6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ

Сайт: Сайт "Открытых образовательных ресурсов"
Курс: Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ
Книга: 6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
Напечатано:: Гость
Дата: Воскресенье, 24 ноября 2024, 02:37

Оглавление

3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ

Қадами дигар дар ин самт қабули консепсияи инкишофи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 ба шумор меравад. Ҳадафи қабули консепсияи мазкур татбиқи як қатор барномаҳо ва стратегияҳо дар соҳаи ТИК дар ҶТ ба шумор меравад, ки онҳо чунинанд: Стратегияи давлатии «Технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри 2003, № 1174 тасдиқ гардидааст, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи ТИК дар ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 468 тасдиқ шудааст, Концепсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ, ки бо қарори Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели 2008, № 451 тасдиқ гардидаст ва Стратегияи ислоҳоти низоми идоракунии давлати ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 15 марта 2006, № 1713 тасдиқ гардидааст.

Хусусиятҳои истифодаи ҳукумати электронӣ барои мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон чунинанд:

1. Пешниҳоди хизматрасониҳо тариқи интернет, ки барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо муносиб аст;

2. Ворид намудани ҳукумати электронӣ метавонад нобаробарии иттилоотиро дар ҷомеа нест кунад. Зеро тавлат бо истифода аз т ехнологияи нав дастрасии иттлоотро барои тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин менамояд ва истифодабарии технологияи компютериро ба онҳо меомӯзонад.

4. Ба воситаи қабули ҳукумати электронӣ давлат метаонад барои рушди иқтисодиёти худ замина фароҳам созад. Зеро давлат бо таъсиси инфрасохтори зарурӣ, шабакаи мубодилаи иттилоотбаиштирокчиёни бозор имкон медиҳад, ки самаранок фаъолият намоянд, барои ёфтани шарикон, фуруши моли худ, баромадан ба бозорҳои берунаимконият пайдо намоянд. Дар натиҷа сатҳи касбомӯзии онҳо баланд мегардад..

5.Давлат бо таъсиси ҳукумати электронӣ муносибатҳояшро бо шаҳрвандон устувор мегардонад. Дар натиҷа шаҳрвандон бо дарки ѓамхори давлат боварии худро нигоҳ медоранд.

6. хусуситяи хоси ТИК дар он зуҳур меёбад, ки дар раванди истифодабарии он аз тарафи истифодабарандагон онҳо водор мегарданд, ки мунтазам ба омӯзиш машѓул бошанд. Аз ин рӯ бо ворид намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ давлат аҳолиро оид ба доимо такмил додани сатҳи донишашон ҳавасманд мегардонад.

7. Ҳукумати электронӣ барои таъсиси шаклҳои гуногуни идоракунӣ замина меорад, ки дар он иштироки фаъоли шаҳрвандон дар назар гирифта шудааст, ки он хавфи пайдоиши масъалаҳои сиёсиро кам мегардонад. Барои мисол бо гузаронидани пурсишномаҳо тариқи интернет, мақомоти давлати метавонанд фикри шаҳрвандонашонро фаҳманд, камбудиҳои фаъолияти худро эҳсосо намоянд, сари вақт хатарҳои гуногунро дарк намуда доимо бо шаҳрвандонашон дар алоқа бошанд.

8.    Дар натиҷаи истифодаи ҳукумати электронӣ давлат метмвонад қонунгузориҳое,ро қабул намоят, қи манфиатҳои шаҳрвандонро иъикос намояд.

Дар асри 21 яке аз дастоваррдҳои муҳими замони мо – Интернет ба шцмор меравад, ки диққати муттахассисани зиёд махсусан ҳуқукшиносонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамарӯза ба масъалаҳое имрӯз рӯбарӯ шудан мумкин аст, ки роҳҳои самаранок истифода намудани захираҳои иттилоотиро тариқи интернет ё ташакули захираҳои нави иттилоотиро дар назар дорад.


Сомонаҳои расмии мақомоти давлатии ҶТ

Сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (Парлумон) Ҷумҳурии Тоҷикистан.

