Методикаи таълими биология – илмӣ педагогика

Равиши дарс:

 М е т о д и к а и   т а ъ л и м и    б и о л о г и я – ин илмест, ки системаи раванди таълиму тарбия ва хусусиятҳои фанни  мактабиро дар бар гирифта шакл ва усулҳои таълиму тарбияи фанни биологияи мактабиро меомӯзад. Он ба масъалаҳои: чӣ тавр ва ба кадом восита таълиму тарбия додан ҷавоб медиҳад. Донишҳои ин фан ба  муаллими биология имконият медиҳад, ки кори худро мувофиқи он ба роҳ монад.

Биология ҳамчун омӯзиши табиати зинда, бо шаклу усулҳои таълими махсус аз дигар фанҳо фарқ мекунад. Дар бахшҳои биология  (растаниҳо, ҳайвонот ва одам) объектҳои муайян ва таѓъиротҳои мураккаби табиати зинда омӯхта мешавад, ки он бо истифодаи шаклҳои махсуси воситаҳои таълим (экскурсия, корҳои лабараторӣ, корҳои берун аз синфӣ, берун аз дарсӣ) амалӣ гардонида мешавад. Барои он ки омӯзиши биология дар мактаб самараи хуб диҳад пеш аз ҳама заминаи моддии  таълимӣ:  кабинети ҷиҳозонидаи биология, гӯшаи зиндаи табиат, қитъаи таълимӣ – таҷрибавии назди мактабӣ лозим аст.

Бояд гуфт,ки  омӯзиши биологияи мактабӣ дар таълиму тарбия яке аз вазифаҳои асосиро иҷро мекунад. Гузаронидани  корҳои амалӣ дар лаборатория, қитъаи таълимӣ - таҷрибавӣ, гӯшаи зиндаи табиат, маҳфилҳои биологҳои ҷавон барои тарбияи хонандагон аҳамияти ниҳоят калон дорад. Он қобилияти дарккуниро инкишоф дода, дар талабагон маҳорати корҳои ташкилӣ, меҳнати маданӣ ва коллективизмро пайдо мекунад.

Сохтори методикаи омӯзиши таълими биология ба  м е т о д и к а и

у м у м и и    о м ӯ з и ш и    б и о л о г и я  ва  м е т о д и к а ҳ о и   а л о -

ҳ и д а ҷудо мешавад. (Накшаи № 1).

Дар методикаи омӯзиши умумии биология масъалаҳои таълими ҳамаи бахшҳои биология фаро гирифта шудааст, ки дар он доир ба ягонагии  методҳои таълим, омӯзиш, алоқамандии байни шаклҳои корҳои методӣ ва зинаҳои омӯхтани фаслҳои биология маълумот дода мешавад. Методикаи умумии таълими биология масъалаҳои ягонагӣ ва инкишофи ҳамаи унсурҳои тарбияро дар раванди таълими биология муайян мекунад.

Методикаи алоҳидаи таълим бошад омӯзиши алоҳидаи ҳар як курси биология: ботаника (растанӣ), зоология (ҳайвонот), одам (анатомия физиология ва гигиенаи одам)   ва биологияи умумиро дар бар мегирад. Дар қисми методикаи алоҳидаи таълими биология  масъалаҳои омӯзиши ҳар як фасл бо мазмуни мавзӯъҳои таълимӣ ва таснифи методҳои дарс, экскурсия, корҳои берун аз синфӣ, берун аз дарсӣ ва ѓ… омӯхта мешавад.

Муаллими биология на танҳо методикаи омӯзиши ҳар як фасли алоҳидаи биологияро донад, балки принсипҳои умумӣ, вазифаҳои омӯзиши биология, алоқамандии байни фанҳоро бо хусусиятҳои хосаш омӯзад.

