6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ

Сомонаи расмии маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ

Дар сомона дар бораи ҳолати Марказ, қонунҳои қабулгардида (аммо, мутаасифона номгӯи нопурра), инчунин консепсияҳо ва барномаҳо иттилоот пайдо намудан мумкин аст. Дар сомона иттилоот дар бораи фаъолияти Марказ, аз ҷумла иштирок дар вохӯриҳои гуногуни миллӣ, байналмилалӣ ва минтақавӣ дастрас аст.

Сомона дорои функсияи робитаи дуҷониба аст, ки онҷо эродҳо ва пешниҳодҳои худро доир ба такмили қонунгузории мамлакат ирсол карда метавонед. Мутаасифона, дар сомона иттилоот оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд нест. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.