Пешгуфтор

Донишҷӯён ва хонандагни гиромӣ!


Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни «Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ» барои донишҷӯёни тамоми шаклҳои таҳсили ихтисосҳои “Идораи давлатӣ” ва “Идораи мақомоти маҳаллӣ” пешбинӣ гардидааст.

Комплекси таълимӣ-методии мазкур нашри нав буда, доир ба шаш боби асосӣ матни лексияҳо, супоришҳо ва саволҳо барои кори мустақилона, тестҳои санҷишӣ, машқҳои амалӣ, кейсҳо ва рӯйхати адабиёти истифодашудароро фаро мегирад.

Аз адабиёте, ки ҳангоми омӯзиши маводи васоити мазкур истифода менамоед, дар ду шакл пешниҳод гардидааст. Қабл аз ҳама, дар матни ҳар як лексия иқтибосҳо ба адабиёти истифодашаванда мавҷуд мебошанд. Баъдан, дар охири комплекси таълимӣ-методӣ рӯйхати адабиёти истифодашуда оварда шудааст, ки баҳри омӯзиши амиқи мавзуъҳо, омодагӣ ба машғулиятҳои амалӣ, имтиҳонот, навиштани корҳои назоратӣ ва мустақилона зарур мебошад.

Ҳангоми мустақилона аз худ намудани фанни мазкур аз саволҳо ва супоришҳои назоратӣ истифода карда метавонед. Супоришҳо дар интиҳои ҳар як боб мавҷуданд ва барои мустаҳкамсозии дониш такя бар функсияи аз нав барқарорсозии андешаронӣ нигаронида шудаанд. Саволҳои назоратие, ки дар охири ҳар як мавзӯъ пешниҳод гардидаанд, хислати таҳлиливу эҷодӣ доранд ва ба татбиқи донишу малака баҳри ҳалли саволҳои мушаххас, такмили малакаи амалии қабули қарорҳо равона гардидаанд.

Дар боби аввали комплекси таълимӣ-методӣ моҳият, намудҳо ва тартиби мониторинги проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд.

Боби дуюм ба раванди қабули қарорҳо дар низоми идоракунии давлатӣ бахшида шудааст. Моҳият ва мундариҷаи қабули қарорҳо дар низоми идоракунии давлатӣ, инчунин хусусиятҳо ва аломатҳои қабули қарорҳо дар низоми идоракунии давлатӣ баррасӣ карда шудаанд.

Дар боби сеюм усулҳои асосии қабули қарорҳои идоракунӣ тавсиф карда шудаанд.

Боби чорум ба масоили иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ бахшида шудааст. Ҷанбаҳои ҳуқуқии муколама миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатӣ баррасӣ гардидаанд. Ғайр аз ин, таҷрибаи иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар мамолики хориҷӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар боби панҷум масоили ташаккул ва инкишофи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидаанд. Низоми идоракунии инкишофи ҳукумати электронӣ, зерсохтори ҳукумати электронӣ, инчунин малакаи истифодаи ТИК аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва аҳолӣ таҳқиқ карда шудаанд.

Боби шашум фарогири масоили қабули қарорҳо тавассути татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар идоракунии давлатӣ мебошад. Дар боби мазкур ТИК ҳамчун воситаи таъмини самаранокии қабули қарорҳо дар идоракунии давлатӣ баррасӣ карда шудааст.

Боварӣ ва итминони комил дорем, ки комплекси таълимӣ-методии мазкур дар омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва ба даст овардани малакаи амалии таҳия ва иҷроиши қарорҳои давлатӣ дар мавриди иштироки бевоситаи шаҳрвандон ба Шумо кӯмак хоҳад расонид.

Аз муаллифон


Последнее изменение: Среда, 15 ноября 2017, 13:55