Тематический план
Общее
Фанни психологияи кудак дар курси 2-и иҳтисоси таҳсилоти томактабӣ омӯхта мешавад. Тибқи нақшаи таълимӣ ба омузиши фан
- 128 ё 8 кредит дар ду нимсола
- дар нимсолаи 1 - 64 соат ё 4 кредит ва
- дар нимсолаи 2- 4 кредит ё 64 соат дода шудааст.
- 16 соат лексия,
- 16 соат амали,
- 16 соат КМДРО,
- 16 соат КМД.
Тема 1
- Мавзӯи 1. Психологияи бачагона ҳамчун фан.
Давраи бачагӣ –предмети омӯзиши фан. Психологияи бачагона дар системаи илмҳо. Вазифаҳои фанни психологияи бачагона. Фалсафа асоси методологии психологияи бачагона. Робитаи фан бо педагогикаи умумӣ, педагогикаи томактабӣ, анатомия ва физиологияи синнусолӣ. Таърихи инкишофи психологияи бачагона. Сабабҳои ба миён омадани психологияи бачагона ва синнусолӣ ҳамчун илми мустақил. Аз таърихи пайдоиш ва инкишофи психологияи бачагона.
Тема 2
- Мавзӯи 2. Методологияи психологияи бачагона. Принсипҳои омӯзиши психикаи кӯдак. Методҳои тадқиқотӣ дар сихологияи бачагона.
Аҳамият ва моҳияти омӯхтани методҳои илмӣ- тадқиқотии психологияи бачагона. Методҳои асосӣ ва ёрирасон. Мушоҳидаи яклухт ва интихобӣ. Озмоиши (эксперемент) табиӣ ва лабараторӣ. Методҳои ёрирасон: сӯҳбат (фардӣ,гурӯҳӣ), пурсиш,сотсиометрия, омӯзиши маҳсули фаъолият, тест (санҷиши қобилияти фикрӣ), дугоникҳо.
Тарзи ташкил ва гузаронидани таҳқиқот бо истифодаи методҳо барои омӯхтан ва муайян кардани хусусиятҳои психологии кӯдакони синни томактабӣ.
Тема 3
- Мавзӯи 3. қонунҳои асосии инкишофи психика. Масъалаи инкишофи онтогенезии психикаи инсон.
Назарияи биогенетикӣ оид ба инкишофи психика. Нақши омилҳои биологӣ (меросӣ, ирсӣ) ва иҷтимоӣ муҳит дар инкишофи психика. Таълим ва тарбия омили асосии инкишофи психика. Таъсири байниҳамии омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инкишофи психика.Фаъолнокии кӯдак шарти муҳими инкишоф.
Тема 4
- Мавзӯи 4. Масъалаи инкишофи психика аз нигоҳи олимон.
Саҳми олимон дар омӯзиши инкишофи психика ва шуури кӯдак. Инкишофи психика аз нигоҳи А.Валлон. С.Холл ва илми педалогия-илми бардурӯѓ оид ба инкишофи кӯдак. Таълимоти З. Фрейд. Сохтори психика ва шахсият. қувваҳои ҳаракаткунандаи инкишоф ва меанизмҳои муҳофизатиӣ. Консепсияи Э. Эриксон доир ба дараҷаҳои инкишофи психика. Назарияи инкишофи зеҳнӣ ва тафаккур аз нигоҳи Ж.Пиаже. Таълимоти Ж.Пиаже ва Л.С.Виготский доир ба нутқи эгосентрикӣ.
Тема 5
- Мавзӯи 5. Таълимоти Л.С. Выготский доир ба инкишофи психика. Назарияи ташаккули функсияи олии психика.
Таълимоти Л.С.Виготский доир ба омӯзиши фанни психологияи бачагона. Инкишофи психика ва таълим. Масъалаи таълим ва инкишофи психика аз нигоҳи Л.С.Виготский. Аҳамияти назариявӣ ва амалии консепсияи инкишофи фаҳангӣ-таърихӣ дар илми психология. Минтақаи наздиктарини инкишофи психика
Тема 6
- Мавзӯи 6. Назарияи фаъолият дар психологияи муосир.
Нақши фаъолиятҳо дар инкишофи психика.Нақши фаъолияти бозӣ, таълим ва меҳнат дар инкишофи психика ва шуури кӯдак. Ягонагии шуур ва фаъолият. Инкишофи шуур дар фаъолият. Мафҳуми фаъолияти пешбаранда дар психология. Нишонаҳои асосии он. Масъалаи тақсимоти давраҳои синнусолӣ дар психологияи бачагона. Масъалаи ба давраҳои синнусолӣ ҷудо кардани кӯдакони синни томактабӣ аз нигоҳи Л.С. Виготский, А.Б. Элконин, В.В.Давыдов. Давраҳои инкишофи психика: давраи навзодӣ, тифлӣ, барвақти бачагӣ, томактабӣ. Хусусиятҳои фарқкунандаи давраҳои синнусолӣ. Таълимот дар бораи бӯҳрон.
Тема 7
- Мавзӯи 7. Хусусиятҳои инкишофи пренаталӣ (батнӣ)
Саҳми Б.Прейер дар омӯзиши инкишофи пренаталӣ дар психологияи бачагона. Инкишофи кӯдак дар батни модар. Давраҳои инкишофи пренаталӣ. Хусусиятҳои инкишофи батнии протсесҳои сенсорӣ. Афзоиши ҷанин. Давраҳои инкишофи батни аз нигоҳи динни ислом.Ташаккулёбии дилбастагӣ.
