Саволҳои санҷишӣ (боби 4)

1.Барои чӣ печаҳо мавҷуданд?
2.Барои сохтани печаҳои статори мошинаи асинхронӣ кадом маводҳоро истифода мебаранд?
3.Печаҳои статори мошинаи асинхронӣ чанд градуси геометрӣ ва градуси электрикиро ташкил дода метавонанд?
4.Барои чӣ мошинаҳои асинхронӣ дар будани се фазаи ҷараёни тағйирёбанда амал карда метавонанд?
5.Муҳаррикҳои асинхронии якфаза чӣ фарқият доранд аз мущаррики сефаза ва барои чӣ?
6.Дар статори муҳаррики асинхронӣ камтарин чанд ҷӯяк буда метавонад ва барои чӣ?
7.Барои чӣ печаҳои ротор дойимо сарбаста бояд бошанд, сабабҳои онро таҳлил намоед.
8.Ротори фазавӣ аз ротори расиши кӯтоҳ чӣ фарқиятҳо дорад ва ин фарқиятҳо барои чӣ лозиманд.
9.Дар муҳаррики асинхронии ротораш фазавӣ чанд ҳалқаи контактӣ мавҷуд аст, ва барои чӣ?
10.Ҳалқаҳои контактӣ дар кадом қисми мошина ҷойгиранд ва аз танаи мошина изолятсия шудаанд ё ки не?
11.Печаи ротори мошинаи асинхронии ротораш фазавӣ аз кадом мавод сохта мешаванд ва барои чӣ?
12.Бо кадом усул сурати гашти муҳаррики асинхронии ротораш фазавиро тағйир додан мумкин аст?
13. Сурати гашти холии муҳаррики асинхронӣ аз чиҳо вобаста аст?
14. Печаҳои ротори фазавии мошинаи асинхронӣ аз кадом мавод сохта мешаванд ва барои чӣ?

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:25