 

Адабиёт

  1. Абдуллозода ҳ. – Ташкил намудани дафтар аз фанни биология ва роҳҳои истифода бурдани он дар рафти таълим- Кӯлоб, 1991.
  2. Абдуллозода ҳ., М. Шарипов. Гӯшаи зиндаи табиат дар ва экскурсияҳои биологӣ. –Душанбе, 2005с.
  3. Абдуллозода ҳ.,М. Шарипов. Корҳои курсӣ аз методикаи таълими биология (дастури методӣ). ДДОТ  2006.
  4. Абдусаломов И.А. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон. -Д.: «Маориф»,  1989.
  5. Акрамов С. Зоология (китоби дарсӣ барои синфи 8. -Д.: «Суруш»,  2004.
  6. Анисимова В.С. Маълумотҳои политехникӣ ва интихоби касб дар таълими биология. -Д.:, «Маориф», 1986.
  7. Ахмедов Т., Ашурова М. Педагогика дар саволу ҷавобҳо (дастури таълимӣ). РТСУ 2007.
  8. Барномаи таълими биология барои синфҳои V-VI/ Мураттибон: Султонов С., Станюкович М., Тошев А.. Д.:, 1993.
  9. Барномаи зоология /Мураттибон: Тураев А., Маҳмадзиёев А.-Д.:, 1993.
  10. Барномаи инсон ва саломатӣ.-Д.:, 1993.
  11. Беляев  Д.К. и др. Общая биология.-М.: Просвещение, 1985.
  12. Бровкина Е.Т., Казьмина Н.И. Уроки зоологии.-М.:     Просвеще-ние, 1987.
  13. Бруновт Е.П., Малахова Г.Я., Соколова Е.А.Уроки анатомии, физиологии и гигиены человека.-М.: Просвещение, 1984.
  14. Бруновт Е.П, Зверев И.Д., Малахова Г.Я. и др. Методика обучения анатомии, физиологии и гигиены человека.-М.: Просвещение, 1973.
  15. Верзилин Н.М., Корсунская  В. М. Общая методика преподавания биологии. 4-е изд.-М.: Просвещение, 1983.
  16. Всесвятский Б.В. Общая методика биологии.-М.: Учпедгиз, 1960.
  17. Всесвятский Б.В. Системний подход к биологическому образованию в средней школе. -М.: Просвещение, 1985.
  18. Вульфов Б.З., Поташник М.М. Организатор внеклассной и внешкольной работы. Содержание и методика деятельности.-М.: Просвещение, 1983.
  19. Зверев И.Д., Мягков А.Н., Бруновт Е.П.  Воспитание учащихся в процессе обучение биологии.-М.: Просвещение, 1984.
  20. Зверев И.Д., Мякова А.Н. Общая методика преподования биологии. -М.: Просвещение, 1985.
  21.  Зверева И.Д. Проблемы методики обучения биологии в средней школе. -М.: Изд. Педагогика. 1978.
  22. Каримов Б. Корҳои лабораторӣ ва амалӣ аз биология. //Мактаби советӣ. №3.1980.
  23.  Козырь И.В., Суворова П.И., Цузмер А.М. Методика преподования анатомии и физиологии. Учпедгиз, 1985.
  24. Корсунская В.М., Мироненко З.А., Верзилин Н.М. Уроки общей биологии.-М.: Просвещение, 1986.
  25.  Корчагина В.А. Ботаника (китоби дарсии синфи V-VI). «Маориф», -1980.
  26. Кузнецова В.И. Уроки ботаники.-М.: Просвещение, 1985.
  27. 27.                            Методика обучения ботаники / Под ред. Падальков Н.В., Федерова В.Н.,   .Шапошников Н.И., Кудрявцева Е.М., Шубкина Л.С. -М.: Просвещение,1977.
  28.  Муртазин Г.М. Активние формы и методы обучения биологии.-М.: Просвещение, 1989.
  29.  Маҳмадзиёев А.М. Зоология - китоби дарсӣ барои синфи 7, нашриёти «Сарпараст», 2001.
