2.Пояҳои аввалини ахлоқ

Пояҳои аввалини ахлоқ ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо шуда буданд. Ҷамъияти синфӣ шахсро аз гиреҳҳои қавмӣ раҳоӣ бахшида, онро шомили муносибати иҷтимоӣ гардонд ва ӯро инкишоф дод. Ҷамъият дар назди шахс масьалаи риояи меъёру қоидаҳои ахлоқ ва ҳуқуқро ба миён гузошт. Онҳо аз ҷиҳати мазмун нисбат ба урфу одат ва ахлоқи гузаштаи қавм ё қабила фарқ дошта, дар чорчӯбаи пешина ғунҷоиш надоштанд. Аз ин рӯ, меъёрҳои нави муносибату рафтор зарур шуданд. Масалан вақте, ки дин пайдо шуд, ахлоқ чузъи он гардид. Тамоми қоидаву меъёрҳои ахлоқӣ обу ранги динӣ гирифтанд. Дар доираи тасаввуроти динӣ фалсафа ба вуҷуд омад. Ахлоқ бо такомули фалсафа чузъи он гардид. Дар асрҳои миёна тасаввуф ба таълимоти мустақил табдил ёфта, доир ба одобу ахлоқи аҳли тасаввуф як силсила асарҳои ҷолиби диққат таълиф гардиданд. Вай мавзӯи баҳсу мунозираи этикаро ташкил дод. Ахлоқ ҳамчун шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ ташаккул ёфт.
Дар асри XX инкишофи инқилоби илмӣ-техникӣ, аз байн рафтани низоми истеъморгарӣ, робитаҳои ҳамкории иҷтимоию маданӣ, илмию техникӣ дар ташаккул ва инкишофу такмили этикаву ҳуқуқи башар аз нигоҳи демократию башардӯстӣ таъсири мусбию судманд расонид.
Шуури ахлоқӣ, яъне маърифати робитаи инсон бо дигар инсонҳо, ҷузъи ҷаҳонбинӣ мебошад. Интихоби рафтор ва баҳодиҳӣ, аксаран, фикру мулоҳизаҳои мураккаб, ҳиссиёти психологиро пайдо мекунад. Инсоне, ки дар рӯҳияи ахлоқи муайян тарбия ёфтааст, вазифаи ахлоқии хешро дарк карда, ба рафтори хеш баҳо дода метавонад. Ӯ метавонад тавассути виҷдон ахлоқашро бишиносад, ба худ баҳо диҳад ва масъулияти хешро дар интихоби рафтору кирдор рушд бидиҳад.
Ахлоқ ба эътиқоди ҳамдигарии инсонҳо - ибрат, афкори умум, тарбия, анъана, ашхоси бонуфуз, муассиса ё муассисаҳо такя мекунад. Азбаски ташаккул ва инкишофи ахлоқ хислати худ ба худӣ дорад, бинобар ин созмонҳои иҷтимоӣ меъёрҳои ахлоқии муносибаҳои байни одамон, мисли дӯстӣ, рафоқат, меҳру муҳаббат ва ғайраро низ тартиб дода наметавонанд. Чунки онҳо мутобиқи тақозои ҷамъият пайдо мешаванд.
Баҳои маънавии рафтор, аз ҷумла баҳои ахлоқии онро, ба инобат нагирифтан иштибоҳи бузург аст. Чунки воситаву усулҳои дигари муайян намудани ниятҳои ботинии инсон вуҷуд надоранд.
Нияти ботинӣ ‑ фаъолият, амалиёт ва рафтори инсон ҳангоми арзёбии маънавии худи инсон ҳамчун шахс дар ҳаёт нақши бузург доранд. Ҳатто риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ташаккулу анҷоми кор нуфузи ниҳоят бузург дорад.
Бap хилофи меъёрҳои маъмурӣ, ҳуқуқӣ, ки мақсадашон барпо ва мустаҳкамии тартиботи ҷамъиятист, ахлоқ, аввалтар аз ҳама, воситаи идора ва ба назм даровардани ҷаҳони ботинии инсон аст. Нақши тарбиявии ахлоқ ниҳоят бузург аст, вай ба шахс ва шуури ӯ таъсир карда, нақши танзимкунандаи рафтору кирдоро иҷро менамояд. Дар эҷоди муносибатҳои ахлоқии байни одамон дар меҳнат, маишат ва муоширати ҳаррӯза кӯмак мерасонад. Ахлоқ ҳеҷ гоҳ ба меъёр ва қоидаҳои рафтори коллектив, синф, халқ ва давлатҳо муқобил нест. Баръакс, шуури ахлоқӣ аз ҷумлаи чунин нерӯи маънавиест, ки миллионҳо нафар инсонҳоро баҳаракат меорад ва онҳоро идора мекунад. Фарҳанг ва риояи интизоми ҷамъиятӣ дар ахлоқ зоҳир мегардад.
Асри XXI дар назди низомҳои таълиму тарбиявӣ масъалаи низоми нави ахлоқу одоб ‑ этика ва этикети муосирро матраҳ кардааст, ки ин боиси дар аксарияти мамлакатҳо таъсис ёфтани пажӯҳишгоҳҳои этикаю этикети навин гардид.
Аз ин рӯ, мафҳуми ахлоқро метавон таври зайл шарҳ дод: ахлоқ мафҳуми этикӣ аст, ки қоида, меъёри рафтор, муносибат ва муомилаи байниҳамдигарии инсонҳоро ифода мекунад.
Ахлоқ дар аксарияти мамлакатҳо хислати синфии худро ба тадриҷ аз даст медиҳад. Ҳоло зери таъсири демократия гуманизму ҳуқуқи башар меъёрҳои ахлоқи умумиисонӣ арзи вуҷуд доранд: муҳаббат, саховат, шуҷоат, ростӣ, адолат, покӣ ва ғ.

Последнее изменение: Среда, 23 ноября 2016, 14:19