1.3. Принсипҳо ва марҳилаҳои мониторинги барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ
Мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодиро он тавре бояд амалӣ намуд, ки чунин функсияҳои асосиро иҷро намояд:
мушоҳидаи ҳолати низом бо татбиқи нишондиҳанда (меъёр)-ҳои муқарраршуда;
муайянсозии сатҳи фарқияти маълумоти ба дастомада аз нақшавӣ;
гузаронидани ташхиси низом бо мақсади муайянсозии ҳолати он ва сабабҳои пайдоиши проблемаҳо дар низоми идоракунӣ;
таъмини иттилоотии раванди қабули қарорҳои идоракунии фаврӣ доир ба муътадилсозии фаъолияти низом тибқи ҳадафҳои стратегии муайяншуда ва нишондиҳандаҳои нақшавӣ;
таъмини раванди амалисозии тасҳеҳи мунтазами мақсадҳо, аз ҷумла мақсадҳои стратегӣ ва нишондиҳандаҳои инкишофи низом дар ҳолати зарурӣ.
Ҳангоми гузаронидани мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба инобат гирифтан зарур аст, ки мақсади асосии он муайясозии тағйиротҳои ба вуҷудомада мебошад. Мониторинг бояд баҳри фароҳамсозии пойгоҳи иттилоотии идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ гузаронида шавад.
Аз мақсадҳои гузошташуда бармеояд, ки балоиҳагирии мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ бояд зарурати иҷроиши вазифаҳои зеринро дар назар дошта бошад:
баҳодиҳии иқтидори тамоми ҷанбаҳои амалкунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
ҷамъкунии маълумот барои таҳлили комили ҳолати тамоми низом ва зирнизомҳо;
мукаммалсозии пойгоҳи иттилоотӣ барои таҳлили тамоми ҷанбаҳои амалкунии низом;
муайянсозии захираҳои мавҷуда барои инкишофи низом;
муайянсозии тамоюли инкишофи низом;
ташкили пойгоҳи маълумотҳо барои пешгӯикунии инкишофи низом;
мукаммалсозии идоракунии раванди амалкунии низом.
Ҳисоботи мониторинг дар намуди намуна (шакл)-ҳои стандартӣ ба расмият дароварда мешавад ва бояд маълумоти зеринро фаро гирад:
қиммати воқеии нишондиҳандаҳои ба дастомада дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешбинишуда;
фарқияти қиммати нишондиҳандаи ба дастомада аз нишондиҳандаи пешбинишуда;
муайянсозии фарқият ва мансуб намудани он ба қимматҳои муътадил, ҳудудӣ ва паст;
муайянсозии сабабҳои фарқият дар маҷмуъ ва доир ба унсурҳои алоҳидаи он бо роҳи таҳлил, ки алгоритми он бояд дақиқ муайян бошад;
муайянсозии шахсоне, ки доир ба ҳар як нишондиҳанда масъуланд;
шарҳи шахсони масъул оид ба сабабҳои фарқият ва пайдоиши тамоюлҳои манфӣ.
Механизми мониторинг марҳилаҳои пайдарпайи муайяни ташкил ва гузаронидани онро дар бар мегирад, ки дар расми зерин оварда шудааст (расми 1.).
Ҳангоми риояи пайдарҳамии марҳилаҳо, мониторинг имкон фароҳам месозад, ҳолати умумии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ баҳо дода шавад ва хусусиятҳои он (манфӣ ё мусбӣ) ошкор гардад.
Дар ҳар як марҳилаи амалисозии мониторинг зарур аст, ки маҷмуи амалҳое анҷом дода шаванд, ки натиҷаи мониторинг самарбахш бошад ва ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти роҳбарикунанда кумак расонад.
Пайдарпаии амалҳо баҳри ташкили низоми мониторинги идоракунӣ омили муҳим маҳсуб меёбад, зеро имкон фароҳам месозад, ки муҳимияти ҳар як марҳила ба инобат гирифта шавад. Дар ҳолати фаромӯш шудани якчанд ё яке аз унсурҳои таркибии раванди мазкур маълумоти муҳимро аз даст додан мумкин аст, ки дар ниҳоят натиҷаи мониторинг ғайрисамарабахш мегардад.
