, ҷудошавии иҷтимоӣ, муҳити носолим дар оилаҳо, аз ҷумла шахсони гирифтори машрубот ва маводи мухаддир, проблемаҳои кӯдакон ва ҷавонон ҷиҳати дастрасӣ ба таҳсилот ва ғайраҳо;

  • проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ: бекорӣ, камбизоатӣ, афзоиши нафарони аз лиҳози иҷтимоӣ ҳимоянашуда;

  • проблемаҳои иҷтимоӣ-экологӣ: ифлосшавии муҳити зист, ки ба саломатӣ ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд;

  • проблемаҳои ҷудокунии иҷтимоӣ: ба табақаҳо ҷудокунӣ дар ҷомеа, тафовути зиёд дар байни даромади синфҳои гуногун, ки барои истисмор ва қаллобии иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам месозад;

  • проблемаҳои рафторӣ: рафтори номақбули шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷинояткорӣ, одат (вобастагӣ), радкунии меъёри иҷтимоӣ;

  • проблемаҳои бо аломатҳо ифодакунӣ ва моделсозии иҷтимоӣ: дарки ба ҳақиқат номувофиқи ҷаҳон, маънидодкунии ғалати арзишҳои иҷтимоӣ, дар натиҷа канда шудани робитаҳои иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани андешаҳои зиддигуманистӣ ва ғайрииҷтимоии тарзи ҳаёт;

  • проблемаҳои иттилоотӣ-иртиботӣ, ки аз масъалаҳои бо аломатҳо ифодакунӣ ва моделсозии иҷтимоӣ бармеоянд ва дар мушкилоти барпосозии робитаҳои иҷтимоӣ ифода мешаванд;

  • проблемаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ: сатҳи пасти фаъолнокии иҷтимоии аҳолӣ, шиддатгирии ноустувории муносибатҳо дар ҷомеа.

Барои фаҳмиши моҳият ва алоқамандии проблемаҳои мазкур онҳоро муфассалтар дида мебароем.

Гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ ва гузаронидани як қатор ислоҳот дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ хеле таъсирбахш буданд. Вазъиятро проблемаҳои сиёсӣ душвортар намуданд, аз ҷумла, сатҳи баланди коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайраҳо.

Ба қатори проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии муҳим инҳоро шомил намудан мумкин аст:

  • сатҳи пасти даромади аҳолӣ ва афзоиши нархҳо, аз ҷумла тарофаҳо ба хизматрасониҳои коммуналӣ, молҳои ниёзи аввал, зуҳуроти таваррум ва дар натиҷа зиёд шудани сатҳи камбизоатӣ. (Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри паст намудани сатҳи камбизоатӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд. Дар давраи аз соли 2000 то 2015 сатҳи камбизоатӣ аз 83% то 31% кам карда шуд. Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати 10 мамолики пешсаф доир ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар 15 соли охир шомил гардид)1.

  • бекорӣ;

  • афзоиши шумораи нафарони аз лиҳози иҷтимоӣ ҳимоянашуда;

  • сифати пасти хизматрасонии тиббӣ;

  • сатҳи пасти инкишофи иҷтимоии кӯдакон ва ҷавонон, номувофиқатии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат;

  • ҳолати қаноатманднакунандаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ;

  • шароити номусоид барои инкишофи илм ва бизнеси хурд, ташаббусҳо ва фаъолнокии аҳолӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ.

Проблемаҳои мазкур бо ҳам хеле зич алоқаманд мебошанд. Сатҳи инкишофи иқтисодиёти мамлакат барои ташаккули андешаҳои иҷтимоӣ-психологии манфӣ, аз ҷумла рӯҳафтодагӣ, сатҳи пасти фаъолнокии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин фазои афзурдаҳолӣ миёни ҷомеа замина мегузорад. Миёни аҳолӣ, аслан ҷавонон майл доир ба ҳалли қатъии проблемаҳои иҷтимоӣ, масалан муҳоҷират ба хориҷи кишвар тақвият пайдо мекунад. Зеро дар натиҷаи чунин зуҳурот кадрҳои баландихтисоси ҷавон мамлакатро тарк менамоянд ва дар натиҷа проблемаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ густариш меёбанд.

