3.Этика ва вазифаҳои он

Этика - калимаи юнонӣ буда, маънояш одат, таомул ва расму оин аст. Вайро чун истилоҳи илмӣ ба маънии таьлимот ё илми ахлоқ низ истифода мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар асрҳои миёна истилоҳи этикаро ба забони арабӣ «илм-ул-ахлоқ», яъне илми ахлоқ, тарҷума намудаанд.
Хуллас, этика таълимот дар бораи пайдоиш, инкишоф ва қоидаҳои ахлоқ аст. Ақидаҳои ахлоқӣ ва усулу қоидаҳои он дар ҷомеаи ибтидоӣ ҳамзамон бо пайдоиши оила, қавм, қабила ба вуҷуд омада, минбаъд такомул ёфтаанд. Аммо этика ҳамчун таълимоти махсус барои ҳалли назарияи масъалаҳои амалии ахлоқ ба мисли: чигунагии рафтори одам, неку бад, адолат ва ғайраҳо баъдтар дар ҷомеаи ғуломдорӣ пайдо шудааст. Нахустин бор истилоҳи этикаро ҳамчун таълимот дар бораи ахлоқ Арасту мавриди истифодаи таҳқиқоти назариявӣ ва фалсафӣ қарор дода буд. Ӯ бо номи «Этика» асари бузурге низ таълиф намудааст, аммо бунёдгузори фалсафаи ахлоқ Суқрот аст. Ин нуқта маънои қабл аз Суқроту Арасту вуҷуд надоштани ақидаҳои ахлоқиро надорад. Баръакс, аз онҳо пештар чунин андешаҳо дар Ҳинду Миср, аз ҷумла Эрону Афғонистон ва Осиёи Миёна вуҷуд доштанд ва дар ташаккули афкори ахлоқии Суқрот, Афлотун ва Apacтy саҳми зиёде низ гузоштанд. Вале ин ҷо матлаб илми ахлоқ аст.
Мутафаккирони Юнони қадим ва асрҳои миёнаи Шарқу Ғарб этикаро фалсафаи амалӣ меномиданд. Ҳоло ҳам идеологҳои ҷомеаи аврупоӣ этикаро ба қисматҳои назарияву амалӣ ва равоншиносӣ тақсим мекунанд. Вале таьлимоти диалектикӣ назарияву амалияро аз ҳам ҷудо намекунад. Чунки тамоми донишҳои назариявӣ, дар ниҳояти кор, аҳамияти амалӣ дошта, на фақат башариятро бо тарзу воситаҳои тағйири олам мусаллаҳ менамоянд, балки дорои ҷанбаи ҷаҳоншиносӣ низ мебошад.
Аммо ҷиҳати хоси этика ин аст, ки мақсадҳои иҷтимоиро дар шакли идеяҳо дар бораи неку бад, дар шакли идеал, усулҳои ахлоқӣ, қоидаҳои рафтор, дар таълимот дар бораи вазифаю моҳияти зиндагии инсон инъикос менамояд.
Ҳар усули ахлоқ таҷрибаи зиндагии наслҳои гузаштаро инъикос менамояд. Этика ин усулҳоро мураттаб сохта, ҷиҳатҳои назариявии онро мавриди мутолиа қарор медиҳад.
Усулҳои ахлоқ мутобиқи имкони тақозои шароити иҷтимоӣ пайдо шуда, аз насл ба насл мегузаранд ва суфтаву пурмазмун мегарданд. Онҳо дар байни миллатҳои дигар интишор ёфта, обу ранги нав касб мекунанд. Эҷодкунандагони онҳо халқ ва ҷамъият аст. Меъёр ва қоидаҳои ахлоқӣ маҳсули тақозои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд.
Яке аз вазифаҳои этика ташаккул, инкишоф ва робитаи он, мутолиаи ташкили шуури ахлоқӣ ва ҷиҳатҳои мухталифи он аст.
Вазифаи дигари он омӯзиши табиати арзиши ахлоқист.
Таърихи этика ба мутолиаи таҳқиқоти мушаххаси иҷтимоии ахлоқ дар марҳалаҳои мухталифи ҷомеа низ машғул мебошад.