Тема 8
- Мавзӯи 8. Инкишофи психика дар давраи навзодӣ.
Давраи навзодӣ. Хусусиятҳои анатомӣ-физиологӣ ва психологии кӯдаки навзод. Давраи мутобиқшавии кӯдак ба шароити табиӣ. Рефлексҳои ѓайришартӣ (макидан,гиря кардан, ҳаракатҳои беихтиёронаи дасту пойҳо, миҷҷазадан, рефлексҳои муайянкунӣ) ва ҳосилшавии рефлексҳои шартӣ. Талаботҳои санитарию гигиенӣ оид ба навзод. Ақидаҳои мутафаккирон, олимон оид ба парвариш, таълим ва тарбияи навзод. Зинаҳои аввалини аз тарафи кӯдак донистагирии муҳити иҳодакарда. Эҳсоси ламсӣ, биноӣ, шунавоӣ, мазза ва бӯй. Ба таъсиротҳои беруна ҷавоб гардондани навзод. Комплекси баҷӯшухурӯшоӣ.
Тема 9
- Мавзӯи 9. Хусусиятҳои инкишофи психика дар давраи тифлӣ.
Давраи тифлӣ. Хусусиятҳои инкишофи анатомӣ-физиологӣ ва психологии давраи тифлӣ. Муносибати эмотсионалии кӯдак бо калонсолон. Комёбиҳои муҳими давраи тифлӣ: қапидан, муносибат бо ашё, баровардани овоз, завқ кардан, ҳаракати дасту пойҳоро идора кардан. Инкишофи хотири моторӣ- ҳаракатӣ. Хусусияти инкишофи ҷисмонии давраи тифлӣ. Хусусиятҳои инкишофи эҳсоси биноӣ, шунавоӣ, маза, бӯй ва ламсӣ дар давраи тифлӣ. Хусусияти идрок, диққат ва хотир. Фарқ кардани одамони шинос аз бегона. Ташаккули зинаҳои азхудкунии нутқ. Шунидан, тайёрӣ дидан ба баровардани овозҳо. Ифодашаваии аввалин калимаҳо.
Тема 10-аз нимсолаи дуюм
- Мавзӯи 10. Фаъолият дар давраи барвақти бачагӣ.
Хусусиятҳои инкишофи анатомӣ-физиологӣ ва психологии кӯдакони синни барвақти бачагӣ. Комёбиҳои муҳими давраи барвақти бачагӣ: ёд гирифтани роҳгардӣ, давидан, ҷаҳидан, ҳаво додан, қапидан. Фаъолияти пешбаранда дар давраи барвақти бачагӣ. Муносибати кӯдак бо ашёҳо. Истифодаи дурусти ашёҳо.
Тема 11
- Мавзӯи 11 . Фаъолият дар давраи томактабӣ.
Хусусиятҳои инкишофи ҷисмонӣ ва психикии кӯдакони синни томактабӣ. Вобастагии инкишофи психикӣ ва инкишфи ҷисмонӣ. Нақши фаъолиятҳои бозӣ, таълим ва меҳнат дар инкишофи психика ва шуури кӯдакон. Таърихи бавуҷуд омадани бозӣ. Мавқеи иҷтимоӣ доштани бозӣ. Бозӣ фаъолияти асосӣ, пешбаранда ва инкишофдиҳандаи кӯдакони синни томактабӣ. Гурӯҳбандии бозӣ. Сохтори бозиҳои нақшдору мазмуннок. Хусусиятҳои бозиҳои нақшдору мазмуннок дар гурӯҳҳои синнусолӣ. Хусусиятҳои бозиҳои миллии тоҷикӣ дар инкишофи фаъолияти маърифатӣ ва сифатҳои ахлоқӣ-иродавии кӯдакон. Роҳбарии мураббия ба бозиҳои нақшдору мазмунноки кӯдакон. Нақши машғулиятҳои таълимӣ ва сайругашт дар инкишофи ҷаҳонбинӣ, дониш, тасаввурот ва малакаҳои таълимӣ. Омодасозии тасвирӣ дар инкишофи эҳсос ва идроки кӯдакони синни томактабӣ. Тарбияи маданияти сенсории кӯдакон дар рафти мушоҳидаи гирду атроф, тағйиротҳои фасли сол, кор дар майдончаи назди ҳавлгӣ, мушоҳидаи ҳайвонот, парранда, ҳашаротҳо. Тарбияи ҳисси зебоипарастии кӯдакон. Ташаккули маҳорат ва малакаҳои меҳнатии кӯдакони синни томактабӣ: худхизматрасонӣ, хоҷагӣ-маишӣ, меҳнат дастӣ. Шартҳи асосии ташаккули маҳорат ва малакаҳои меҳнатии кӯдакони синни томактабӣ. Алоқаи фаъолияти бозӣ, таълим ва меҳнат.
Тема 12
- Ташаккули шахсияти кӯдакони синни томактабӣ. Нақши оила ва муҳити иҷтимои дар ташаккули шахсияти кудак. Намудҳои ҳиссиёт. Инкишофи нутқ. Инкишофи тафаккур.Хусусиятхои инкишофи хотир ва диққат. Хусусиятҳои инкишофи психикии кӯдак дар синну соли томактабӣ. Тайёрии психологию педагогии бача ба мактаб.