Кейсҳо
«Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба вазъи оилавӣ»
Усули мазкур барои гирифтани дониш доир ба он фанҳое, ки ҳақиқат дар онҳо якчанд роҳи ҳал дорад, таъин гардидааст. Яъне ба саволи гузошташуда ҷавоби ягона ҷой надорад, аммо якчанд ҷавобҳо мавҷуданд ва аз рӯи дараҷаи ҳақиқат бо ҳам рақобат мекунанд. Вазифаҳои тадрис дар ин маврид аз тарзи классикӣ тафовут доранд ва барои ба даст овардани якчанд ҳақиқат, на ягона равона гардидаанд.
Айни замон чунин ҳолат ҷой дорад:
Вазъияти оилавӣ чунин аст:
Шавҳар – Саттор, 43 сола.
Зан – Марям, 38 сола
Духтар – Ситора, 18 сола
Духатр – Зарина, 16сола
Писар – Раҳмон, 14 сола
Писар– Юсуф, 12сола
Саттор, сарвари оила 3 сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Духтари ӯ баъд аз хатми мактаб бояд бояд қарор қабул намояд. Дар ин маврид се вариант ҷой дорад:
1. Дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аммо барои таҳсил пардохт намудан лозим аст.
2. Ба ҳайси тоҷир дар бозор кор кардан.
3. Оиладоршавӣ, бо дархости хешовандони дур аз деҳот.
Ҳолати зеринро дида мебароем. Айни замон Саттор - сарвари оила, ки дар Федератсияи Россия қарор дорад, нисбат ба ҷойи кор таъмин шудан, мушкилӣ дорад. Бинобар ин, ба оилаи хеш маблағ фиристода наметавонад. Аз ин лиҳоз, оилаи ӯ аз нигоҳи моддӣ танқисӣ мекашад.
Вазифаи корманди иҷтимоӣ таҳлил намудани вазъияти ба амаломада ва ба оила баҳри ҳалли проблема кӯмак расонидан мебошад.
Дар ин маврид воситаҳоеро муайян намудан зарур аст, ки барои татбиқи донишҳои назариявӣ баҳри ҳалли масъалаҳои амалӣ имкон фароҳам созанд. Бинобар ин, корманди иҷтимоӣ бояд мустақилона андешаронӣ намояд, сабру тоқати шунидан ва ба инобат гирифтани вариантҳои интихобиро дошта бошад. Инчунин дар баробари ин андешаи худро иброз карда тавонад. Ҳамин тавр, дар ин раванд, қоидаҳори зеринро риоя намудан зарур аст.
1. Мавҷудияти модели низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар лаҳзаи номуттасили вақт баррасӣ мегардад.
2. Қабули коллективии қарорҳо.
3. Вариантҳои зиёди қабули қарорҳо; мавҷуд набудани роҳия ягонаи ҳалли проблемаҳо.
4. Мақсади ягона ҳангоми интихоби роҳи проблемаҳо.
5. Мавҷудияти низоми баҳодиҳии гурӯҳии фаъолият.
6. Мавҷудияти ҷидду ҷаҳди муассири идорашавандаи таълимгирандагон.
Вобаста ба вазъи оилавии бавуҷудомада корманди иҷтимоиро зарур аст, ки маҷмуи вариантҳои қарорҳоро баҳри ҳалли ҳолати мазкур муайян созад.
Барои ин зарур аст, ки бо роҳи пурсиш андешаи тамоми аъзои оиларо доир ба ҳалли проблема муайян кунад. Баъдан, дар асоси ҷавобҳои ба дастомада ба оила якчанд роҳҳои баромад аз вазъи ҳаётиро пешниҳод намояд.
Дар ин ҳолат ба гурӯҳи таълимгирандагон пешниҳод намудан мумкин аст, ки номгӯи саволҳоро тартиб диҳанд. Саволҳо бояд вазъи мазкурро фаро гиранд.
Баъдар дар гурӯҳ муҳокимаи саволҳо сурат мегирад. Аз рӯи натиҷаҳои муҳокима қарори муштарак қабул карда мешавад.
Последнее изменение: Среда, 15 ноября 2017, 14:59