Topic outline

  • Химияи органикӣ

    аз фанни «Химияи органикӣ» барои зинаи бакалавриат,

    барои ихтисоси Химия:1-02-04-03Силлабус дар асоси Барномаи таълими фан аз ҷониби омӯзгорони кафедраи «Химияи органикӣ ва биологӣ» тартиб дода шудааст.

    Ном ва насаб: Муродов Диловар

    Унвон: н.и.х, дараҷаи илмӣ: м.к. 

    Суроғаи интернетӣ: ojiz@mail.ru

    • Маълумот дар бораи фанни химияи органикӣ

      Фанни «Химияи органикӣ» ба гурӯҳи фанҳои ҳатмии бахши  фанни тахассусӣ аз рӯи ихтисоси «Химия» (1-020403) дохил мешавад.

      Дар нақшаи таълимии заминавӣ, нақшаи корӣ аз рӯи ихтисос ва Барномаи таълим барои омӯзиши фанни мазкур дар семестри 4-ум, 5-ум ва 6-ум 16 кредит (256 соат) ҷудо шудааст. Барои дарсҳои аудиторӣ 13 кредит (208 соат), барои дарсҳои КМДРО (кори мустаъқилонаи донишҷу бо роҳбарии омӯзгор) 3 кредит (48 соат), инчунин барои КМД (корҳои мустаъқилонаи донишҷуён) 8 кредит (128 соат) ҷудо шудааст. Дарсҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои  мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор (КМДРО) дар ҷадвали дарсҳо гузошта мешаванд  ва ба сарбории умумии таълимии омӯзгор ва донишҷӯ ворид карда мешаванд. Номгӯи корҳо ва супоришҳои барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) пешбинишуда ба ҳаҷми умумии сарброии омӯзгор дохил намешавад. Аммо омӯзгори фан рафти иҷрои КМД-ро назорат мебарад ва дар журнали кафедра қайд мегузорад.