Дар сомона дар бораи сохтори Парлумон, кумитаҳо, комиссияҳо, ҳизбҳо, фраксияҳо ва таърихи Маҷлиси Намояндагон маълумот пайдо намудан мумкин аст. Инчунин дар сомона иттилоот оид ба маҷлисҳои гузаронидашуда мавҷуд аст. Мутаасифона, иттоллот дар зербобҳо: китобхона ва муносибатҳои байналмилалӣ дастнорас аст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Президенти ҶТ

Сомонае аст, ки пайваста бо иттилооти нав пур карда мешавад ва дар он иттилооти пурра дар бораи фаъолияти Президенти мамлакат ҷойгир карда шудааст: Фармонҳо ва қарорҳо, паёмҳо, вохуриҳо, инчунин иттилооти муфиди дигар. Сомона функсияи робитаи дуҷонибаро дорад, яъне Шумо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда метавонед. Мутаасифона, гарчанде сомона дорои чунин фаслҳо ба монанди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аммо дар онҷо танҳо иттилооти умумӣ оварда шудааст, ки барои гирифтани иттилооти зарурӣ оид ба сохторҳои ҳукуматӣ нокифоя аст.


Сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Дар сомона дар бораи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилооти муфидро пайдо намудан мумкин аст: ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, стратегия ва нақшаи корӣ, иттилоот оид ба созмонҳои шарик. Таввасути сомона имкон доред, ки ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо саволҳо муроҷиат намоед. Ба наздикӣ дар назар аст, ки дар сомона китобхонаи электронӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба кор шуруъ намояд. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ

Дар сомона дар бораи ҳолати Марказ, қонунҳои қабулгардида (аммо, мутаасифона номгӯи нопурра), инчунин консепсияҳо ва барномаҳо иттилоот пайдо намудан мумкин аст. Дар сомона иттилоот дар бораи фаъолияти Марказ, аз ҷумла иштирок дар вохӯриҳои гуногуни миллӣ, байналмилалӣ ва минтақавӣ дастрас аст.

Сомона дорои функсияи робитаи дуҷониба аст, ки онҷо эродҳо ва пешниҳодҳои худро доир ба такмили қонунгузории мамлакат ирсол карда метавонед. Мутаасифона, дар сомона иттилоот оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд нест. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Сомона дар бар мегирад: самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои фаъолияти Агентӣ, иттилоот оид ба роҳбарият, аз ҷумла пойгоҳи ҳуқуқии агентӣ, таърихи кор ва таҳлили фаъолият, инчунин масоили ҳамкорӣ ва фаъолияти байналмилалӣ. Дар чорчӯбаи Агентӣ маркази иттилоотӣ амал менамояд, ки чунин зербобҳоро дар бар мегирад: ахбор, резаахбор (пресс-релиз), нашрияҳои илмӣ ва мақолаҳо. Дарфасли «Пойгоҳи қонунгузорӣ» дастрас аст: Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи миллии амал доир ба муқовимат ба коррупсия. Дар фасли «Оид ба муқовимат ба коррупсия» иттилоот оид ба аломатҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ ва принсипҳои мубориза бо коррупсия ҷойгир карда шудааст. Дар сомона маълумотҳои роҳбари Агентӣ, Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ барои тамос мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар сомона рақамҳои телефони боварӣ мавҷуд аст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти ҶТ

Дар сомона оид ба фаъолияти Агентӣ, роҳбарияти он, сохтори идоракунӣ ва ҳамкории байналмилалӣ иттилооти муфид пайдо намудан мумкин аст.

Инчунин дар сомона иттилооти муфид оид ба интишорот мавҷуд аст. Инчунин баъзе натиҷаҳои таҳқиқот дар намуди электронӣ дастрас мебошанд. Масалан: Тоҷикистон дар рақамҳо, Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ ва ғайраҳо. Ғайр аз ин, дар сомона ҷадвалҳои таҳлилӣ, пойгоҳи маълумотҳо ва натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дастрас мебошанд. Дар тамосҳои муфид иқтибосҳо ба сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сомонаҳои донорҳо ва шарикон (Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ) нишон дода шудаанд. Сомона имконияти обунашавиро пешниҳод менамояд. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошад.



