Саволҳои санҷишӣ (боби 3)

1. Статор дар мошинаи асинхронӣ барои чӣ лозим аст?
2. Ротори мошинаи асинхронӣ чанд намуд буда метавонанд?
3. Дар муҳаррики асинхронӣ сурати гардиши ротор аз сурати гардиши майдони магнитии статор қафо мемонад ё ин ки пеш мегузарад?
4. Бузургии лағжиш дар мошинаҳои асинхронӣ дар реҷаи номинали ба чанд баробар буда метавонад?
5. Бузургии лағжиш дар реҷаи критикии мошинаи асинхронӣ чанд буда метавонад?
6. Сурати гардиши ротори муҳаррики асинхронӣ дар реҷаи номиналӣ чанд буда метавонад ва барои чӣ?
7. Моменти даврзанандаи мошинаи асинхронӣ аз кадом бузургиҳо вобастагӣ дорад?
8. Характеристикаи механикии муҳаррики асихрониро тасвир намоед ва онро шарҳ диҳед.
9. Фарқияти характеристикаҳои механикии сунъи ва ҳақиқиро фаҳмонед ва онҳоро тасвир намоед.
10.Бузургии калонтарини ККФ-и муҳаррики асинхронӣ дар кадом маврид ҳосил мешаванд ва барои чӣ?
11.Коэффитсиенти иқтидори муҳаррики асинхронӣ ба чӣ баробар аст ва чиҳоро мефаҳмонад.
12.Барои чӣ барои ҳосил кардани майдони даврзанандаи электромагнитӣ статор асосан қувваи ҷараёни ғайрифаъолро истифода мебарад?
13. Муҳаррики асинхронӣ дар кадом реҷаҳо амал карда метавонад ва барои чӣ?
14. Сурати гардиши муҳаррики асинхрониро бо тағйир додани кадом бузургӣ тағйир додан мумкин аст?
15. Истифодабарии тағйирдиҳандаи басомадро дар муҳаррикҳои асинхронӣ истифода бурдан чӣ фоида медиҳад?
16. Усулҳои тағйир додани сурати гардиши муҳаррики асинхрониро номбар кунед ва бартарии ҳар яки онҳоро шарҳ диҳед.

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:23