ТАВЗЕҲОТ
Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ» яке аз ҷузъҳои «Барномаи асосии таҳсилот»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор рафта, аз рӯйи ҳар як ихтисоси тайёр намудани мутахассисон тартиб дода мешавад. Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ» низоми васоити дидактикии таълимро дарбар мегирад, ки бо мақсади ба роҳ мондани методикаи самараноки ташаккул додани салоҳиятҳои касбии дар «Барномаи асосии таҳсилот»-и мақсаднок дарҷ гардида, таҳия карда мешавад.
Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ» барои донишҷӯёни соли чорум ва панҷуми таҳсили факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешбинӣ шуда, бандҳои зеринро дарбар мегирад: мақоми фан дар тайёрии касбӣ; салоҳиятнокии касбие, ки фан инкишоф медиҳад; санҷиши натиҷаҳои таълим; ҷадвали тақсимоти фан (дар семестрҳо); барномаи таълимии фан; номгӯи мавзӯъҳои дарсҳо ва тақсимоти соатҳо; номгӯи мавзӯъҳои КМДРО; номгӯи мавзӯъҳои КМД; номгӯи корҳои мустақилона; таъминоти моддӣ – техникии фан; фишурдаи матни лексияҳо; шарҳи мухтасари дарсҳои амалӣ; шарҳи мухтасари дарсҳои семинарӣ; шарҳи мухтасари дарсҳои лабораторӣ; маҷмӯи масъалаҳо, машқҳо, супоришҳо барои дарсҳои амалӣ, семинарӣ ва лабораторӣ; намунаи вариантҳои тестӣ барои корҳои мустақилона ва санҷиши дониш; саволномаи имтиҳон, санҷиши дифференсиалӣ; рӯйхати адабиёт аз фан (асосӣ, иловагӣ, электронӣ).