Решаи проблемаҳои мазкур инчунин дар менталитети ҷомеа нуҳуфтааст, зеро аҳолӣ қаблан дар низоми дигар, низоми иқтисодии шӯравӣ зиндагӣ мекард, дар шароити он пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ манъ буд. Одамон на танҳо фаъолнокии иқтисодии хешро зоҳир намекарданд, балки ба соҳикорон ва доираи бизнес назари манфӣ доштанд. Бинобар ин, он далеле, ки аз рӯи шохиси инкишофи иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати соли 2015 дар ҷаҳон ҷойи 95-умро ишғол менамояд2 ва аз рӯи озодии иқтисодӣ мавқеи 149-умро касб мекунад (2016)3 аҷоиб нест.

Ҳамин тавр, хулоса баровардан мумкин аст, ки ба пайдоиши проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи муосир сабабҳои объективӣ, ба монанди сиёсати давлатӣ доир ба рушди иқтисодиёт ва тақсимоти даромади миллӣ, дастрасии озод ба моликият, илм, тандурустӣ, мавҷуд набудани барномаҳои инкишофи комплексии сармояи инсонӣ ва ғайраҳо боис шуда метавонанд. Ба сабабҳои субъективӣ инҳо шомил шуда метавонанд: сатҳи пасти фарҳанги соҳибкорӣ ва ҳуқуқӣ, ғайрифаъол будани ҷомеа, гузоришҳои ғайри қобили қабул доир ба зуҳуроти ҳаёти иқтисодӣ ва ғайраҳо.

Дар ҳолате, ки дар тафаккури одамон талаботҳои дақиқ ва тасаввуроти амиқ ҷой надорад, нафарони алоҳида ҷомеаро фиребгару қаллоб карда метавонанд. Ҳизбҳои сиёсии гуногун идеологияи мухталифро истифода менамоянд: баъзеҳо ақидаи кӯҳнаро пеш мебаранд, дигарҳо арзишҳои демократии ғарбро пешбарӣ менамоянд, сеюмӣ ба эҳёи монархия тарғиб менамояд ё худ шиорҳои иғвоангези сиёсиро паҳн менамояд. Дар чунин шароит ҷомеа ба "интихобкунандагон" ва "қувваи кории арзон табдил меёбад". Вай аз нигоҳи сиёсӣ ноустувор мегардад. Дар баробари ин тақсимоти ҷомеа ба гурӯҳи одамон бо даромади калон ва шумораи зиёди аҳолӣ бо даромади паст табдил меёбад. Бешубҳа, ҷудокунӣ ба табақаҳои иҷтимоӣ ба зуҳуроти ногузир табдил меёбад ва он бояд ба беадолатии иҷтимоӣ мубаддал нагардад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ омили асосии пайдоиши муноқишаҳои шаҳрвандӣ мегардад. Қайд намудан зарур аст, айни замон дар Тоҷикистон баҳри рафъи чунин зуҳурот тадбирҳои судманд андешида шудааст.4

Зеро дар ҳолати акс поляризатсия ва маргинализатсия (аз даст додани мансубияти иҷтимоии одамон)-и иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Мавриди зикр аст, ки инкишофи чунин зуҳурот ҳанӯз дар давраи шӯравӣ, дар ҳолате, ки элитаи ҳизбии идоракунанда ва сайёрии амӯдӣ дар ҷомеа авҷ гирифт ва ба пастравии фаъолнокии иҷтимоӣ ва меҳнатӣ оварда расонид. Ба ҳайси меъёрҳои асосии ба гурӯҳҳо ҷудосозӣ дар ҷомеа моликият ва сатҳи даромад баромад менамуданд. Маҳз аз рӯи меъёри таъминоти моддӣ дар даҳсолаи охир тақсимоти ҷомеа ба вуқуъ пайваст ва чунин табақаҳо ба монанди “камбағалони нав” ба вуҷуд омаданд. "Камбағалони нав" соҳиби манзил буда, дастрасии ҳадди ақал ба таҳсил ва тибро доранд. Сарчашмаи даромади онҳо ноустувор мебошад. Дар натиҷа омили мазкур шиддатгирии гаронии иҷтимоиро зиёд намуда метавонад. Қисме аз онҳо пардохтҳои иҷтимоӣ мегиранд. Қисми дигар имтиёзҳои мазкурро соҳиб нест. Ҳамин тавр, проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ ба проблемаҳои шахсӣ табдил меёбанд.

Натиҷаи пайдо накардани роҳи ҳалли проблемаҳо ва депрессия, махсусан миёни ҷавонон рафтори инкоркунӣ ва пайдошавии вобастагиҳо, инчунин нодида гирифтани арзишҳои моддии анъанавӣ дар шуур буда метавонад. Хилофи қоида будани зуҳуроти нисбатан паҳшудаи иҷтимоӣ ҳолатҳои муноқишавии волидайн ва кӯдакон, мавҷуд набудани ҷойи кори доимӣ, робитаҳои дӯстӣ ва барпо накардани оила мебошанд. Дар марҳилаҳои минбаъда ба вайроншавии меъёрҳои иҷтимоӣ ва функсияҳои психикӣ оварда мерасонад.

