6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
Сомонаи расмии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ
Сомона дар бар мегирад: самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои фаъолияти Агентӣ, иттилоот оид ба роҳбарият, аз ҷумла пойгоҳи ҳуқуқии агентӣ, таърихи кор ва таҳлили фаъолият, инчунин масоили ҳамкорӣ ва фаъолияти байналмилалӣ. Дар чорчӯбаи Агентӣ маркази иттилоотӣ амал менамояд, ки чунин зербобҳоро дар бар мегирад: ахбор, резаахбор (пресс-релиз), нашрияҳои илмӣ ва мақолаҳо. Дарфасли «Пойгоҳи қонунгузорӣ» дастрас аст: Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи миллии амал доир ба муқовимат ба коррупсия. Дар фасли «Оид ба муқовимат ба коррупсия» иттилоот оид ба аломатҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ ва принсипҳои мубориза бо коррупсия ҷойгир карда шудааст. Дар сомона маълумотҳои роҳбари Агентӣ, Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ барои тамос мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар сомона рақамҳои телефони боварӣ мавҷуд аст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.