Ҳангоми таҳияи механизми ташкили мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба инобат гирифтан зарур аст, ки вай бояд воситаи муайянсозии ҳолати объектҳо, ҳодисаҳо ва проблемаҳо бошад. Ҳолати объектҳо, ҳодисаҳо ва проблемаҳоро дар муддати муайяни вақт мушоҳида намуда, бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ баҳо додан мумкин аст.
Ташкили мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ муайянсозии сарчашмаҳои маълумотҳоро барои гузаронидани он дар бар мегирад. Онҳо унсурҳои таркибии дохилӣ ва беруниеро, ки ба зернизомҳои асосии идоракунӣ ворид мешаванд, муттаҳид месозад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, эконологӣ ва маркетингӣ.
Дар зернизоми идоракунӣ коркарди маълумотҳои ба дастомада сурат мегирад, ки дар натиҷаи он ё қарори идоракунӣ қабул карда мешавад ё талабот ба иттилоот муайян сохта мешавад. Дар ҳолати муайян сохтани норасоии маълумот барои ба даст овардани иттилооти иловагӣ ё тасҳеҳи раванди ҷамъкунии он дархост пешниҳод менамоянд.
Барои тавсифи иттилоотии раванди амалкунӣ ва инкишофи низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ он усуле заминаи асосиро ташкил менамояд, ки ҷудокунии фазои дохилӣ ва беруниро дар бар мегирад. Дар чорчӯбаи назарияи системавӣ-интегратсионӣ дар фазои дохилии низом ҳафт зернизоми таркибиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Зернизоми менталӣ тавсифи фикрронии шахсони алоҳида, хусусиятҳои дарк ва шарҳи иттилоот, якхелагии рафторҳо, қобилияти ташхиси ҳолат ва ғайраҳо инъикос менамояд.
Зернизоми фарҳангӣ - баҳодиҳии муҳимият ва аҳамияти иттилооти дохилӣ ва фарҳанги ташкилиро тавсиф менамояд.
Зернизоми институтсионалӣ – ин маҷмуи микроинститутҳои бо ҳам алоқаманд, яъне меъёрҳо, қоидаҳо ва анъанаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ мебошад.
Зернизоми когнитивӣ дар худ механизмҳо, фаҳмиш ва маҳсулоти онҳоро дар бар мегирад.
Дар чорчӯбаи зернизоми технологӣ истеҳсоли бевоситаи молу хизматрасониҳо амалӣ карда мешавад.
Зернизоми рафторӣ намунаи рафтори низомҳои дигарро дар бар гирифта, ҳамчун инъикоси муҳити беруна ба муҳити дохилии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ муайян карда мешавад. Зернизом таҷрибаи амалкунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодиро ифода менамояд.
Моҳиятан муҳити беруна низ ба сохторҳои таркибӣ ҷудо карда мешавад. Хусусиятҳои менталӣ ва фарҳангии аҳолии мамлакат, низоми институтсионалии мамлакат, генотипи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ва низоми ба он мувофиқи ташаккул ва паҳнгардонии дониш, сарвати миллӣ, инчунин таҷрибаи таърихии мамлакатро фарқ мекунанд. Ҳар яке аз зернизомҳои мазкур дар раванди амалкунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ на танҳо бо зернизомҳои дигари муҳити дохилӣ, инчунин бо зернизомҳои номҳояшон якхелаи муҳити беруна ҳамкорӣ менамоянд.
Дар сатҳи консептуалӣ дар раванди идоракунии инкишофи низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ мониторинги зернизомҳо амалӣ карда мешавад.
Инкишофи низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба пайдоиши нишондиҳандаҳо ва унсурҳои нав, робитаҳо ё зернизомҳо мусоидат менамояд, инчунин проблемаҳои навро дар низоми идоракунӣ ба вуҷуд меорад. Дақиқ муайян сохтани проблемаҳо имкон фароҳам месозад, ки чорчӯбаи объекти мониторинг муайян карда шавад. Дар марҳилаҳои минбаъда тавсифи объектро (ҳодиса ё раванд) барои муайянсозии моҳияти нишондиҳандаҳо ва даврияти мушоҳидаи онҳо амалӣ месозанд. Дар раванди татбиқи маълумоти мониторинг дар раванди идоракунӣ таҳлили истифодаи онҳоро мегузаронанд. Дар ҳолати ошкор сохтани норасоии иттилоот барои қабули қарорҳои идоракунӣ раванд бо тартиби зайл такрор меёбад: тавсифи объект, муайян намудани нишондиҳандаҳои нав, таҳлил ва татбиқ.
