6.1. Танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи рушд ва татбиқи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи рушд ва истифодаи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қонунҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида ба танзим дароварда мешавад. Илова бар ин, як қатор меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ТИК дар шакли амрҳои Презинедти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааанд.

Аввалин меъёри ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо дар соҳаи ТИК қабул карда шудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқа» ба шумор меравад (аз 27 декабри соли 1993 ).

Насли нави қонунгузориҳо дар соҳаи танзими технология иттилоотӣ- камуникатсионӣ ба солҳои 2001-2002 рост меояд, ки ба онҳо дохил мешаванд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба инфарматсиякунонӣ, ки аз 6 –уми августи соли 2001 эътибор пайдо кардааст. Ин қонун асосан барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ҷара¸ни ташакул¸бӣ ва истифодаи ҳуҷҷатгузориҳои итилоотӣ, захираҳои итилооотӣ, сохтани технологияи инфарматсионӣ, автоматикунонии низомҳои итилоотӣ ва шабакаҳо равона карда шудааст.

Қонуни мазкур тартиботи ҳифзи захираҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои истифодакунандаи онҳоро дар ин соҳа муайян менамояд.

Қонуни дигар дар соҳаи ТИК, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Дар бораи итилоот» ба шумор меравад, ки санаи 10-уми майи соли 2002 қабул карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти итилоотиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муққарар месозад.

Қонуни дигар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти субеъктҳои хоҷагидориро дар соҳаи таъсис ва рушди алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад. Илова бар ин, қонуни мазкур уҳдадориҳои мақомотҳои давлатиро дар соҳаи идора намудан ва танзими алоқаи барқӣ муққарар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ин самт фаъолият менамоянд, дақиқ месозад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатнигори электронӣ асосҳои ҳуқуқи гардиши ҳуҷатнигориро тариқи электронӣ муқаррар намуда, талаботҳои асосиро оид ба роҳ мондани он, ҳамчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони иштирокчӣ¸инчунин муносибатҳоро майян месозад.

Яке аз самтҳои асосии афзалиятноки танзими давлатии технологияи иттилоотӣ-камуникатсионӣ гармонизатсияи қонунгузориҳо дар ин самт мебошад. Бисёр масъалаҳои танзими муносибатҳо дар соҳаи ТИК бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қороҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Дар байни инҳо пеш аз ҳама амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1175, аз 7-уми ноябри соли 2003 оид ба қабули Консепсияи бехатарии иттилоотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудан мумкин аст.

Консепсияи мазкур маҷмуи нуқтаҳои назари расмиро оид ба мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои асосҳои идоракунии асосҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад Мувофиқи консепсияи қабулшуда Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии иттилоотӣ қабул карда шудааст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 290 аз 30-уми июли соли 2014 тасдиқ карда шудааст. Паҳлуи дигари масъалаҳои танзими муносибатҳо дар соҳаи ТИК дар амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми сентябри соли 1999, таҳти № 1347 оид ба чораҳои таъминоти дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ мебошад. Мувофиқи ин қарор маркази технологии иттилоотӣ дар сохтори дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд. Илова бар ин, дар амри мазкур масъалаҳои истифодабарии интернет аз тарафи мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барассӣ карда шудааст. Яке аз самтҳои муҳими танзими истифодаи интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сохтани шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумотҳо ва чораҳо оид ба танзими дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» аз 8 августи соли 2001, таҳти № 389 ба шумор меравад, ки мувофиқи он «Тоҷиктелеком» ҳамчун оператори асосии таъминкунандаи интернет барои ҳукумат ба шумор меравад. Бо ҳамин қарор тартиботи пешниҳоди интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароитҳои асосии дастрасӣ ба он муқаррар карда шудааст. Дар моҳи феврали соли 2006 шӯро оид ба ТИК дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи стратегияи давлатии рушд ва истифодаи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.


Last modified: Wednesday, 22 November 2017, 2:05 PM