Мавзӯъ: «Давраҳои асосии таърихи инкишофи методикаи таълими биология».

Равиши дарс

Таълими илмҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла биология таърихи зиёда аз 1000 сола дорад, ки он давраҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Давраи то Шӯравӣ.
  2. Давраи Шӯравӣ.
  3.  Давраи соҳибистиқлолӣ.

1. Д а в р а и   т о   Ш ӯ р а в ӣ.  То ѓалабаи инқилоби Октябр дар тамоми марказҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Бухорои Шарқӣ, ки Тоҷикистони имрӯза ба он дохил мешуд, нисбати омӯзишу инкишофи илмҳои табиатшиносӣ махсусан физика, кимиё, геология, ҷуѓрофия, астрономия, биология ва даҳҳо шохаҳои ҷудогонаи ин илм имконият маҳдуд буд ва ба омӯзиши ин фанҳо диққати ҷиддӣ дода намешуданд. Бо вуҷуди ин як гурӯҳ олимони форсу тоҷик ба монанди Абӯали Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Сулаймон Муҳаммади Балхӣ, Зикриё Муҳаммади Казвинӣ дар омӯзишу инкишофи илмҳои табиатшиносӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Абӯалӣ Ибни Сино (980-1037).  Файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги тоҷик Ибни Сино дар даҳсолагиаш сарфу наҳв ва илми адабро хуб омӯхт. Вай дар назди устодонаш асосҳои мантиқ, фалсафа, фиқҳ ва риёзиётро аз бар кард. Дар охир ба омӯзиши тиб шурӯъ намуда, ин илмро ба хубӣ аз худ намуд.

Ибни Сино дар синни 17-солагӣ чун олими баркамол ба воя расида буд. Осори ӯ бениҳоят зиёд аст: вай муаллифи беш аз чорсад асар буда, баъзеашон, аз ҷумла «Китоб – ул – инсоф» (20 ҷилд) аз байн рафтааст. Аз асарҳои маҳфузи Ибни Сино «Ал-ҳосил ва-л-маҳсул», «Ишорот ва танбеҳот», «Донишнома», «Ал-қонун фит-тиб» ва ѓайраҳо аҳамияти бузурги таърихӣ – фарҳанги ва илмӣ доранд. Китоби «Алқонун»-и Ибни Сино дар арзи шаш аср манбаи донишҳои тиббӣ ва китоби дарсии табибони Шарқу ѓарб буд. Асарҳои навиштаи ӯ «Китоб-уш-шифо» (18 ҷилд), «Рисолаи кимиё», «Рисолаи набз» ва ѓ…… ба омӯзиши биология – ҳаётшиносӣ бахшида шудааст.

Абурайҳонӣ Берунӣ (973-1048) яке аз олимони барҷастаи замонаш буда, дар давраи Сомониён фаъолият намудааст. Олими энсиклопедист Берунӣ дар соҳаҳои гуногуни илм саҳми босазое дорад. Дар китоби худ «Ал-қонун-ал-масъуди фи -ал-хайя ва нуҷум» вобастагии илмҳои нуҷум, риёзиёт ва физикаро нишон дода, тақвими беҳтарин, хронологияи саҳеҳи вақтро асоснок намуда, ҷадвали муфассали бисёр амалҳоро пешниҳод намудааст. Асарҳои дигари ӯ «Хордаҳо», «Сояҳо», «Рашикаҳо» ба соҳаҳои риёзиёт, ҷуѓрофия ва дигар илмҳои табиатшиносӣ бахшида шудаанд. Дар асарҳои Берунӣ оид ба тиб, кимиё ва сарватҳои табиӣ маълумотҳо оварда шудаанд. ӯ ҳамчун олими соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, рисолаҳои «Китоб – ут – тафҳим»,  «Дар олами аҷоибот» - ро навиштааст. Дар ҳамин давра китоби «ҳудудул-олам» (оиди табиат) ба забони тоҷикӣ – форсӣ навишта шуд, ки ҳоло дар китобхонаи Санкт-Петербург маҳфуз аст.

Саъдиӣ Шерозӣ (1203-1292).  Китоби «Гулистон» соли 1258 навишта шудааст. Дар он ҳикояҳои тамсилӣ мавҷуд аст, ки қаҳрамонҳои асосӣ ҳайвонот буда, ба воситаи онҳо ба тариқи рамз хислатҳои бади инсонӣ мазаммат мешавад. Саъдӣ дар ин китоби худ, на ин ки дар бораи панду ахлоқ сухан рондааст, балки хусусиятҳои фаъолияти ҳаётии ҳайвонотҳои ҷудогонаро таҳлил намудааст. Дар тӯли асрҳо «Гулистон» дар мактабҳои Мовароуннаҳр, Афѓонистон, Эрон, Туркия, Озорбойҷон, Ироқ ва кишварҳои дигаре, ки ба забони форсӣ – тоҷикӣ сарукор доштанд, ба сифати китоби дарсӣ ё китоби хониш хизмат кардааст.