Таҳқиқоте, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи “Бартарафсозии зӯроварии оилавӣ (PDV)” гузаронида шуда буд, ба саволи “Сабабҳои асосӣ ва паҳнгардидаи вайроншавии оилаҳо кадомҳоянд” чунин посухҳо гирд оварда шуданд: бекорӣ, муҳоҷират, хонадоршавии бармаҳал (тарбияи нодуруст, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ)5.

Воситаҳои муосири ахбори оммаи шоу-бизнес ба сифати воситаҳои тиҷоратии тарғиби бефарҳангӣ ва бадахлоқӣ баромад мекунанд: Зеро онҳо тарзи сабук ва бошукӯҳи пешбурди ҳаётро тарғиб намуда, проблемаҳои иҷтимоӣ ва моделсозии иҷтимоиро боз ҳам зиёдтар менамоянд.

Дар ин замина проблемаҳои иттилоотӣ-иртиботии иҷтимоӣ инкишоф меёбанд: одамон аз ҳам ҷудо мегарданд, аз ҷомеа ва табиат дур мешаванд, ки дар ниҳоят проблемаҳои иҷтимоӣ-экологӣ низ густариш меёбанд. Ҳатто воситаҳои манфиатбахши коммуникативӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет бо дарназардошти аз байн рафтани малакаи муоширати воқеӣ бо одамон ба воситаи навбатии бегонасозӣ ва ҷудосозии иҷтимоӣ табдил меёбад.

Ҳамин тавр, тибқи мониторинги коршиносон дар соли 2017 аз шумораи умумии аҳолии сайёраи Замин 3,2 млрд. нафарро ташкил медиҳад Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15% аҳолӣ дастрасӣ ба Интернет дорад, ки дар ҷаҳон мавқеи 155-умро ишғол менамояд6. Рағбати чунин ҷомеа дар заминаи ташаккули хусумати иқтисодӣ, сиёсӣ, этникӣ, динӣ ва ғайраҳо ба самтҳои гуногун равона шуда метавонад. Бинобар ин, чунин зуҳуротро ба ҳар роҳу восита пешгирӣ намудан лозим аст.

Ҳамин тавр, мо проблемаҳои иҷтимоиеро, ки бо муносибатҳои ҷамъиятӣ ва коммуникатсияҳо алоқаманданд, дида метавонем. Онҳо дар ниҳоят ҳамон проблемаҳои ғайримутобиқшавӣ ва ҷудошавӣ мебошанд, аммо бо сабабҳои хислаташон андаке дигар ба вуҷуд омадаанд. Бо ин ё он сабаб онҳо новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва сатҳи ҳимояи иҷтимоӣ хоси тамоми одамон буда метавонанд.

Дар интиҳои зербоби мазкур қайд намудан зарур аст, ки чунин проблемаҳои иҷтимоӣ, ба монанди қонеъ набудани талаботи шахсони алоҳида ё гурӯҳи одамон барои тамоми ҷомеаҳо хос мебошад ва бо якдигар хеле зич алоқаманд мебошанд. Аммо дар он ҷомеае, ки вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ устувор аст, дараҷаи қонеъсозии талаботи асосии одамон баланд аст. Моҳиятан дар чунин ҷомеа аксар проблемаҳои иҷтимоӣ ҷой надоранд ё баръало эҳсос намегарданд.

Ҳамин тавр, тибқи таҳқиқоти сотсиологӣ Дания дар яке аз ҷойҳои намоён қарор дорад. Дар ин мамлакат ҳаёт ба сар бурдан хеле гарон аст, аммо сатҳи даромади аҳолӣ муносиб мебошад. Дар ин мамлакат нигоҳдории манзил гарон аст, аммо музди кори баланд онро рупӯш менамояд. Шветсия низ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Мамлакати мазкур на аз ҳама бойтарин маҳсуб меёбад, аммо яке аз мамлакатҳои устувор мебошад. Аҳолии ин мамлакат ба давлат барои пайваста такмил додани барномаҳои иҷтимоии самарабахш баҳои баланд медиҳад. Омори нафарони шуғлдошта 73%-ро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.7


Last modified: Wednesday, 15 November 2017, 2:25 PM