1. Мафҳум ва мундариҷаи ахлоқ

Барои дуруст фаҳмидани мавзӯи этика донистани мафҳуми одобу ахлоқ низ ҳатмист.
Ахлоқ – ин калимаи арабӣ буда, маънояш рафтору кирдор ва сират аст.
Ахлоқ ҳамчун истилоҳи илмӣ маҷмӯи қоида, тартиботи муносибату муомилаи одамонро дар оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ахлоқ дар ҷараёни фаъолияти иҷтимоӣ,оилавӣ, меҳнатӣ, ҳамкорӣ, рафту омади сиёсӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфта, бо мурури замон рӯ ба инкишофу тағйир низ меоварад.
Масъалаи асосии ахлоқ aз фаҳмиши некию бадӣ, адолату беадолатӣ, ҳаққу ноҳаққӣ иборат буда, мақсади асосии идораи муносибати дуруст ва хайрхоҳонаи одамон аст.
Бояд таъкид кард, ки ахлоқ дорои ҳукми қонун нест. Риоя шудан ё нашудани рафтору кирдори неку бади одамонро аҳли ҷомеа, коллектив ва оила талаб ва назорат мекунад.
Ҳуқуқ ҳам меъёрҳои муносибати байни одамонро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Лекин меъёрҳои ҳуқуқиро давлат муайян мекунад ва онҳо дорои ҳукми қонун мебошанд. Назорат ва риояшудан ва ё нашудани ҳуқуқ бар дӯши давлат аст ва давлат вайронкорони қонунро ҷазо медиҳад.
Аммо рукни ахлоқ афкори умум аст. Риояи он таҳти таъсири афкори умум сурат мегирад.
Таърихи тамаддуни башар собит менамояд, ки ахлоқ ва шудану нашудани он ба ҳаёти иҷтимоӣ таъсири муҳим мерасонад. Масалан, риояи усули қоидаҳои ахлоқи ҳамида ба мисли садоқат, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва ғайра ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири мусбат расонида, суръати инкишофи онҳоро метезонанд. Баръакс, дуздӣ, фиребгарӣ, танбалӣ, чоплӯсӣ ва амсоли онҳо, ки хислатҳои ахлоқи нописанд мебошанд, ба маданияту сифати корҳои ҷамъият таъсири бад мерасонанд.

Последнее изменение: Среда, 23 ноября 2016, 14:22