«Гулистон» китобе мебошад, ки дар давоми солҳои 1651-1975 бештар аз 250 маротиба дар кишварҳои шарқу ѓарб ба табъ расидааст. Саъдӣ дар замони худ чун олим робита ва таҳаввули тамоми организмҳои зиндаро дарк карда, онро дар мисраҳои зерин инъикос кардааст:

Бани  Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гаҳваранд.

Чу узве ба дар оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон бехабарӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ  ( 1414-1492)  соли 1487   «Баҳористон»-ро  дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ чун китоби дарсӣ таълиф намудааст. «Баҳористон» аз муқаддима ва ҳашт боб иборат буда, ҳикояҳои тамсилиро дарбар мегирад. Он аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, дар хонанда ахлоқи некро нисбат ба ҳайвонот мепарварад. «Баҳористон» ба забони лотинӣ (1778), немисӣ (1846), англисӣ (1837), русӣ (1935 ва 1964), чехӣ (1957), озорбойҷонӣ (1964) тарҷума шуда ба табъ расидааст.

      Барои омӯзиши олами ҳайвоноти Осиёи Миёна бо дархости ҳокими Бухоро Абдуллохони 2 Сулаймон Муҳаммади Балхӣ (1557-1598) соли 1580 китоби «Маҷмуа-ал-ѓароиб»-ро навишт, ки аз 15 боб иборат буда, 5 бобаш ба олами набототу  ҳайвонот бахшида шудааст.

      Муҳаммад Ал-Бухороӣ соли 1852 китоби «Чаҳорбоѓи гулҳо» ва «Олами ҳайвонот» -ро  дар бораи набототу ҳайвонот иншо кардааст.

      Зикриё Муҳаммади Қазвинӣ  соли 1885 дар Эрону ҳиндустон китоби «Аҷоиб-ул-мулоқот»-ро чоп кардааст, ки он ба омӯзиши ҳайвонот бахшида шудааст ва онро соли 1909 дар Бухоро пайдо карданд.

      Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна (соли 1868) дар ин минтақа мактабҳои усули ҷадид пайдо шудаанд, ки илмҳои табиатшиносӣ аз рӯи фаслҳои алоҳидаи биология дар онҳо омӯхта мешуданд. Дар ин давра профессор Половсов Валериан Викторович (1862-1919) «Барнома доир ба ботаникаи мактабӣ» (1864), дастур доир ба «Таълими мухтасари ботаника»-ро (1910) навишта, методикаи омӯзиши биологияро пешниҳод намуд. Бояд гуфт, ки В.В. Половсовро ҳамчун методисти барҷастаи асри ХХ меҳисобанд, чунки ӯ ягона олиме буд, ки омӯзиши биологияро мувофиқи зинаҳои алоҳида: табиатшиносӣ, ботаника, зоология ва дарвинизм аз рӯи барномаи махсус пешниҳод кардааст.

2. Д а в р а и    ш ӯ р а в ӣ . Баъди инқилоби Октябр дар Тоҷикистон мактабҳои нави умумӣ пайдо шуданд, ки дар онҳо писарону духтарон якҷоя таълим мегирифтанд. Вазифаи асосии ин мактабҳо тайёр кардани хонандагони назарияи материалистӣ дошта буд.

Бояд гуфт, ки дар аввал таълими илмҳои табиатшиносӣ яке аз ҷойҳои асосиро дар нақшаи таълимии мактабҳо мегирифт. Ин буд, ки соли 1920 барои омӯзиши фанни биология 22 соат дар ҳафта ҷудо карда шуда, он аз синфи чорум  таълим дода мешуд. Ин миқдор соатҳо оҳиста оҳиста кам шудан гирифт: соли 1927 он  ба 17 соат, соли 1933 ба 15 соат, соли 1963 ба 11соат, солҳои 1980 – 1992 ба 14 соат расид.

Таълими фанни биология дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ  аз рӯи зинаҳои зерин омӯхта мешуд: табиатшиносӣ - синфи IV, ботаника-синфҳои V-VI, зоология (аз чоряки IV) - синфҳои VI-VII, анатомия - синфи VIII, биологияи умумӣ - синфҳои IХ-Х.

Яке аз методистони намоёни соҳаи биология Борис Евгеневич Райков (1880 – 1966) оид ба проблемаҳои методикаи таълим, дар китоби дарсии зоология таѓйирот дохил карда, омӯзиши биологияи  умумиро соли 1965 дар мактабҳо ҷорӣ намуд. ӯ аввалин шуда китоби «Методикаи умумии таълими биология» -ро барои донишкадаҳои омӯзгорӣ таҳия намудааст.

