Супориш барои дарси амалӣ

СУПОРИШ БАРОИ ДАРСӣ АМАЛӢ

Мақсад: Тарзи ташкил ва гузаронидани методҳои ёрирасон:

Супориши 1.

Тартиб додани нақшаии методи озмоиш барои муайян кардани хотири кудакон.

Супориши 2.

Тартиб додани мавзӯъ ва нақшаи сӯҳбат бо кӯдакон.

Супориши 3

А)Мақсади мушоҳидаро аниқ муайян намуда, нақшаи онро тартиб диҳед ва далелҳои ба даст овардаро дар рӯзнома қайд кунед.

Б)Як нафар кӯдакро интихоб намуда дар давоми рӯз дар рафти фаъолиятхои гуногун (бозӣ, машѓулият, меҳнат) сайругашт, хурокхурӣ, хоб ва муносибат бо ашё, мураббия, ҳамсолон мушоҳида баред.

Супориши 4

Аз нақшаи  тахминии мушоҳида истифода бурда ба саволҳо ҷавоби аниқро нависед.

а)чӣ тавр кӯдак супоришро иҷро мекунад, хотиррасон кар­дан зарур аст ё не?
б)кӯдак бо коллектив чӣ тавр муносибат мекунад?
в)чӣ тавр ба сарзаниши мураббия ва ё рафиқонаш муноси­бат кард?
г)чӣ тавр ба баҳои додаи мураббия рафтор кард?
д)ӯ дар гурӯҳ рафиқ дорад, бо онҳо чӣ тавр муносибат ме­кунад?
е)сару либоси кӯдак дар кадом ҳолат аст?

Супориши 5

Аз нақшаи тахминии мушоҳида истифода бурда мизоҷи кӯдакро муайян намоед:

1.Дар  вазъиятҳои зарурии тез амал кардан, кӯдак чӣ тавр рафтор кард:

а)бе душворӣ ба иҷрои супориш шурӯъ мекунад
б)фаъолона амал мекунад
в)оромона амал мекунад ва калимаи зиёдатӣ намегӯяд
г)бе ҷуръатона ва нобоварона амал мекунад.

2.Ба сарзаниши мураббия чӣ гуна муносибатро ифода мекунад?

а)ваъда медиҳад, ки дигар чунин рафторашро такрор  намекунад, вале баъди якчанд вақт ҳамон хел рафтор мекунад
б)гӯш мекунад ва ба таври худ рафтор мекунад
в)хомӯшона гӯш мекунад
г)хомӯш, меранҷад, ѓам мехурад.

3.Бо кӯдакони дигар дар ҳолатҳои гуногун чӣ тавр гап мезанад?

а)тез, бо ҳаяҷон, вале ба суханони дигарон гӯш мекунад
б)тез, бо шавқ, вале ба суханони дигарон гӯш намедиҳад
в)оҳиста, ором, вале бо боварӣ
г)нобоварона

4.Дар шароити барояш бегона (утоқи духтур) худашро чӣ тавр ҳис мекунад?

а)бо осонӣ мутобиқ мешавад, фаъолӣ нишон медиҳад
б)фаъол, ҳаяҷоннокӣ ифода мекунад
в)оромона гирду атрофро дида мебарояд
г)бечуръатона, саргаранг мешавад

ЭЗОҲ: (а) ба мизоҷи сангвиникӣ, (б) ба мизоҷи холерикӣ, (в) ба мизоҷи флегматикӣ, (г) ба мизоҷи меланхоликӣ хос аст.

Мақсади методи озмоиш - аз муайян намудани хусусиятҳои фардӣ-психологӣ, ҳолатҳои эмотсионалӣ-иродавии кӯдакони синни томактабӣ

Супориши 6.

Кӯдаки интихобкардаро дар рафти фаъолиятҳои гуногун омӯхта, тарзи ташкил ва гузаронидани озмоиши табиию лабораториро ба хотир овардан.

