6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ
Сомонаи расмии Президенти ҶТ
Сомонае аст, ки пайваста бо иттилооти нав пур карда мешавад ва дар он иттилооти пурра дар бораи фаъолияти Президенти мамлакат ҷойгир карда шудааст: Фармонҳо ва қарорҳо, паёмҳо, вохуриҳо, инчунин иттилооти муфиди дигар. Сомона функсияи робитаи дуҷонибаро дорад, яъне Шумо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда метавонед. Мутаасифона, гарчанде сомона дорои чунин фаслҳо ба монанди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аммо дар онҷо танҳо иттилооти умумӣ оварда шудааст, ки барои гирифтани иттилооти зарурӣ оид ба сохторҳои ҳукуматӣ нокифоя аст.