6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ

Сомонаи Расмии Хадамоти Муҳоҷирати Вазорати Корҳои Дохилии ҶТ

  Дар сомона санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ҷойгир карда шудаанд. Дар фасли «маслиҳат ба муҳоҷир» баъзе маълумотҳо барои тамос бо ташкилотҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия ҷойгир карда шудаанд. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас мебошад. Айни замон тағйиротҳои сохтори дар инсамт мавҷуд аст ва дар мундариҷаи сомона низ тағйирот ворид карда мешавад.

Имрӯз амалан тамоми мамолики дунё, новобаста аз сатҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷойгиршавии ҷуӯрофӣ ба шабакаи глобалӣ пайваст карда шудаанд, ки қабл аз ҳама ҳамчун сарчашмаи иттилооти гуногун истифода карда мешавад. Вобаста ба ин СММ дар намуди ҳисоботи махсус доир ба масъалаи мазкур даъват ба амал овард, ки дастрасӣ ба Интернет ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи инсон пазируфта шавад1.

1 См.: Report of the Special Rapporteur on the promotion and protection of the right to freedom of opinion and expression, Frank La Rue , 16 May 2011. URL. http://www.scribd.com/doc/56634085