Topic outline
Дастури СИ ва АИИ
Ин дастур (китоб) барои муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, роҳбарони синфҳо, сарварони иттиҳодияҳои методӣ, кормандони китобхонаҳо, волидон ва дигар шахсони манфиатдор пешбинӣ шудааст. Маводи ин дастур метавонад дар донишкадаҳои такмили ихтисос мавриди истифода қарор гирад.
Бахши I
Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муоширату тафаккур, тарзи ҳаёт ва рӯзгори мо тасҳеҳоти худро ворид кардааст. Маълум аст, ки ҷаҳони воқеии фарзандони мо дигар ба ҷаҳони наслҳои гузашта монанд нахоҳад буд; ояндаи кӯдакони имрӯза бештар аз қобилияти дарку таҳлил кардани маълумоти воридшаванда ва интихоби оқилона вобастагӣ дорад.
Бахши II
Мо иттилоотро аз китобҳои таълимию илмӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва намоишномаҳои телевизиониву кинофилмҳо мегирем. Онро дар дафтар ё конспектҳоямон қайд менамоем. Дар фаъҳолияти истеҳсолӣ, мо иттилоотро дар намуди матну нақшаҳо, маълумотномаву ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо ба қайд мегирем, ё интиқол медиҳем.
Бахши III
Тафаккури интиқодӣ (танқидӣ) маънои тафаккури дақиқан ба эътидоловардашуда ва таҳлилиро дорад. Мутаассифона, омӯзиш ва таълим додани тафаккури интиқодӣ хеле душвор аст, зеро ба он ҳамчун ба як фанни анъанавии омӯзиш назар карда, дарс додан одатан ба муваффақият намеорад. Масалан, хонанда метавонад аҳамияти тафаккури танқидиро хуб дарк кунад ва агар касе онро надошта бошад, ба ин диққат диҳад.
Бахши IV
Пеш аз оғози сӯҳбат дар бораи бехатарӣ дар Интернет, мехостем Шуморо бо истилоҳоти он амалҳое шинос кунем, ки дар фазои иттилоотӣ ба шахс таҳдид мекунанд. Илова ба истилоҳоти зер, дар вожанома таърифҳо низ мавҷуданд, ки ба онҳо низ диққат диҳед.
Бахши V
Ба ҳисоби миёна хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Тоҷикистон нисбат ба наврасони аврупоӣ ва рус дертар корбари Интернет мешаванд. Бо вуҷуди ин, маълумоте, ки дар ҷараёни як таҳқиқот дар байни наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 ба даст омадааст, нишон медиҳад, ки ...
Бахши VI
Пас аз таҳлили маълумотҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқоти худамон ба даст омадаанд, ҷанбаҳои зерини мушкилоти бехатарӣ дар Интернет муайян карда шуданд:
1) Фоизи хонандагоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ба қайд мегиранд, бо рушди синну сол афзуда, то ба 100% мерасад.
Бахши VII
Кибербуллинг як шакли озору азиятест, ки дар он паёмҳои видеоӣ, аксҳо, таҳдидҳо ва ҳамлаҳои таҳқиромез дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нашр ва паҳн карда мешаванд.
Бахши VIII
Ибтидои асри XXI як марҳилаи гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки дар он ҷараёни гардиши иттилоот бо суръати шадиди технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти компютерии такмилёбанда меафзояд. Дар чунин шароит, таълим на танҳо бояд ба пуррагии маълумоти пешниҳодшаванда, балки бештар ба қобилияти ба даст овардани маълумот ва аз он кашида гирифтани донишҳои зарурӣ равона гардад.
Замимаи 1
- Модули 1. Захираҳои иттилоотии ҷомеа ва Саводнокии Иттилоотӣ
Модули 2. Навъҳои асосии масъалаҳои иттилоотӣ-ҷустуҷӯӣ ва алгоритмҳои ҳалли онҳо
Модули 3. Усулҳои коркарди таҳлилӣ-синтетикии иттилоот дар фаъолияти омӯзгор
Модули 4. Технологияҳои иттилоотии нав дар низоми таҳсилот (Маориф)
Модули 5. Технологияи таҳия ва бақайдгирии натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ – методӣ ва илмӣ – тадқиқотии омӯзгорон
Саволҳои санҷишӣ
1. Сарчашмаҳои асосии маълумотро, ки кӯдак мегирад, номбар кунед?
2. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санад танзим мекунад?