6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
Сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ
Дар сомона иттилооти умумӣ оид ба Кумита ҷойгир карда шудааст (пойгоҳи меъёрии ҳуқуқӣ, сохтор ва маълумот барои тамос). Инчунин дар сомона ҳуҷҷатҳои стратегиро пайдо намудан мумкин аст: Барномаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҳисобот доир ба иҷроиши онҳо, стратегияи миллии рушд, ҳуҷҷатҳои муштараки байналмилалӣ, стратегияи кумки ташкилотҳои байналмилалӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, DFID, SIDA, SDC ва ғайраҳо). Инчунин дар сомона Маълумотнома «Шарикони рушд», ҷойгир карда шудааст, ки дар он шарҳи кутоҳ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои байналмилалие, ки ба Тоқикистон кумак мерасонанд, ҷойгир карда шудааст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.