Ҳар таълимот дорои таъриху марҳилаи пайдоишу инкишофи хеш аст. Аз ин рӯ, таърихи этика низ аз ҷумлаи мавзӯъҳои омӯзиши ин илм аст. Таълимоти ахлоқии форсу тоҷик таърихи қадима дошта, дар асрҳои XV пеш аз милод дар доираи дини меҳрпарастӣ (офтобпарастӣ) ва зардуштия ташаккул ёфта, дар арсаи ҷаҳон ба афкори мутафаккирони Юнони қадим таъсири мусбати худро расонида, дар асрҳои миёна дар партави дини ислом, бахусус, зери таъсири ақоиди Қуръони маҷид ва ҳадисҳои Паёмбари акрам (с) ва инчунин афкору асарҳои Афлотуну Арасту. Ибни Сино ва Ибни Мискавейҳ як силсила асарҳои ахлоқӣ-этикӣ таълиф шуданд, ки на фақат дар шарқи исломӣ, балки дар Аврупо низ шӯҳрат пайдо намуда, тарҷумаву нашр гардиданд. Барои мисол ба таври мухтасар дар хусуси ақидаҳои ахлоқӣ-этикии Ибни Сино ва Ибни Мискавейҳ таваққуф менамоем.
Абӯалӣ ибни Сино ал Ҳусейн ибни Абдуллоҳ (980-1037) намояндаи машшоияи Шарқ, донишманди шаҳир, пизшик, фарзанди барӯманди халқи тоҷик, ки бо номи Авитсенна низ дар Аврупо машҳур гардидааст.
Ба ақидаи Ибни Сино ахлоқ (этика) яке аз илмҳои амалӣ буда, ҳадафи он неъмат ва саъю кӯшиш барои такомули ахлоқии маданияти инсон мебошад. Пеш аз такомули ахлоқӣ инсон бояд камбудиҳои худро ошкор намояд, ки дар ин кор ба ӯ метавонанд ёру дӯстонаш кӯмак кунанд ва рафтори неки ӯро нек ё рафтори бади ӯро бад нишон диҳанд.
Худтакмилдиҳӣ ба ақидаи Ибни Сино ин раванди дар тарбия, дохил намудани чунин сифатҳои ахлоқӣ мебошад, ки аз чор унсури накӯкорӣ иборатанд: парҳезкорӣ, ҷасорат, хирадмандӣ, мутаносибан бо нерӯҳои равонии шаҳват, ғазаб, шинохтан ва адолат (бо маҷмӯъи ин нерӯҳо иртиботдошта). Инҳо ва дигар некӯкориҳое, ки зуҳуроти маҷмӯи ва хусусӣ мебошанд, маъмулан мавқеи фосилавиро дар миёни ифротҳои нуқсонӣ ишғол намудаанд. Масалан, паҳрезкорӣ ва саховат - дар миёни ҳарисӣ ва исрофкорӣ; адолат - дар миёни рӯҳафтодагӣ ва тамоюли зулм нисбати дигарон; қаноатпешагӣ - дар миёни молпарастӣ ва фориғболӣ; шуҷоат - дар миёни тарсӯӣ ва бемулоҳизагӣ.
Аз рӯи эътиқоди Ибни Сино як нерӯи равонӣ метавонад, ҳамчун манбаъи амалҳои нек (олиҷаноб) ва зишт (бадкирдор) хизмат намояд. Ҳамин тавр, нерӯи тахайюл одамонро ба иштибоҳ мувоҷеҳ намуда, нерӯи ғазаб онҳоро ба ҳайвоноти ваҳшии дарранда ва аммо нерӯи шаҳват ба ҳайвоноти палид метавонад табдил намояд. Дар сурати ба ақлу хирад тобеь будан ин нерӯҳо, мутаносибан, метавонанд одамонро ба қаҳрамонон мубаддал сохта, барои эҷод намудни асари олиҷаноби санъат мусоидат намуда, ба инсон на тамоми насли башар ҳаёти тӯлонӣ бахшад.
Ибни Сино ин нерӯҳоро модарзодӣ, вале сифатҳои ахлоқиро иктисобӣ, ки дар раванди зиндагӣ аз тарафи инсон ба даст меоянд, ҳисоб мекард. Дар тарбияи онҳо Ибни Сино ба одам аҳамияти аввалиндараҷа дода, ба он ақида аст, ки инсон ҳамон тавре ки бо роҳи «тарбияи» бадан (яъне коркарди рефлексҳои шартии мусбат) метавонад тандурустиашро мустаҳкам намояд, саломатии ахлоқиро бо роҳи омӯзиш метавонад соҳиб гардад.
