Саволҳои рейтингӣ (боби 3)

1. Муодилаҳои асосии трансформаторро нависед ва фаҳмонида диҳед.
2. Шиддати воридотии трансформатор аз чӣ вобаста аст ва онро чӣ тавр фаҳмонидан мумкин аст.
3. Шиддати содиротии трансформатор аз чӣ вобаста аст ва онро чӣ тавр фаҳмонидан мумкин аст.
4. Муодилаи ҷараёнҳоро дар трансформатор нависед ва онро фаҳмонида диҳед.
5. Шиддат дар баромади трансформатор чӣ гуна вобастаги дорад аз бузургии борбасти он?
6. Трансформатори қуввагӣ дар кадом реҷаҳо ӣамал карда метавонад ва барои чӣ?
7. Амали гашти холии трансформатор чист ва онро дар озмоишгоҳ чӣ тавр гузаронидан мумкин аст?
8. Аз реҷаи гашти холии трансформатор кадом бузургиҳои трансформаторро муайян кардан мумкин мебошад?
9. Реҷаи расиши кӯтоҳ ин реҷаи корӣ мебошад ё реҷаи таҷрибавӣ?
10. Реҷаи борбасти трансформатори якфазаро тасвир намоед ва фаҳмонед.
11. Дар реҷаи борбасти трансформатор бузургии шиддати содироти бояд ба чанд баробар шавад?
12. Қувваи электроҳаракатдиҳандаи трансформаторро нависед ва фаҳмонида диҳед.
13. Барои чӣ дар трансформаторҳои қуввагӣ ҷараён дар печаи содиротӣ ба муқобили самти ҷараён дар печаи воридотӣ равона аст?
14. Кадом намуд талафотҳо дар трансформатор ба вуҷуд меояд?
15. Коэффитсиенти кори фоиданоки трансформатор дар кадом маврид калолнтарин қимматро доро мегардад?
16. Коэффитсинети кори фоиданоки трансформаторро нависед ва онро фаҳмонида диҳед.
17. Коэффитсиенти иқтидор дар трансформатор ба чӣ баробар аст?
18. Коэффитсиенти иқтидорро дар трансформатор нависед ва аз кадом бузургиҳо вобаста будани онро гӯед?
19. Бузургиҳои коэффитсиенти кори фоиданок чиро тасвир мекунад?
20. Бузургии коэффитсиенти иқтидор чиро тасвир мекунад?

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:14