Сомонаи расмии раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ

Дар сомона дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: мақсадҳо ва вазифаҳо, низомнома, сохтор, маълумот барои тамос, инчунин Донишкадаи такмили ихтисос иттилоот ппайдо намудан мумкин аст.

Дар фасли «қонунҳо, фармонҳо ва низомномаҳо» пойгоҳи меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ дастрас мебошад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, фармонҳо ва низомномаҳо. Сомона имконияти пешниҳоди on-line саволҳоро ба роҳбари раёсат фароҳам месозад. Дар рӯйхати маълумотҳои муфид иттилоот оид ба раёсати хизмати давлатии баъзе мамолики ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо ҷойгир карда шудааст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Дар сомона иттилоот дар бораи фаъолияти хадамоти иттилоотӣ, дипломатӣ ва консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтибос ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ҷойгир карда шудааст. Дар фасли «Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ» ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сиёсати дохилӣ ва берунӣ, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, иттилоот оид ба аъзогии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва субминтақавӣ ва ғайраҳоро пайдо намудан мумкин аст. Дар фасли “Кӯмак ба рӯзноманигорон” иттилооти муфид ҷойгир карда шудааст. Инҷо ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тартиби будубоши рӯзноманигорони хориҷиро дар Тоҷикистон муқаррар мекунанд, ҷойгир карда шудаанд. Инчунин рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии намояндагиҳо ва аккредитатсияи кормандони ВАО –и мамолики хориҷӣ оварда шудааст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Вазорати адлияи ҶТ

   Дар сомонаи иттилооти умумиро дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, реестри бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайдо намудан мумкин аст. Реестри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастнорас мебошанд. Дар фасли «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъзе қонунҳо ҷойгир карда шудаанд ва барои ҷустҷӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ иқтибос ба пойгоҳи маълумотҳои “Қонунгузории мамлакатҳои ИДМ” оварда шудааст. Тибқи иқтибоси мазкур ҳуҷҷатҳо тариқи пурра пешниҳод намегарданд. Матни пурраи ҳуҷҷатҳо пулакӣ мебошад. Сомона танҳо бо забони русӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Шӯрои адлияи ҶТ

  Дар сомона иттилооти умумӣ дар бораи фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (сохтор, низомнома ва роҳбарият), инчунин иттилоот дар бораи маркази омӯзишӣ барои судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Дар фасли «интишорот» иттилоот дар бораи баъзе маводҳои Шӯрои адлия ҷойгир карда шудааст. Сомона танҳо бо забони тоҷикӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Вазорати тандурустии ҶТ

  Дар сомона иттилооти муфидро дар бораи фаъолияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сохтор, низомнома ва роҳбарият), пайдо намудан мумкин аст, пайваста бо ахбори нав дар соҳаи тандурустӣ пур карда мешавад. Дар фасли «пойгоҳи меъёрӣ» маҷмуаи қонунҳои тиб дастрас аст. Сомона дар фасли “Саволу ҷавоб” барои савол додан ба кормандони тиб имкон фароҳам месозад. доступен сборник медицинских законов.


Сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ

Дар сомона иттилооти умумӣ оид ба Кумита ҷойгир карда шудааст (пойгоҳи меъёрии ҳуқуқӣ, сохтор ва маълумот барои тамос). Инчунин дар сомона ҳуҷҷатҳои стратегиро пайдо намудан мумкин аст: Барномаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҳисобот доир ба иҷроиши онҳо, стратегияи миллии рушд, ҳуҷҷатҳои муштараки байналмилалӣ, стратегияи кумки ташкилотҳои байналмилалӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, DFID, SIDA, SDC ва ғайраҳо). Инчунин дар сомона Маълумотнома «Шарикони рушд», ҷойгир карда шудааст, ки дар он шарҳи кутоҳ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои байналмилалие, ки ба Тоқикистон кумак мерасонанд, ҷойгир карда шудааст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.


