Topic outline

  • ПЕШГУФТОР

    Комплекси таълимӣ-методӣ  оид ба курси методикаи таълими биология мувофиқи талаботи стандарти нави таҳсилот  ва нақшаҳои нави таълимии ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз рӯи ихтисоси № 1-33 -02-01-01 «Биология» барои факултаи  биология мураттаб сохта шудааст.      

     Курси мазкур барои тайёр намудани мутахасисони ояндаи соҳаи омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст. Ин фан донишҷӯёнро бо паҳлӯҳои асосии назарияи муосири таълими биология дар мактаб шиносо намуда, дар рафти машѓулиятҳои назарию амалӣ, инчунин таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои таҳсилоти  умумӣ ва махсус дар ниҳоди донишҷӯён маҳорату малакаҳои барои фаъолияти амалии омӯзгори  биология муҳим, аз он ҷумла салоҳиятҳои коммуникативӣ ва касбии онҳоро  ҳосил намуда,  ташаккул медиҳад.

                Фанни «Методикаи таълими биология» ба гурӯҳи фанҳои ҳатмии бахши  фанҳои умумикасбӣ аз рӯи ихтисоси 1-33-02-01-01 «Биология» дохил мешавад.

     Дар нақшаи таълимии заминавӣ, нақшаи корӣ аз рӯи ихтисос ва Барномаи таълим барои омӯзиши фанни мазкур дар як семестр 6 кредит (96 соат) ҷудо шудааст. Барои таълими назариявӣ 3 кредит (48 соат), машѓулиятҳои амалӣ 1 кредит (16 соат), барои машѓулиятҳои аудитории корҳои мустақилонаи  донишҷӯён (КМДРО) 2 кредит (32 соат) ҷудо шудааст.  Фанни мазкур дар семестри  панчум ва шашум ба нақша гирифта шудааст.

    Дарсҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои  мустақилонаи донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгор (КМДРО) дар ҷадвали дарсҳо гузошта мешаванд  ва ба сарбории умумии таълимии омӯзгор ва донишҷӯ ворид карда мешаванд. Номгӯи корҳо ва супоришҳои барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) пешбинишуда (2 кредит) ба ҳаҷми умумии сарбории омӯзгор дохил намешавад. Аммо омӯзгори фан рафти иҷрои КМД-ро назорат мебарад ва дар журнали кафедра қайд мегузорад. 


  • Комплекси таълимӣ-методӣ оид ба курси методикаи таълими биология

    Мураттибонномзади илмҳои педагогӣ, дотсент -  Баротов К.А.

    номзади илмҳои педагогӣ, дотсент -  Шарипов М. 

    • Пешгуфтор

      Комплекси таълимӣ-методӣ  оид ба курси методикаи таълими биология мувофиқи талаботи стандарти нави таҳсилот  ва нақшаҳои нави таълимии ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз рӯи ихтисоси № 1-33 -02-01-01 «Биология» барои факултаи  биология мураттаб сохта шудааст.      

       Курси мазкур барои тайёр намудани мутахасисони ояндаи соҳаи омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст. Ин фан донишҷӯёнро бо паҳлӯҳои асосии назарияи муосири таълими биология дар мактаб шиносо намуда, дар рафти машѓулиятҳои назарию амалӣ, инчунин таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои таҳсилоти  умумӣ ва махсус дар ниҳоди донишҷӯён маҳорату малакаҳои барои фаъолияти амалии омӯзгори  биология муҳим, аз он ҷумла салоҳиятҳои коммуникативӣ ва касбии онҳоро  ҳосил намуда,  ташаккул медиҳад.

                  Фанни «Методикаи таълими биология» ба гурӯҳи фанҳои ҳатмии бахши  фанҳои умумикасбӣ аз рӯи ихтисоси 1-33-02-01-01 «Биология» дохил мешавад.

       Дар нақшаи таълимии заминавӣ, нақшаи корӣ аз рӯи ихтисос ва Барномаи таълим барои омӯзиши фанни мазкур дар як семестр 6 кредит (96 соат) ҷудо шудааст. Барои таълими назариявӣ 3 кредит (48 соат), машѓулиятҳои амалӣ 1 кредит (16 соат), барои машѓулиятҳои аудитории корҳои мустақилонаи  донишҷӯён (КМДРО) 2 кредит (32 соат) ҷудо шудааст.  Фанни мазкур дар семестри  панчум ва шашум ба нақша гирифта шудааст.

      Дарсҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои  мустақилонаи донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгор (КМДРО) дар ҷадвали дарсҳо гузошта мешаванд  ва ба сарбории умумии таълимии омӯзгор ва донишҷӯ ворид карда мешаванд. Номгӯи корҳо ва супоришҳои барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) пешбинишуда (2 кредит) ба ҳаҷми умумии сарбории омӯзгор дохил намешавад. Аммо омӯзгори фан рафти иҷрои КМД-ро назорат мебарад ва дар журнали кафедра қайд мегузорад. 

      • I. БАРНОМАИ КОРИИ ФАН

        1.1. Мақоми фан дар тайёрии касбии донишҷӯён

                 Курси методикаи  таълими биология дар факултети биологияи донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ яке аз фанҳои умумикасбӣ ба шумор рафта, дар тайёр намудани омӯзгорони баландихтисоси  фанни биология барои мактабҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ, касбӣ ва махсус саҳми арзанда мегузорад.

                 Тайёр кардани омӯзгорони  фанни биология соҳаи мутлақо махсуси  мактаби олӣ ба шумор меравад. Донишҷӯи имрӯза, ки дар оянда омӯзгори   фанни биология мешавад, на танҳо мавзуъхои фанро комилан бояд хуб донад, балки дар баробари он ба асосҳои  маҳорати  педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими биология  дар мактаб ҳамаҷониба омӯзад. Вагарна ӯ дар кори таълими биология ба шогирдон ба натиҷаҳои  матлуб комёб нахоҳад гашт.

      • II. МАВОДИ ДИДАКТИКӢ

        2.1. Шарҳи мухтасари  истилоҳоте, ки дар  комплекси  таълимӣ-методӣ  зикр ёфтаанд:

      • II. МАВОДИ ДИДАКТИКӢ

        2.2. Фишурдаи матни лексия

        Мавзӯъ:  «Методикаи таълими биология – илмӣ педагогика».

         

        Мақсади дарс:  Додани маълумот дар бораи  МТБ ҳамчун илми педагогика.

        Таҷҳизоти дарс: Китоби таълимӣ  ва нақшаи «Сохтори омӯзиш методикаи таълими биология».

      • II. МАВОДИ ДИДАКТИКӢ

        Мавзӯъ: «Давраҳои асосии таърихи инкишофи методикаи таълими биология».

         

        Мақсади дарс:  Ба донишҷуён барраси  намудани «Давраҳои асосии таърихи инкишофи методикаи таълими биология».

        Таҷҳизоти дарс: Китоби таълимӣ ва таблитсаҳои «Давраҳои инкишофи МТБ».

      • II. МАВОДИ ДИДАКТИКӢ

        Мавзӯъ: «Мазмун ва вазифаҳои омӯзиши курси биологияи мактабӣ».

         

        Мақсади дарс:  Омӯзиши «Мазмун ва вазифаҳои омӯзиши курси биологияи мактабӣ».

        Таҷҳизоти дарс: Китоби таълимӣ, нақшаи асоси омӯзиши таълими биологияи мактабӣ.