Саволҳои рейтингӣ (боби 1)

1. Трансформатор чист ва барои чӣ лозим аст?
2. Трансформатор дар кадом қисмҳои таъминоти энергетикӣ истифода меёбанд?
3. Трансформатор асосан аз кадом қисмҳои асоси иборатанд?
4. Дилаки трансформатор аз кадом мавод сохта мешавад ва барои чӣ?
5. Барои чӣ дилаки трансформатор аз варақаҳои тунуки ферромагнитӣ ҷамъ карда мешавад?
6. Барои чӣ дилаки трансформатор аз пӯлоди ферромагнитӣ сохта мешаванд?
7. Трансформаторҳои қуввагӣ чанд печа дошта метавонанд?
8. Дилаки трансформатори сефаза аз дилаки трансформатори якфаза чи фарқиятҳо дорад?
9. Ноқили ферромагнитии трансформатор бо кадом намуд ҷамъ карда мешаванд?
10. Гурӯҳи пайвастагии печаҳои трансформаторро чӣ тавр муайян намудан мумкин аст?
11. Печаҳои трансформатори сефаза бо кадом намуд пайвст карда мешаванд ва фарқияти онҳо дар чист?
12. Дар схемаи пайвасти печаҳои трансформатор “ситора” шиддати хатти ва фазавӣ аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд?
13. Дар схемаи пайвасти печаҳои трансформатор “секунҷа” шиддати хатти ва фазавӣ аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд?
14. Дар трансформаторҳои қуввагӣ гурӯҳи пайвасти печаҳо чанд буда метавонанд?
15. Векторҳои хаттии шиддатҳои печаи воридотӣ ва содиротӣ дар гурӯҳи пайвасти 11-и печаҳо чи тавр тасвир карда мешаванд?
16. Чанд гурӯҳи изолятсионӣ дар умум вуҷуд дорад?
17. Тарзҳои хунук намудани трансформаторҳои қуввагиро фаҳмонед.
18. Танаи трансформатор аз кадом мавод сохта мешаванд?
19. Барои чӣ зарфи трансформаторҳо бо равған пур карда мешаванд?
20. Кадом намуд ноқилҳоро барои печонидани печаҳои трансформатор истивода мебаранд ва барои чӣ?
21. Барои чӣ дар Тоҷикистон асосан ноқилҳои алюминӣ бештар истифода меёбанд?
22. Трансформатори баландкунак, пасткунак ва мувофиқакунандаро чӣ тавр муайян намудан мумкин аст?

Последнее изменение: Понедельник, 9 апреля 2018, 16:11