Саволҳои санҷишӣ (боби 3)

1. Дар МҶД чӣ тавр ҷараёни дойимӣ ҳосил карда мешавад?
2. Самти ҚЭҲ-ро дар печаҳои якор муайян намоед.
3. Шӯткаҳои МҶД дар кадом қисми он ҷойгиранд?
4. Табдилёбии як намуд неру ба дигар намуд неру дар кадом қисми мошина ба вуҷуд меояд?
5. Печаҳои якор чандқутба буда метавонанд?
6. Печаҳои якор дар ҷӯякҳо чӣ тавр ҷойгир карда мешаванд?
7. Печаи ҳалқамонанд чист, ва чӣ тавр он сохта мешавад?
8. Печаи соддаи густурдашуда чист?
9. Печаи ҳалқамонанди содда чист?
10. Печаи ҳалқамонанди мураккаб чист?
11. Печаи мавҷмонанд дар кадом мошинаҳо истифода меёбад?
12. Печаи мавҷмонанди густурдашуда ва содда аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд?
13. Пайвасти тасовикунанда гуфта кадом пайвастагиҳоро меноманд?
14. Печаҳои баробарсексия ва зинамонанд аз ҳамдигар чӣ фарқиятҳо доранд?
15. Печаи зинамонанд дар кадом мавридҳо истифода меёбанд?
16. Якори МҶД бояд камтарин то чанд ҷӯяк дошта метавонад.
17. Печаи индуктор чанд қутб дошта метавонад?

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:02