Мутавои мухтасари лексияҳо

Мутавои мухтасари лексияҳо 

1. Усулҳои муайян кардани зичии моддаҳо

Зичии моддаҳоро ба воситаи пикнометр ё ариометр муайян мекунанд.

Зичӣ ба воситаи пикнометр  бо саҳеҳии 0,001г/см3 муайян карда мешавад. Пикнометри тоза ва хушкро бо саҳеҳии 0,0002г дар тарозу баркашида, ба он бо ёрии қифи хурд ё пипетка то аз нишонаи пикнометр болотар оби муқаттар рехта, даҳонашро бо сарпӯш  мепӯшанд ва 20 дақиқа дар термостате, ки дар он ҳарорати доимии 200С  бо саҳеҳии 0,10С нигоҳ дошта мешавад, нигоҳ медоранд. Пас аз 20 дақиқа, дар ҳамин ҳарорат, оби аз нишона болотарро аз пикнометр ба воситаи пипетка ё қоѓази фильтрӣ тез мегиранд. Сипас боз даҳони пикнометрро пӯшида, онро  боз 10 дақиқаи дигар дар термостат нигоҳ медоранд. Пас аз он пикнометрро берун оварда бо қоѓази филтрӣ  обҳои дар гардани пикнометр бударо тоза (аз дохил) карда, дар тарозу мегузоранд ва пас аз 10 дақиқа бо саҳеҳии дар боло омада бармекашанд.

Пас аз ин оби пикнометрро рехта, онро аввал бо спирт ва сипас бо эфир шуста хушк мекунанд (пикнометрро ба воситаи гармкунӣ хушк кардан мумкин нест). Пикнометрро аз боқимондаи эфир бо дамдиҳии ҳаво тоза мекунанд ва онро бо моддаи тадқиқшаванда пур карда,  ҳамаи он амалҳоеро, ки бо оби муқаттар иҷро  карда шуданд, такрор мекунанд. Он гоҳ зичии мода (г/см3) дар ҳарорати 200С, ки бо r20 ишора карда мешавад, аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

r20=+0,0012

m-массаи пикнометри холӣ (г), m1-массаи пикнометр бо оби муқаттар (г), m2-массаи пикнометр бо моддаи тадқиқшаванда, 0,99703-зичии об дар 200С (г/см3)(бо назардошти зичии ҳаво, 0,0012-зичии ҳаво дар ҳарорати 200 ва фишори 1011 гПа (760 мм сут. симоб)

Бо ёрии пикнометр зичии чарбҳои сахт ва мумҳоро низ муайян мекунанд. Ба пикнометр  то 1/3-1/2-и ҳаҷми он чарб ё муми гудохтаро ба воситаи пипетка ё қифи хурде, ки баромадгоҳаш кашида хурд карда щудааст, мерезанд. Пикнометрро бо даҳони кушода 1-соат дар даруни оби ҷӯшон нигоҳ медоранд. Сипас онро то 200С хунук карда, бармекашанд ва дар ҳарорати 200С ба он то нишона оби муқаттар рехта, танаашро хушк карда, боз бармекашанд. Дар ҳарду фаза ва сатҳи расиши онҳо набояд ҳубобчаҳои ҳаво бошанд.

Бузургии зичиро бо формулаи зерин ҳисоб мекунанд.

r20=+0,0012

m-массаи пикнометри холӣ (г), m1 -массаи пикнометр бо оби муқаттар (г), m2-массаи пикнометр бо чарб (г), m3-массаи пикнометр бо чарб ва об.

Бо ареометр зичиро бо саҳеҳии 0,01г чен мекунанд. Дар вақти бо ареометр муайян кардани зичӣ моддаи тадқиқшавандаро ба силиндр рехта, дар ҳарорати 200С ба он бо эҳтиёт ареометри тақсимоти мувофиқдоштаро мегузорард. Ареометрро то даме, ки ба ѓарқ нашавии он эътимод пайдо нашавад, аз даст сар додан лозим нест. Ба он эътибор додан лозим аст, ки ареометр набояд ба деворҳо ва таги силиндр расад. Пас аз 3-4 дақиқаи шино карда истодани ареометр, зичиро аз рӯи дараҷаи ҷадвали ареометр, ки ба мениски поёнии маҳлул(ҳангоми андозагирӣ чашм бояд дар баробари мениск қарор гирад) мувофиқат мекунад, муайян мекунанд. Ҳангоми муайянкунии зичии маҳлулҳои ранга зичиро аз рӯи мениски болоӣ ҳисоб мекунанд.