4.Этикет ва қоидаҳои одоби муошират

Этикет ‑ калимаи фаронсавӣ буда, маънояш тартиботи оддӣ аст. Дар забони тоҷикӣ он ба маънои одоби муошират истифода мешавад.
Одоби муошират - маҷмӯи қоида ва тартиботи муносибати байни одамон аст, ки дар муомилаи ҳарруза зоҳир мегардад.
Одоби муошират қисми таркибии маданияти шахс аст. Ба одоби муошират унсури тарҳу тартибгардида, хислати анъанавӣ доштаи ин ё он халқ, ки интизоми муайяни иҷро карданро талаб мекунад, дохил мешаванд. Одоби муошират мазмуни қоидаҳои ахлоқӣ ва эҳтироми инсон аз ҷониби инсонро ифода мекунад.
Аммо қобили таваҷҷӯҳ аст, ки одоби муошират вобаста ба давраҳои таърихи - дунёи қадим, асрҳои миёна, замони нав ва навтарин - асрҳои XX-XXI тибқи низоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа шаклан ва мазмунан аз ҳамдигар фарқ дорад.
Одоби муошират дар ҷомеаи синфӣ дорои хислати синфӣ буда, аксаран сатҳӣ ва авомфиребона аст. Одоби муоширати чамъиятҳои синфӣ иборат аз маҷмӯи қоидаву тартиботи мураккабу махсус, тарзи муайяни муносибат, муомила, рафтор бо намояндаи синфҳо, гурӯҳҳо, табақаҳо ва мансабдорон аст.
Шаклҳои рафтору муомила мутобиқ ба шароиту маросимҳо мураттаб гардидаанд. Аз ин рӯ, риоя ва иҷрои онҳо ҳатмист. Чунончӣ, дар Осиёи Миёна қабл аз асри XX муоширати асилзодагон, сарватмандон, тоҷирон ва ғайраҳо аз одоби муоширати деҳқонону косибон ба куллӣ фарқ мекард. Аҳли сарват тақозо менамуданд, ки заҳматкашон қоидаю тартиботи муайянкардаи онҳоро риоя кунанд. Вале худашон ҳуқуқи ҳурмату эҳтироми заҳматкашонро поймол менамуданд.
Одоби муошират хислати миллӣ низ дорад. Аз ин рӯ, намояндагони давлатҳо, коркунони сафоратхонаҳо, меҳмонҳо вазифадоранд, то ҳангоми ташрифҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, меҳмонӣ, саёҳат ва ғайраҳо талаботи одоби муоширати миллии ин ё он мамлакатро риоя кунанд. Риоя накардани одоби мазкур нишонаи беҳурматӣ нисбат ба ин ё он халқ ва ё ноогоҳӣ аз анъанаҳои таърихии он дониста шуда боиси кинаву адоват гардад.
Ҳоло дар адабиёти ҳуқуқии этика ва этикети ҷаҳонӣ мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои истисмори инсон аз тарафи инсон мавқеи баланд гирифта, принсипи (асли) баробарӣ, демократия, гуманизм ба маънои пуррааш ғолиб омадаанд, мафҳуми одоби муошират бо мафҳуми хушмуомилагӣ ҳаммаъно шудааст.
Одоби муошират дар замони муосир иборат аз меъёрҳо ва қоидаҳо – тартиби муносибати хайрхоҳона, рафиқона ва эҳтиромномаи одамон аст, ки хислати табиӣ, оддӣ ва беғаразонаро кардааст. Одоби муоширати халқу миллатҳои мамолики мутамаддини ҷаҳон шаклан аз ҳам фарқ кунанд ҳам, аммо мазмунан яксон мебошанд.
Дар ниҳояти сухан бояд таъкид кард, ки одоби муошират, чун қисми таркибии ахлоқ дараҷаи маданияти шахсро нишон медиҳад. Вай мутобиқ ба инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, таъсири ҳамдигарии маданият миллатҳо ва наздик шудани онҳо такомул ёфта, бештар пурмазмуну ғанитар мегардад. Омӯзиши пайгиронаи онро худи ҷомеа тақозо дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки меъёру қоидаҳои муошират - этикет дар тамоми ҷаҳон якранг гардидааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Ҳоло ҳам одоби муошират дар мамлакатҳои ҷаҳон вобаста ба анъанаҳои динӣ, миллӣ, сиёсӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки риоя накардани он оқибати хуб надорад. Ба ин хотир барои огоҳонидану водор намудан донишҷӯёни мӯҳтарам мо дар асоси таҳқиқоту асарҳои муаллифони хориҷӣ ба хусус Аврупою Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боби махсусеро зери унвони «Этикет - одоби муошират дар мамлакатҳои хориҷӣ» ҷудо намудем.
Ҳамин тариқ, истилоҳи этикет дар Аврупо дар асри XIV - ибтидои давраи Эҳё ба расмият даромада, ба таври расмӣ қабул гардид. Дар маҷлисҳои пазироии «шоҳ-офтоб» Людовики XIV ба меҳмонон кортҳое тақдим мешуд, ки дар онҳо қоидаҳои рафтор ва одоби гуфтор сабт гардида буд. Калимаи этикет аз номи ҳамон кортҳо, ки «этикетка» ном дошт падид омадааст. Аммо масъалаҳои ахлоқу одоби муошират дар мамлакатҳои Шарқ аз замонҳои қадим ҳамчун қисми таркибии дин ва фалсафа арзи вуҷуд кардааст.
