Саволҳои санҷишӣ (боби 8)

1. Ба кадом қисми мошинаи асинхронӣ шиддати тағйирёбанда дода мешавад?
2. Дастгоҳи ҳимояи ҳиссиёти фазавии муҳаррики асинхронӣ барои чӣ истифода бурда мешавад ?
3. Дастгоҳҳои ҳимояи гармӣ дар мошинаи асинхронӣ истифода меёбанд ё не ва барои чӣ?
4. Вазифаи релеи максимали дар мошинаи асинхронӣ дар чист?
5. Релеи нишондоди фазаҳо дар муҳаррикҳои асинхронӣ дар чӣ аст ва он барои чӣ истифода бурда мешавад?
6. Регулятори тиристории шиддат дар мошинаи асинхронӣ барои чӣ лозим аст?
7. Схемаи ба кор дарории муҳаррики асинхронии сефаза аз ситора ба секунҷа бо пайвасткунии схемаи ба кор
дарорӣ ва бо гузаронидан ба схемаи кории “секунҷа” чӣ аҳамият доранд?
8. Муҳаррикҳои сефазаи асинхрониро чи тавр аз як фаза ба кор даровардан мумкин аст?
9. Муҳаррикҳои сефазаи асинхрониро дар мавриди аз як фаза ба кор даровардан иқтидори онҳо то чи андоза кам мегардад?
10. Ба кор даровардани муҳаррики асинхронӣ аз манбаи ҷараёни иқтидораш хурд чи хусусиятҳо дорад?
11. Дар мошинаи асинхронӣ бузургии моменти даврзананда мутаносиб ба шиддат аст ё ин ки ба квадрати шиддат?
12. Кадом муҳаррикҳои асинхронии серия 4А-ро бо дигар серияҳо иваз кардан мумкин аст?
13. Дар мавриди якумин маротиба ба кор даровардани муҳаррики асинхронӣ ба кадом бузургиҳои он бояд аҳамият дод?
14. Навъ, иқтидор ва басомади даврзании муҳаррики асинхрониро чи тавр интихоб кардан мумкин аст?

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:31