а)муайян кардани идроки расмҳои мазмуннок, аз нав нақл кардани мазмуни ҳикояю афсонаҳо
б)муайян намудани хусусиятҳои хотири кӯдаки интихобшуда:

    -сӯҳбат дар бораи аъзоёни оила, номи онҳо, ба кадом фаъолият машѓуланд, дар кадом маҳалла ё кӯча зиндагӣ мекунад;
    -шеъри дустдоштаашро қироат кунад;
    -қаҳрамонҳои филмҳои тасвирии дӯстдоштаашро номбар кунад;
    -афсонаи дӯстдоштаашро нақл кунад;
    -ному насаби мураббӣ, кӯдакони гурӯҳро номбар кунад.

Супориши 7

Мақсади методи сӯҳбат - омӯхтани захираи луѓавӣ, нутқи мураттаби кӯдакони синни томактабӣ.

Интихоби мавзӯи сӯҳбат ва тартиб додани нақшаи он:

    -оилаи шумо, шуѓли аъзоёни оила, рафиқи (дугонаи) дӯстдоштаи ту, орзуи ту дар оянда, касби дӯстдоштаи ту;
    -рӯзи истироҳатиро чӣ тавр, бо кӣ ва дар куҷо гузарондӣ?;
    -кадом барномаҳои телевизионии барои кӯдаконро медонӣ, кадоме аз онҳоро бештар дӯст медорӣ?;
    -рӯзи таваллудатро чӣ тавр гузаронидани ҳастӣ, киҳоро даъват мекунӣ?;

Мақсади методи сотсиометрия - муайян намудани муносибати байнщамдигарии дохили коллектива кӯдакон.

Супориши 8.                            

Тарзи ташкил ва гузаронидани методи  сотсиометрияро ба хотир овардан ва хусусиятҳои муносибати байниҳамии кӯдакони гурӯҳро муайян кардан: тифоқӣ, якдигарфаҳмӣ, номуташаккилӣ. Мавқеи кӯдаки интихобшударо дар байни кӯдакони гурӯҳ муайян кардан: ӯро дӯст медоранд ё не? Ба фикри ӯ розӣ мешаванд ё розӣ намешаванд? ӯро ба бозӣ даъват мекунанд ё не? Нисбати ӯ бетафовутӣ зоҳир мекунанд, аз бозӣ дур мекунанд.

Супориши 9.

Кӯдаки интихобшударо ба наздатон даъват мекунед, ба ӯ 3-то бозичаҳоро нишон дода мепурсед, ки кадоме аз ин бозичаҳо (лӯхтакча, мошин, кубик) ба у бештар маъқул аст? Аз ӯ хоҳиш мекунед, ки бозичаи ба худаш маъқулро ба ҷевони рафиқи дӯст медоштагиаш бурда монад. Бозичаи дуюмро (мошинча) ба ҷевони ҳамон кӯдакеро, ки барояш намунаи ибрат аст, монад. Бозичаи сеюмро ба ҷевони кадоме аз кӯдакон хоҳад, бурда монад.

Муносибати кӯдаки интихобшударо бо кӯдакони гурӯҳ муайян намуда, нисбати кӯдаки сеюм бетафовутии ӯро аниқ карда, сабаби онро фаҳмида сӯҳбат мегузаронед.

Мақсади методи омӯзиши маҳсули фаъолияти кӯдакон - аз рӯи иҷрои фаъолияти санъати тасвирӣ (расмкашӣ, гулмонӣ, суробсозӣ, меҳнати дастӣ) маҳорат ва қобилияти кӯдаки интихобшударо муайян намуда баҳо додан.

Супориши 10.

Бо фаъолиятҳои санъати тасвирӣ (расмкашӣ, гулмонӣ, суроб­созӣ) ва меҳнати дастии кӯдакони синни калон ва давраи омодагӣ ба мактаб шинос шуда, омӯхта, маҳорат ва қобилияти онҳоро му­айян кунед ва баҳо диҳед. Иҷрои фаъолияти кӯдакони гурӯҳро бо кӯдаки интихобшуда муқоиса намоед ва муайян кунед, ки ӯ супоришро нисбати кӯдакони дигар дар кадом дараҷа (беҳтар, миёна, бадтар) иҷро кардааст.

КМРУ. Иҷроиши тести психологии «расми» - и «Хона, дарахт, одам», (аз рӯи таҳлили расмҳо муайян намудани хусусиятҳои инфиродии психологии донишҷӯён).


Последнее изменение: Понедельник, 13 марта 2017, 13:18