Дар кишвари Русия бошад нахустин дастурамали чопӣ оид ба одоби муошират дар замони салтанати Пётри I соли 1717 арзи вуҷуд намуд, ки он «Юности честное зеркало или Показания к житейскому обхождению» (Оинаи шарафи ҷавонӣ ё Нишондод барои хушмуомилагӣ дар зиндагӣ) ном дошт. Ҳамчунин бо дастури Пётри I китоби Эраз Роттердамий «Оид ба коидаҳои ҳусни муошират» ба теъдоди сад нусха ба забонҳои русӣ ва ҳолландӣ ба табъ расид.
Этикаи одоби муошират - шакли рафтор, муомила, қоидаҳои назокат аст, ки дар ҷомеа мушаххасан мақбул ва маъмул мебошад. Ин ба маънои маҳдуди он аст. Аммо, мафҳуми одоби муошират ба маънои густурда он маҷмӯи қоидаҳои рафтор, ки ба зуҳуроти берунии муносибатҳо бо одамон, муомила бо атрофиён, шаклҳои муроҷиат, салому алейк, меъёри рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоб ва тарзҳои либоспӯшӣ дахл дорад, фаро гирифтааст. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки одоби муошират ин маҷмӯи рафтори мақбул ва маъмул дар маҳофили муайяни иҷтимоӣ мебошад ва гуногуние дорад.
Масалан, навъҳои одоби муошират, ки дар ҷаҳони муосир маъмул гардидаанд, аз ин қабиланд:
одоби муоширати дарборӣ - тартиби ба таври ҷиддӣ танзимшуда ва намудҳои муомилаву рафторе, ки дар дарбори подшоҳӣ муқаррар гардидааст; (Арабистони Саудӣ, Япония, Англия ва ғайра);
одоби муоширати дипломатӣ - қоидаҳои рафтори дипломатҳо ва дигар ашхоси расмӣ ҳангоми тамосу мулоқот бо якдигар дар пазироиҳо, боздидҳо ва гуфтушунидҳои гуногуни дипломатӣ (дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон);
одоби муоширати низомӣ - маҷмӯи қоидаҳо, меъёрҳо дар артиш ва тарзи рафтори хизмагчиёни ҳарбӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти онҳо, ки аз тарафи ҳамагон пазируфта шудаанд (дар ҳамаи артиши мамлакатҳои ҷаҳон);
одоби муоширати умумишаҳрвандӣ ‑ маҷмӯи қоидаҳо ва анъанаҳое, ки шаҳрвандон ҳангоми муошират бо ҳамдигар риоя мекунанд.
Аксари қоидаҳои одоби муоширати дипломатӣ, низомӣ ва умумишаҳрвандӣ то ин ё он андоза мутобиқат мекунад. Тафовути онҳо дар он аст, ки риояи қоидаҳои одоби муоширати дипломатӣ аз аҳамияти бештар бархурдор мебошад, чунки инҳироф аз масири онҳо ё ки вайрон карда шудани ин қоидаҳо метавонад ба обрӯйи мамлакат ё намояндаҳои расмии он латма ворид намояд ва ё дар муносибатҳои байни давлатҳо сардӣ оварад.
Ҳамзамон бо тағйир ёфгани шароити зиндагии аҳли башар, боло рафтани дараҷаи таҳсилот ва фарҳангу сиёсат баъзе қоидаҳо бо қоидаҳои дигар иваз мешаванд, он чи, ки замоне беадабӣ ҳисоб мешуд, ҳоло мавриди қабули ҳамагон мегардад ва баракс.
Масалан, дар Аврупо як вақтҳо ришу мӯйи сари дароз ва парик мондан анъана шуда буд. Сипас, мӯйи сари кӯтоҳу ришу бурутро тарошидан. Дар Шарқи исломӣ ҳиҷоб барои занҳо ҳатмӣ буд, аммо акнун дар аксарияти мамлакатҳо исломӣ занҳо беҳиҷоб бо либоси дилхоҳ озод фаъолият мекунанд.
Меъёрҳои одоби муошират аз меъёрҳои ахлоқ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо шартӣ мебошанд, онҳо ба истилоҳ дорои ҷанбаи созишомаи нонавишта дар бораи он мебошанд, ки дар рафтори одамон чи чиз қобили қабул ва чи чиз ғайри қобили қабули ҳамагон ҳисоб мешавад. Ҳар як шахси бофарҳанг на танҳо бояд меъёрҳои одоби муоширатро бидонаду риоя намояд, балки зарурати қоидаҳои муайяни муносибатҳои байниҳамдигариро дарк намояд. Рафтору кирдор аз бисёр ҷиҳат инъикоскунандаи фарҳанги ботин ё сифатҳои ахлоқӣ ва ақлонии инсон мебошад.
Дар маҳфилу маърака дуруст рафтор карда тавонистан, хеле аҳамияти калон дорад, он ба роҳ андохтани тамосҳоро осон мегардонад, ҳангоми баҳсу мунозираҳо, ҳамкорӣ, мубодилаи ақидаву ҳаллу фасли масъалаҳо ба ҳусни тафоҳум мусоидат мекунад, равобити хуб ва устувори байниҳамдигариро ба вучуд меоварад.
Этика таълимоти фалсафӣ оид ба ахлоқ буда, мавзӯъҳо умдаи маънавиётро маъмулан ба сифати яке аз тарзҳои танзими назариявии муносибатҳои инсонҳо дар ҷой баррасӣ мекунанд.
Чунин баррасӣ бо ёрии меъёру қоидаҳои дар қонунҳи давлатӣ «нонавиштаи» таърихан ташаккулёфта нисбати рафтори одамон ҳамчун хайр ва шарр, шараф ё бешарафӣ амалӣ карда мешавад.

Последнее изменение: Среда, 23 ноября 2016, 14:21