Ҳамаи ҷамъи лексияҳо

Сайт: Сайт "Открытых образовательных ресурсов"
Курс: Этикаи касбӣ
Книга: Ҳамаи ҷамъи лексияҳо
Напечатано:: Гость
Дата: Понедельник, 6 мая 2024, 19:34

1. МАВЗӮИ 1. МАФҲУМ ВА МУНДАРИҶАИ АХЛОҚ, ЭТИКА ВА ЭТИКЕТ

1. Мафҳум ва мундариҷаи ахлоқ

Барои дуруст фаҳмидани мавзӯи этика донистани мафҳуми одобу ахлоқ низ ҳатмист.

Ахлоқ – ин калимаи арабӣ буда, маънояш рафтору кирдор ва сират аст.

Ахлоқ ҳамчун истилоҳи илмӣ маҷмӯи қоида, тартиботи муносибату муомилаи одамонро дар оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ахлоқ дар ҷараёни фаъолияти иҷтимоӣ,оилавӣ, меҳнатӣ, ҳамкорӣ, рафту омади сиёсӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфта, бо мурури замон рӯ ба инкишофу тағйир низ меоварад.

Масъалаи асосии ахлоқ aз фаҳмиши некию бадӣ, адолату беадолатӣ, ҳаққу ноҳаққӣ иборат буда, мақсади асосии идораи муносибати дуруст ва хайрхоҳонаи одамон аст.

Бояд таъкид кард, ки ахлоқ дорои ҳукми қонун нест. Риоя шудан ё нашудани рафтору кирдори неку бади одамонро аҳли ҷомеа, коллектив ва оила талаб ва назорат мекунад.

Ҳуқуқ ҳам меъёрҳои муносибати байни одамонро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Лекин меъёрҳои ҳуқуқиро давлат муайян мекунад ва онҳо дорои ҳукми қонун мебошанд. Назорат ва риояшудан ва ё нашудани ҳуқуқ бар дӯши давлат аст ва давлат вайронкорони қонунро ҷазо медиҳад.

Аммо рукни ахлоқ афкори умум аст. Риояи он таҳти таъсири афкори умум сурат мегирад.

Таърихи тамаддуни башар собит менамояд, ки ахлоқ ва шудану нашудани он ба ҳаёти иҷтимоӣ таъсири муҳим мерасонад. Масалан, риояи усули қоидаҳои ахлоқи ҳамида ба мисли садоқат, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва ғайра ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири мусбат расонида, суръати инкишофи онҳоро метезонанд. Баръакс, дуздӣ, фиребгарӣ, танбалӣ, чоплӯсӣ ва амсоли онҳо, ки хислатҳои ахлоқи нописанд мебошанд, ба маданияту сифати корҳои ҷамъият таъсири бад мерасонанд.

 

2.Пояҳои аввалини ахлоқ

Пояҳои аввалини ахлоқ ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо шуда буданд. Ҷамъияти синфӣ шахсро аз гиреҳҳои қавмӣ раҳоӣ бахшида, онро шомили муносибати иҷтимоӣ гардонд ва ӯро инкишоф дод. Ҷамъият дар назди шахс масьалаи риояи меъёру қоидаҳои ахлоқ ва ҳуқуқро ба миён гузошт. Онҳо аз ҷиҳати мазмун нисбат ба урфу одат ва ахлоқи гузаштаи қавм ё қабила фарқ дошта, дар чорчӯбаи пешина ғунҷоиш надоштанд. Аз ин рӯ, меъёрҳои нави муносибату рафтор зарур шуданд. Масалан вақте, ки дин пайдо шуд, ахлоқ чузъи он гардид. Тамоми қоидаву меъёрҳои ахлоқӣ обу ранги динӣ гирифтанд. Дар доираи тасаввуроти динӣ фалсафа ба вуҷуд омад. Ахлоқ бо такомули фалсафа чузъи он гардид. Дар асрҳои миёна тасаввуф ба таълимоти мустақил табдил ёфта, доир ба одобу ахлоқи аҳли тасаввуф як силсила асарҳои ҷолиби диққат таълиф гардиданд. Вай мавзӯи баҳсу мунозираи этикаро ташкил дод. Ахлоқ ҳамчун шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ ташаккул ёфт.

Дар асри XX инкишофи инқилоби илмӣехникӣ, аз байн рафтани низоми истеъморгарӣ, робитаҳои ҳамкории иҷтимоию маданӣ, илмию техникӣ дар ташаккул ва инкишофу такмили этикаву ҳуқуқи башар аз нигоҳи демократию башардӯстӣ таъсири мусбию судманд расонид.

