Саволҳои санҷишӣ (боби 7)

1. Коэффитсиенти тавоноии муҳаррики асинхронӣ аз чиҳо вобаста мебошад?
2. Талафотҳои тағйирёбанда дар мошинаи асинхронӣ кадомҳоянд ва аз чӣ вобастаги доранд?
3. Дар мошинаи асинхронӣ талафотҳои тағйирёбанда ва талафотҳои дойимӣ кадомҳоянд?
4. Ба талафотҳои дойимӣ кадом талафотҳо дохил мешаванд ва барои чӣ онҳоро талафотҳои дойимӣ гуфтан мумкин мебошад?
5. Ба талафотҳои механикӣ кадом талафотҳои мошинаи асинхронӣ дохил мешаванд?
6. Талафотро дар подшипникҳои мошина ба кадом намуд ворид мекунанд ва бузургии он чанд буда метавонад?
7. Талафотҳои магнитӣ дар кадом қисми мошинаи асинхронӣ мавҷуд аст ва онҳо кадомҳоянд?
8. Талафотҳои иловагӣ кадомҳоянд ва бузургии онҳо чанд буда метавонад?
9. ККФ-и мошинаи асинхронӣ аз бузургии борбасти он вобастагӣ дорад ё ки не?
10.Вобастагии ККФ аз борбасти мошинаи асинхронӣ чи намудро дорад, онро тасвир намоед?
11.Сабабҳои пайдо шудани талафи иқтидорро дар мошинаҳои асинхронӣ шарҳ диҳед.
12.ККФ ва бузургии максималии онро вобаста аз тағйирёбии қувваи ҷараёни бор муҳокима кунед.

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:29