Аммо бояд қайд намуд, ки мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар дар натиҷаи коркардҳои илмӣ гузаронида шудааст, татбиқи натиҷаи он қатъӣ набуда, пайваста бо дарназардошти вазифаҳои нави дар низоми идоракунӣ ҷойдошта ислоҳ ва тасҳеҳ карда мешавад.
Барои баҳодиҳии сатҳу сифати низоми идоракунӣ тавассути мониторинг номгӯи нишондиҳандаҳоро интихоб намудан зарур аст, ки онҳо ба мақсадҳои зерин нигаронида шудаанд:
тавсиф намудани мувофиқати натиҷаҳои мониторинг бо таъиноти онҳо ва ҳадафҳои баргузорӣ;
аҳамият ва дақиқияти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
тавсиф намудани сатҳи нишондиҳандаҳои мониторинг ва имконияти истифодаи онҳо барои баҳодиҳии натиҷаҳои амалкунии низом;
фароҳам сохтани имконият барои назорат ва баҳодиҳии натиҷаҳо ва самаранокии ҳолати низом.
Ҳамин тавр, ҳангоми ташкили низоми мониторинги идоракунии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ таҳия ва асосноккунии унсурҳои асосии зер зарур мебошад:
мақсадҳо, вазифаҳо ва принсипҳои ташкили мониторинг;
муайянсозӣ ва асосноккунии самтҳои асосии мониторинг, ки барои таҳияи номгӯи нишондиҳандаҳо ҳамчун асос хизмат менамоянд;
омода сохтани низоми таъминоти технологии гузаронидани мониторинг;
таҳияи механизми ташкилии амалисозии мониторинг дар тамоми зинаҳои идоракунӣ.
Ҳамин тавр, мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳамчун низоми комили мушоҳида, таҳлил ва ташхиси равандҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳангоми таҳия, қабул ва назорати қарорҳо дар сохторҳои идоракунии хоҷагӣ, ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия ҳамчун звенои зарурӣ баромад мекунад. Вазифаҳои асосии он муайянсозӣ, гузаронидани таҳлили омилӣ ва ташхиси равандҳое мебошад, ки ба баҳодиҳии объективӣ ва комплексии ҳолати низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ, огоҳкунии инкишофи номувозини он мебошад.
Таъминоти иқтисодӣ-математикии мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ таҳия ва мутобиқсозии воситаи махсуси моделсозиро тақозо менамояд, ки ба вазифаҳои он мувофиқ аст ва ба сифати усули умумии андозагирӣ, таҳлил ва танзими низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ баромад мекунад. Аз ҷумла, бояд методологияи таҳияи моделҳои иқтисодӣ-оморӣ бо тағйирёбандаҳои экзогенӣ ва эндогенӣ таҳия карда шавад, инчунин усулҳои баҳисобгирии муштараки маълумоти миқдорӣ ва сифатӣ муайян карда шаванд. Таъминоти иқтисодӣ-математикии мониторинги низоми иҷтимоӣ-иқтисодиро дар намуди низомҳои экспертӣ барои зинаҳои гуногуни идоракунӣ амалӣ намудан зарур аст.
Маводи таълимӣ-методии пешниҳодшуда оид ба гузаронидани мониторинги низомҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, зарурати қатъии таҳқиқотро дар механизмҳо, сохторҳои ташкилӣ ва таҷрибаи фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ нишон медиҳад.
Дар ин маврид афзоиши имконпазири дастгоҳи бюрократӣ, сатҳи баланди тафриқаи фаъолияти он, шахшавӣ, ҳиссиёти паст нисбат ба равандҳои динамикӣ ва мухолифи ҳаёти муосир ва ғайраҳоро ба инобат гирифтан зарур аст.
Дар ҳолати ҷой доштани чунин проблемаҳо, ҳал накардани на танҳо проблемаҳои душвар, балки проблемаҳои оддии ҳаётӣ боварии аҳолиро ба ҳокимияти давлатӣ паст мегардад, обруву нуфӯзи хизматчиёни давлатӣ паст мешавад.