6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи хоҷагии ҷаҳонӣ

         Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи хоҷагии ҷаҳонӣ аз раванди интернеткунонӣ қафо намемонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба масъалаи татбиқи интернет технологияҳо дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маориф диққати махсус зоҳир менамояд1. Зина ба зина раванди мазкур фаъол мегардад, зеро заминаҳои асосӣ барои ин мавҷуданд (ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ).

Баъзе ҳолатҳо санадҳо ба таври гуноугн қабул карда мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо саросемавор сурат мегиранд (аз рӯи принсипи «кӣ аввал»). Вобаста ба ин дар баъзе ҳолатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, қабул карда мешаванд, ки баръакс ҳолатро мураккаб мегардонанд ва ҳимояи иштирокчиёни раванди иттилоотӣ мусоидат намекунанд. Ғайр аз ин, чунин таҷрибае ҷой дорад, ки мамолики рӯ ба инкишоф аз паси мамлакатҳои мутараққӣ чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул менамоянд. Аммо на ҳамеша чунин таҷриба муваффақ аст, баръакс барои мамлакате, ки чунин санадҳоро бе дарназардошти хусусиятҳои иқтисодиёт қабул менамояд, ғайрисамаранок ё ғайри қобили қабул буда метавонад.

Масалан қонунҳои Чин дар соҳаи Интернет барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул буда наметавонанд, зеро иқтидори онҳо бо мо муқоисашаванда нест. Қонунҳои онҳо ба манфиатҳои худашон равона гардидааст. Омӯзиши таҷрибаи мамолики дигар ва қабули қарори мувофиқ барои татбиқи баъзе унсурҳои муносиб барои иқтисодиёт масъалаи комилан дигар аст. Дар баъзе ҳолатҳо чунин таҷриба низ қобили қабул нест, ки дар аксар маврид ба низоми қонунгузорӣ халал ворид месозад.

Барои ҳалли масъалаҳои мазкур, саъю кӯшиши мутахассисон доир ба омӯзиш ва ҳалли ҳамаҷонибаи проблема, инчунин таҳияи пешниҳодоти мушаххас барои инкишофи пойгоҳи қонунгузорӣ зарур мебошад.

1 Об этом свидетельствует: активизация работы Совета ИКТ под руководством Президента Республики Таджикистан в 2011 году; Послание Президента РТ в Маджлиси Оли РТ; Постановление Правительства РТ об утверждении Порядка единых требований для сайтов и локально-вычислительных сетей государственных органов управления от 1 апреля 2011 года.