Баъди он соли 1972  олимон - методистҳо Верзилин Н.М., Корсунская  В. М.  китоби нави дарсии  методикаи таълими биологияро барои мактабҳои олии омӯзгорӣ навиштанд, ки нашри дуюми он соли 1976,  нашри сеюм соли 1983 ва нашри чоруми он соли 1988 чоп шуд. То давраи соҳибистиқлолӣ он ҳамчун китоби методии дарсӣ ҳисоб мешуд.

Дар ин давра бо омадани сайёҳони рус, олимон ва мутахассисони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ ба Осиёи Миёна омӯзиши олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон оѓоз ёфт. Дар ин кор хизмати олимон Н.И. Вавилов, А.П. Богданов, Г.А. Кожевников, А.П.Семенов, А.А. Тихомиров, А.П. Федченко, В.Ф. Ошанин, Г.Г. Якобсон ва ѓ… ниҳоят калон аст.

Соли 1932 дар Тоҷикистон шӯъбаи Академияи илмҳои Россия таъсис ёфт, ки сарварии онро Е.Н. Павловский ба ӯҳда дошт. Ин муассисаи илмӣ дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи илми биология замина гузошт.

Дар пешравии илми биология олимони тоҷик М.Н. Нарзиқулов, Ю.С. Носиров, И.А. Абдусаломов, Х.Х. Каримов, И.А. Саломов, И.А. Дониёров, А. Тураев, М.Ҷалилов, методистони соҳаи таълими биология: М. Яҳёева, Э.Маҳмудова ва дигарон ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

4. Д а в р а и    с о ҳ и б и с т и қ л о л ӣ. Баъди соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-сентябри соли 1991 дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ, аз он ҷумла дар соҳаи маориф низ дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Дар ин давра як қатор қонунҳо «Дар бораи маориф», «Консепсияи мактабҳои миллӣ», «Низомномаи мактабҳои таҳсилоти  умумӣ» таҳия ва қабул карда шудаанд. Мактабҳои нав ба монанди: мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсейҳо ва мактабҳои хусусӣ пайдо шудаанд.Олимон – методистони соҳаи биология С. Мирзоев, ҳ. Абдуллозода, М.М. Шарипов ва К. Баротов (солҳои 2001 – 2006) оид ба методикаи таълими биология барои мактабҳои олии омӯзгорӣ барнома тайёр намуданд. Аз тарафи онҳо дастурҳои таълимӣ доир ба «Корҳои берун аз синфӣ аз биология», «Гӯшаи зиндаи табиат, экскурсияҳои биологӣ», ва «Корҳои курсӣ аз фанни методикаи таълими биология» нашр шуд.

Омӯзиши фанни биология дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи равияҳои: умумӣ, гуманитарӣ ва табиӣю риёзӣ ҷорӣ гардиданд, ки миқдори омӯзиши соатҳо дар ҳафта чунин муайян шуда буд.

Дар равияи умуми ва гуманитарӣ:

           ботаника, синфи V -2соат;

ботаника, синфи VI– 2соат;

зоология, синфи VII -2соат;

зоология,  синфи VIII - 2соат;

анатомия, синфи IХ– 2соат;

биологияи умумӣ, синфи Х -2соат;

биологияи умумӣ, синфи ХI – 2соат.

 

Дар равияи табиию риёзӣ:

           ботаника, синфи V -3соат;

ботаника, синфи VI– 3соат;

зоология, синфи VII -3соат;

зоология,  синфи VIII - 3соат;

анатомия, синфи IХ– 3соат;

биологияи умумӣ, синфи Х -3соат;

биологияи умумӣ, синфи ХI – 3соат.

Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Академияи илмҳои  педагогӣ ташкил гардид, ки сарварии он ба зиммаи академик М. Лутфуллоев  вогузор карда шуд. Олимони Академия бо  якҷоягии устодони донишгоҳҳо донишкадаҳои омӯзгорӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ ба таҳияи нави китобҳои таълимӣ ва барномаҳои он машѓул шудаанд. Дар солҳои 2000 то солҳои 2007 аз тарафи олимони биолог:  Сатторов Т.С., Султонов С., Маҳмадзиёев А. ва Савлатов С. бо сарварии академик Зубайдов У. барномаҳои нави таълимӣ тартиб дода шуданд.

Дар зери таҳияи Султонов  С. – Ботаника, синфи  V-VI, Маҳмадзиёев А. – Зоология, синфи VII, Сатторов Т.С. – Зоология, синфи VIII, Устоев М. – Одам, синфи IХ, Маҳмадзиёев А., Савлатов С., Султонов С. ва Тошев А. – Биологияи умумӣ, синфи Х-ХI  китобҳои таълимӣ –дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ интишор гардиданд.

 

Последнее изменение: Пятница, 11 января 2002, 05:51