  30.   Методика современного урока биологии. Методические рекомендации под редакцией доктора педогогических наук, профессора МГПИ им. В.И.Ленина, Ливикой М.М., -М.:Просвещение, 1978.
  31.  Мягкова А. Я.  Зоология.- М.: Просвещение,1982.
  32.   Наумов  Д.Я.    Зоология. - М.: Просвещение, 1982.
  33.   Никишов А.И., Мокеева З.А., Орловская Е.В., Семенова А.М. Внеклассная работа по биологии. - М.: Просвещение, 1980.
  34.  Попорков М.А. Учебно – опытное работа на пришкольном участке. М.: Просвещение, 1974.
  35.  Полянский Ю.И. Биологияи умумӣ (китоби дарсӣ барои синфҳои Х-ХI). Д.: «Маориф», 1991.
  36. Проблемы методики обучения биологии в средней школе Под ред. И.Д. Зверева-М.: Педагогика, 1987.
  37.  Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. Д.: «ҳумо», 2007.
  38.  Рыков Н.А. Рукаводство к практическим занятиям по методике преподавания зоологии.-М.: Просвещение, 1976.
  39.  Рыков Н.А. Зоология с основами экологии животных.-М.: Просвещение, 1981.
  40.  Сатторов Т.С., ҳ.Абдуллзода., К.Баротов., М.Шарипов. Корҳои берун аз синфӣ аз биология. Душанбе. 2003.
  41.  Султонов С., Нигмонов Н., Маҳмадзиёев А., Савлатов С. Барномаи биология барои синфҳои V-ХI.  ҷ.с., «Матбуот», 2002.
  42. Cатторов Т.С., Баҳридинов Н.Б., Муҳиддинов М., Раҳмонова С.Х. ва Ортиқов М.О. Роҳҳои таълими мавзӯъҳои асосии биология умумӣ. –Д.:, 1994.
  43.  Сатторов Т.С.  Зоология -  китоби дарсӣ барои синфи 8, нашриёти «Сарпараст», 2001.
  44. Сатторов Т.С. Тарзи таълими номҳои тоҷикии синфи хазандагон дар дарсҳои зоология. Мактаби Советӣ.-1983.-№2. с.31,33
  45.  Совершенствование содержания образования в школе/Под ред. И.Д. Зверева М.П.Кашина.- М.: Педагогика, 1985.
  46.  Султонов С.С.  Ботаника - китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6, нашриёти «Сарпараст»
  47.  Тошев А. Кимиё раҳнамои муаллим. ПУПТ, 1993.
  48. Трайтак Д.И. Как сделать интересной внеклассную работу по биологии. -М.: Провещение, 1989.
  49.  Трайтак Д.И. Книга для чтения по ботанике.- М.: Просвещение, 1985.
  50.   Тураев А. Тарзи таълими номҳои тоҷикӣ қатори хояндагон дар дарсҳои биология, зоология. //, Мактаби Советӣ.-1987.-№1. саҳ.40,41.
  51.  Тураев А. Истифодаи маводҳои кишваршиносӣ дар дарсҳои зоология. //.Мактаби Советӣ.-1988.- №2. с.36, 37, ва –1990.-№4. с.40,41.
  52.  Уроки общей биологии / Под ред. Корсунская В.М, Мокеева З.А, Верзилин -М.: Просвещение, 1977.
  53.  Хрестоматия по методике препродования биологии / Под ред. И.Т. Суравегиной. -М.: Педагогика, 1983.
  54.  Шалаев В.Ф., Никишов А.И. и др. Методика обучения зоологии.-М: Просвещение, 1979.
  55.  Школьный учебный – опытный участок. // Биология в школе. №4. 1980.
  56. Цузмер  А. М., Петришина О.А.  Человек:  анатомия, физиология       и гигиена.- М.: Просвещение, 1986
Последнее изменение: Пятница, 11 января 2002, 05:49