Сомонаи расмии Вазорати молияи ҶТ

  Дар сомона иттилооти умумиро дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (сохтори ташкилӣ ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолият) пайдо намудан мумкин аст. Фасли «пойгоҳи меъёрӣ» аксар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, маводи иттилоотӣ ва дастурамалҳоро дар бар мегирад. Инчунин дар сомона иттилоот дар бораи буҷети давлатӣ ва ҳисобот оид ба иҷроиши он дастрас мебошад. Дар сомона имконияти барпо намудани робитаи дуҷониба мавҷуд аст. (тавассусти сомона хабар гузоштан мумкин аст). Сомона танҳо ба забони русӣ дастрас аст.


Сомонаи Расмии Хадамоти Муҳоҷирати Вазорати Корҳои Дохилии ҶТ

  Дар сомона санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ҷойгир карда шудаанд. Дар фасли «маслиҳат ба муҳоҷир» баъзе маълумотҳо барои тамос бо ташкилотҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия ҷойгир карда шудаанд. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас мебошад. Айни замон тағйиротҳои сохтори дар инсамт мавҷуд аст ва дар мундариҷаи сомона низ тағйирот ворид карда мешавад.

Имрӯз амалан тамоми мамолики дунё, новобаста аз сатҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷойгиршавии ҷуӯрофӣ ба шабакаи глобалӣ пайваст карда шудаанд, ки қабл аз ҳама ҳамчун сарчашмаи иттилооти гуногун истифода карда мешавад. Вобаста ба ин СММ дар намуди ҳисоботи махсус доир ба масъалаи мазкур даъват ба амал овард, ки дастрасӣ ба Интернет ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи инсон пазируфта шавад1.

1 См.: Report of the Special Rapporteur on the promotion and protection of the right to freedom of opinion and expression, Frank La Rue , 16 May 2011. URL. http://www.scribd.com/doc/56634085



Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи хоҷагии ҷаҳонӣ

         Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи хоҷагии ҷаҳонӣ аз раванди интернеткунонӣ қафо намемонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба масъалаи татбиқи интернет технологияҳо дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маориф диққати махсус зоҳир менамояд1. Зина ба зина раванди мазкур фаъол мегардад, зеро заминаҳои асосӣ барои ин мавҷуданд (ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ).

Баъзе ҳолатҳо санадҳо ба таври гуноугн қабул карда мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо саросемавор сурат мегиранд (аз рӯи принсипи «кӣ аввал»). Вобаста ба ин дар баъзе ҳолатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, қабул карда мешаванд, ки баръакс ҳолатро мураккаб мегардонанд ва ҳимояи иштирокчиёни раванди иттилоотӣ мусоидат намекунанд. Ғайр аз ин, чунин таҷрибае ҷой дорад, ки мамолики рӯ ба инкишоф аз паси мамлакатҳои мутараққӣ чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул менамоянд. Аммо на ҳамеша чунин таҷриба муваффақ аст, баръакс барои мамлакате, ки чунин санадҳоро бе дарназардошти хусусиятҳои иқтисодиёт қабул менамояд, ғайрисамаранок ё ғайри қобили қабул буда метавонад.

Масалан қонунҳои Чин дар соҳаи Интернет барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул буда наметавонанд, зеро иқтидори онҳо бо мо муқоисашаванда нест. Қонунҳои онҳо ба манфиатҳои худашон равона гардидааст. Омӯзиши таҷрибаи мамолики дигар ва қабули қарори мувофиқ барои татбиқи баъзе унсурҳои муносиб барои иқтисодиёт масъалаи комилан дигар аст. Дар баъзе ҳолатҳо чунин таҷриба низ қобили қабул нест, ки дар аксар маврид ба низоми қонунгузорӣ халал ворид месозад.

Барои ҳалли масъалаҳои мазкур, саъю кӯшиши мутахассисон доир ба омӯзиш ва ҳалли ҳамаҷонибаи проблема, инчунин таҳияи пешниҳодоти мушаххас барои инкишофи пойгоҳи қонунгузорӣ зарур мебошад.

1 Об этом свидетельствует: активизация работы Совета ИКТ под руководством Президента Республики Таджикистан в 2011 году; Послание Президента РТ в Маджлиси Оли РТ; Постановление Правительства РТ об утверждении Порядка единых требований для сайтов и локально-вычислительных сетей государственных органов управления от 1 апреля 2011 года.