6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ
Дар сомона иттилоот дар бораи фаъолияти хадамоти иттилоотӣ, дипломатӣ ва консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтибос ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ҷойгир карда шудааст. Дар фасли «Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ» ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сиёсати дохилӣ ва берунӣ, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, иттилоот оид ба аъзогии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва субминтақавӣ ва ғайраҳоро пайдо намудан мумкин аст. Дар фасли “Кӯмак ба рӯзноманигорон” иттилооти муфид ҷойгир карда шудааст. Инҷо ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тартиби будубоши рӯзноманигорони хориҷиро дар Тоҷикистон муқаррар мекунанд, ҷойгир карда шудаанд. Инчунин рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии намояндагиҳо ва аккредитатсияи кормандони ВАО –и мамолики хориҷӣ оварда шудааст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.