6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
Қадами дигар дар ин самт қабули консепсияи инкишофи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 ба шумор меравад. Ҳадафи қабули консепсияи мазкур татбиқи як қатор барномаҳо ва стратегияҳо дар соҳаи ТИК дар ҶТ ба шумор меравад, ки онҳо чунинанд: Стратегияи давлатии «Технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри 2003, № 1174 тасдиқ гардидааст, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи ТИК дар ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 468 тасдиқ шудааст, Концепсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ, ки бо қарори Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели 2008, № 451 тасдиқ гардидаст ва Стратегияи ислоҳоти низоми идоракунии давлати ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 15 марта 2006, № 1713 тасдиқ гардидааст.
Хусусиятҳои истифодаи ҳукумати электронӣ барои мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон чунинанд:
1. Пешниҳоди хизматрасониҳо тариқи интернет, ки барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо муносиб аст;
2. Ворид намудани ҳукумати электронӣ метавонад нобаробарии иттилоотиро дар ҷомеа нест кунад. Зеро тавлат бо истифода аз т ехнологияи нав дастрасии иттлоотро барои тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин менамояд ва истифодабарии технологияи компютериро ба онҳо меомӯзонад.
4. Ба воситаи қабули ҳукумати электронӣ давлат метаонад барои рушди иқтисодиёти худ замина фароҳам созад. Зеро давлат бо таъсиси инфрасохтори зарурӣ, шабакаи мубодилаи иттилоотбаиштирокчиёни бозор имкон медиҳад, ки самаранок фаъолият намоянд, барои ёфтани шарикон, фуруши моли худ, баромадан ба бозорҳои берунаимконият пайдо намоянд. Дар натиҷа сатҳи касбомӯзии онҳо баланд мегардад..
5.Давлат бо таъсиси ҳукумати электронӣ муносибатҳояшро бо шаҳрвандон устувор мегардонад. Дар натиҷа шаҳрвандон бо дарки ѓамхори давлат боварии худро нигоҳ медоранд.
6. хусуситяи хоси ТИК дар он зуҳур меёбад, ки дар раванди истифодабарии он аз тарафи истифодабарандагон онҳо водор мегарданд, ки мунтазам ба омӯзиш машѓул бошанд. Аз ин рӯ бо ворид намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ давлат аҳолиро оид ба доимо такмил додани сатҳи донишашон ҳавасманд мегардонад.
7. Ҳукумати электронӣ барои таъсиси шаклҳои гуногуни идоракунӣ замина меорад, ки дар он иштироки фаъоли шаҳрвандон дар назар гирифта шудааст, ки он хавфи пайдоиши масъалаҳои сиёсиро кам мегардонад. Барои мисол бо гузаронидани пурсишномаҳо тариқи интернет, мақомоти давлати метавонанд фикри шаҳрвандонашонро фаҳманд, камбудиҳои фаъолияти худро эҳсосо намоянд, сари вақт хатарҳои гуногунро дарк намуда доимо бо шаҳрвандонашон дар алоқа бошанд.
8. Дар натиҷаи истифодаи ҳукумати электронӣ давлат метмвонад қонунгузориҳое,ро қабул намоят, қи манфиатҳои шаҳрвандонро иъикос намояд.
Дар асри 21 яке аз дастоваррдҳои муҳими замони мо – Интернет ба шцмор меравад, ки диққати муттахассисани зиёд махсусан ҳуқукшиносонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамарӯза ба масъалаҳое имрӯз рӯбарӯ шудан мумкин аст, ки роҳҳои самаранок истифода намудани захираҳои иттилоотиро тариқи интернет ё ташакули захираҳои нави иттилоотиро дар назар дорад.