Ин падидаро метавон дар ҳаёти давлатҳо ҳам мушоҳида намуд: роҳбарони хуб бо рафтору қонуну тавсияҳои оқилонаи худ шахрвандонро бо корҳои нек ҳидоят менамоянд, аммо роҳбарони бад сокинони кишвари худро ба корҳои бад равона мекунанд.
Ба ақидаи Ибни Сино олитарин дараҷаи ахлоқ вақте муяссар хоҳад гардид, ки некӣ ба хотири некӣ бидуни ҳеҷ гуна ғарази пешакӣ, ҳатто агар он ғараз барои сипосгузорӣ ва ё таассуроти хуб бошад, сурат гирад. Аммо олитарин хушбахтӣ ҳамонест, ки дар фард, дар «қисми амалии рӯҳ»-и ӯ мавзунии ҳар яке аз он нерӯҳои ташкилкунандаи ахлоқ дар ҳолати тавозун ва мутаносибӣ қарор гирифтаанд. Чунин нуктаҳо дар асарҳои энсиклопедии Ибни Сино “Китоб-уш-шифо”, “Рисолаи ишқ”, рисолаҳои маҷозии “Ҳай ибни Яқзон”, “Рисола оид ба парандагон” ва рисолаи “Тадбир-ал-манзил” иншо гардидаанд.
Шахсияти дигари маъруфу машҳури фалсафаи ахлоқ ‑ этика ҳамасри Ибн Сино Ибни Мискавейҳ Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад (соли вафот 1030), мебошад. Роҳи Ибни Мискавейҳ ба фалсафа на ба воситаи мантиқ балки аз тариқи илми ахлоқ (этика) кушода шудааст, ки дар таьлимоти ӯ зиндагӣ кардан дар мувофиқат бо табиат ва хирад, вале на мутобиқи моддиёт ва ҳавасҳо ҷойи асосиро ишғол мекунад. Ба ақидаи ӯ такомули ахлоқӣ (“табобати рӯҳ”), дар ҳолати аз аҳли ҷомеа канорагирӣ намудан, дар алоҳидагӣ имконноназир аст. Инсон бидуни кӯмаки дигарон наметавонад умр ба cap барад, ҳатто агар эҳтиёҷоти ҳадди ақал бошад. Бинобар ин, қарзи фард хидмат кардан ба одамон аст ва ӯ аз одамон наметавонад аз он чи ки онҳо медиҳад, чизе бештар талаб намояд, - таъкид менамояд, Ибни Мискавейҳ.
Ба ақидаи ибни Мискавейҳ зоҳидону сӯфиён, ки худро аз атрофиён дар канор медоранд, наметавонанд ё сахӣ ва ё одил бошанд. Онҳо худро аз имконияти фарогири некӯкорӣ маҳрум мегардонанд. Инсон дар бораи нуқсонҳои худ аз тарафи дӯст ва бештар аз ҳама аз душманонаш иттилоъ пайдо мекунад.
Ибни Мискавейҳ баъд аз Афлотун хирадмандӣ, ҷасорат ва парҳезкориро ба се навъи рӯҳ вобаста мекунад, ки мавзуи онҳо некӯкории чаҳорум - адолатро падид меоварад. Некӯкориҳо ҳамчун меъёри инкоркунандаи ифрот таъриф мешававд. Инсоне, ки аз рӯзи таваллуд «лавҳи пок» мебошад, қобил аст, ки аз лиҳози назарӣ ва амалӣ бо андӯхтани маърифат ва беҳтар намудани хулқу атвор, такомул ёбад.
Хушбахтиро (саодатро) Ибни Мискавейҳ ҳамчун гунугуншаклии неъмат тафсир намуда, мепиндорад, ки он аз тандурустӣ, фаровонӣ, эҳтиром, комёбӣ ва солимфикрӣ иборат аст. Неъмат ҳам ҳадаф ва ҳам василаи ноил шудан ба хушбахтӣ аст, ки ба ақидаи Ибни Мискавейҳ нисбӣ буда, аз моҳияти мустақил маҳрум мебошад. Хушбахтии фард заминаи зарурии хушбахтии дастаҷамъии аҳли ҷомеа аст.

Последнее изменение: Среда, 23 ноября 2016, 14:20