6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
Сомонаи расмии Вазорати молияи ҶТ
Дар сомона иттилооти умумиро дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (сохтори ташкилӣ ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолият) пайдо намудан мумкин аст. Фасли «пойгоҳи меъёрӣ» аксар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, маводи иттилоотӣ ва дастурамалҳоро дар бар мегирад. Инчунин дар сомона иттилоот дар бораи буҷети давлатӣ ва ҳисобот оид ба иҷроиши он дастрас мебошад. Дар сомона имконияти барпо намудани робитаи дуҷониба мавҷуд аст. (тавассусти сомона хабар гузоштан мумкин аст). Сомона танҳо ба забони русӣ дастрас аст.