Сарсухан
Ҷамъият низоми идоракунии хеле мураккабест, ки аз низомҳои нисбатан мустақили иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, этно-миллӣ ва ғайраҳо иборат аст, ки ҳар яки онҳо вазифаҳои мушаххасро иҷро мекунанд.
Давлат он сохторе мебошад, ки ҷомеаи муосирро муттаҳид мекунад ва ба ӯ комилият мебахшад. Маҳз дар чорчӯбаи он мақомоти воломақом мутамарказ мегарданд, механизмҳои идоракунӣ ташаккул меёбанд ва фаъолияте амалӣ карда мешавад, ки ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Айни замон аксар қарорҳое, ки дар тамоми сатҳҳо ва зинаҳои ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешаванд, бояд дар заминаи таҳлили илмии ҳолат ва тамоюли инкишофи равандҳои иҷтимоӣ сурат гиранд.
Аз инҷо бармеояд, ки ҳангоми қабули қарорҳо бояд муқаррароти зер ба инобат гирифта шаванд:
ташаккул додани эътиқоди қавӣ доир ба зарурати истифодаи ҳатмии усулҳои таҳқиқоти илмӣ дар фаъолияти идоракунии амалии хеш;
бедор сохтан ва инкишоф додани қобилияти эҷодӣ, фикрронии афзалиятнок ва малакаи ба даст овардани иттилооти дақиқу боэътимод дар бораи ҳолат ва динамикаи равандҳои идоракунӣ ва падидаҳо ҳангоми асосноккунӣ ва қабули қарорҳо;
ошно намудан бо усулҳои муҳимтарини ба даст овардани иттилоот дар мавриди дигаргунсозӣ ва таҳлили функсионалии иттилооти эмперикӣ, ки ҳолат ва динамикаи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро инъикос менамоянд.
Омӯзиши раванди қабул ва иҷроиши қарорҳои давлатӣ ба донишҳое, ки дар раванди омӯзиши сикли фанҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ, табиӣ-риёзӣ ва иқтисодӣ андӯхта шудаанд, замина мегирад: «Назарияи иқтисодӣ”, “Микроиқтисод”, “Макроиқтисод”, “иқтисодиёти ҷаҳон”, “Назарияи ташкилот”, “Асосҳои идоракунии давлатӣ”, “Хадамоти давлатӣ”,“Ҳуқуқи конститутсионӣ”,“Ҳуқуқи маъмурӣ”,“Пешгӯӣ ва банақшагирӣ”, “Этикаи хизматчии давлатӣ”, “Усулҳои таҳияи қарорҳои идоракунӣ” ва ғайраҳо.
Ҳангоми омӯзиши фанни «Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ» донишҷӯён бояд дар бораи усулҳо ва равишҳои мавҷуда доир ба омӯзиши қабули қарорҳои давлатӣ, марҳилаҳои асосии қарорҳои давлатӣ тасаввурот пайдо намоянд, донишҳои азхуднамударо баҳри ҳалли масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ истифода намоянд.
Мақсади фан ташаккули салоҳиятнокӣ доир ба таҳия ва иҷроиши қарорҳои давлатӣ бо иштироки шаҳрвандон мебошад.
Вазифаҳои асосии фан инҳо мебошанд:
пешниҳоди усулҳо доир ба омӯзиши қарорҳои давлатӣ;
пешниҳоди маълумот дар бораи методология, марҳилаҳои асосии раванди қабул ва иҷроиши қарорҳои давлатӣ;
пешниҳоди иттилоот дар бораи технологияҳо, алгоритмҳо ва усулҳои имконпазири таҳлили ҳолатҳои проблемавӣ, пешгӯикунӣ ва интихоби вариантҳои зарурӣ ҳангоми таҳияи қарорҳои давлатӣ, инчунин доир ба усулҳои назорати иҷроиш ва баҳодиҳии самаранокии қарорҳо;
ташаккули малакаи амалии татбиқи донишҳои азхуднамуда;
ташаккули маҳорати истифодаи ТИК ҳангоми таҳия ва иҷроиши қарорҳои давлатӣ.
Дар натиҷаи омӯзиши фанни мазкур донишҷӯ бояд:
Тасаввурот дошта бошад:
доир ба асосҳои назариявии қабули қарорҳо ва қарорҳои давлатӣ;
доир ба усулҳои мавҷуда доир ба омӯзиши раванди қабули қарорҳои давлатӣ;
доир ба хусусиятҳои қабул ва иҷроиши қарорҳои давлатӣ.
Донад:
муқаррароти асосӣ, маҳдудиятҳо, моделҳо ва усулҳои қабули қарорҳо, инчунин назарияи қарорҳои давлатӣ;
технологияҳои имконпазир, алгоритмҳо ва усулҳои таҳлили ҳолатҳои мушаххас, масъалагузорӣ, пешгӯикунӣ ва интихоби вариантҳо ҳангоми таҳияи қарорҳои давлатӣ, инчунин усулҳои назорати иҷроиш ва баҳодиҳии самаранокии қарорҳо.
Тавонад:
технологияҳо ва усулҳои таҳлилу ташхиси проблемаҳо;
технологияҳо ва усулҳои пешгӯӣ;
технологияҳо ва усулҳои интихоби вариантҳои имконпазир;
технологияҳо ва усулҳои амалисозии қарорҳои давлатӣ ва баҳодиҳии натиҷаҳо.
Умедворем, ки фанни «Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ»-ро бомуваффақият аз худ менамоед ва донишҳои азхуднамударо баҳри ҳалли проблемаҳои ҷомеа истифода хоҳед намуд.