6.2. Консепсияи сиёсати иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати давлатии иттилоотӣ маҷмӯи масъалаҳоро оид ба фаъолияти васоити ахбори умум, унсурҳои ҳифзи ҳуқуқҳои щаҳрвандон ва ташкилотҳо барои дастраси ба иттилоот, ки мувофиқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст дар бар мегирад.

Сиёсати иттилоотии давлат маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ташкилро дарбар мегирад, ки барои таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот равона карда шудааст. Дар он мароқҳои шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ ба инобат гирифта шудааст.

Миқдор, сифат ва дастрасии захираҳои иттилоотӣ дар тамоми дунё сатҳи тараққиёти давлатро ифода намуда мавқеи онро дар хоҷагии ҷаҳонӣ, муқаррар месозад ва нақши ҳалкунандаро дар рушди ҷомеа мебозад.

Аз ҳамин лиҳоз самтҳои стратегии сиёсати иттилоотии давлат чунинанд:

  1. созмондиҳӣ, рушд ва таъмини бехатарии захираҳои иттилоотии давлатӣ;

  2. ташаккул, нигоҳдорӣ ва баландбардории нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи самаранок истифода намудани технологияҳои иттилоотӣ;

  3. ҳифзи манфиатҳои иттилотии давлат, таъмини бехатарии иттилоотӣ, ҳимоя аз таҳдидҳои байналмилалӣ ва бартарафсозии онҳо;

  4. воридшавӣба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Последнее изменение: Среда, 22 ноября 2017, 14:23