Шуури ахлоқӣ, яъне маърифати робитаи инсон бо дигар инсонҳо, ҷузъи ҷаҳонбинӣ мебошад. Интихоби рафтор ва баҳодиҳӣ, аксаран, фикру мулоҳизаҳои мураккаб, ҳиссиёти психологиро пайдо мекунад. Инсоне, ки дар рӯҳияи ахлоқи муайян тарбия ёфтааст, вазифаи ахлоқии хешро дарк карда, ба рафтори хеш баҳо дода метавонад. Ӯ метавонад тавассути виҷдон ахлоқашро бишиносад, ба худ баҳо диҳад ва масъулияти хешро дар интихоби рафтору кирдор рушд бидиҳад.

Ахлоқ ба эътиқоди ҳамдигарии инсонҳо - ибрат, афкори умум, тарбия, анъана, ашхоси бонуфуз, муассиса ё муассисаҳо такя мекунад. Азбаски ташаккул ва инкишофи ахлоқ хислати худ ба худӣ дорад, бинобар ин созмонҳои иҷтимоӣ меъёрҳои ахлоқии муносибаҳои байни одамон, мисли дӯстӣ, рафоқат, меҳру муҳаббат ва ғайраро низ тартиб дода наметавонанд. Чунки онҳо мутобиқи тақозои ҷамъият пайдо мешаванд.

Баҳои маънавии рафтор, аз ҷумла баҳои ахлоқии онро, ба инобат нагирифтан иштибоҳи бузург аст. Чунки воситаву усулҳои дигари муайян намудани ниятҳои ботинии инсон вуҷуд надоранд.

Нияти ботинӣ ‑ фаъолият, амалиёт ва рафтори инсон ҳангоми арзёбии маънавии худи инсон ҳамчун шахс дар ҳаёт нақши бузург доранд. Ҳатто риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ташаккулу анҷоми кор нуфузи ниҳоят бузург дорад.

Бap хилофи меъёрҳои маъмурӣ, ҳуқуқӣ, ки мақсадашон барпо ва мустаҳкамии тартиботи ҷамъиятист, ахлоқ, аввалтар аз ҳама, воситаи идора ва ба назм даровардани ҷаҳони ботинии инсон аст. Нақши тарбиявии ахлоқ ниҳоят бузург аст, вай ба шахс ва шуури ӯ таъсир карда, нақши танзимкунандаи рафтору кирдоро иҷро менамояд. Дар эҷоди муносибатҳои ахлоқии байни одамон дар меҳнат, маишат ва муоширати ҳаррӯза кӯмак мерасонад. Ахлоқ ҳеҷ гоҳ ба меъёр ва қоидаҳои рафтори коллектив, синф, халқ ва давлатҳо муқобил нест. Баръакс, шуури ахлоқӣ аз ҷумлаи чунин нерӯи маънавиест, ки миллионҳо нафар инсонҳоро баҳаракат меорад ва онҳоро идора мекунад. Фарҳанг ва риояи интизоми ҷамъиятӣ дар ахлоқ зоҳир мегардад.

Асри XXI дар назди низомҳои таълиму тарбиявӣ масъалаи низоми нави ахлоқу одоб ‑ этика ва этикети муосирро матраҳ кардааст, ки ин боиси дар аксарияти мамлакатҳо таъсис ёфтани пажӯҳишгоҳҳои этикаю этикети навин гардид.

Аз ин рӯ, мафҳуми ахлоқро метавон таври зайл шарҳ дод: ахлоқ мафҳуми этикӣ аст, ки қоида, меъёри рафтор, муносибат ва муомилаи байниҳамдигарии инсонҳоро ифода мекунад.

Ахлоқ дар аксарияти мамлакатҳо хислати синфии худро ба тадриҷ аз даст медиҳад. Ҳоло зери таъсири демократия гуманизму ҳуқуқи башар меъёрҳои ахлоқи умумиисонӣ арзи вуҷуд доранд: муҳаббат, саховат, шуҷоат, ростӣ, адолат, покӣ ва ғ.

 

         Этика ва вазифаҳои он

Этика - калимаи юнонӣ буда, маънояш одат, таомул ва расму оин аст. Вайро чун истилоҳи илмӣ ба маънии таьлимот ё илми ахлоқ низ истифода мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар асрҳои миёна истилоҳи этикаро ба забони арабӣ «илм-ул-ахлоқ», яъне илми ахлоқ, тарҷума намудаанд.

Хуллас, этика таълимот дар бораи пайдоиш, инкишоф ва қоидаҳои ахлоқ аст. Ақидаҳои ахлоқӣ ва усулу қоидаҳои он дар ҷомеаи ибтидоӣ ҳамзамон бо пайдоиши оила, қавм, қабила ба вуҷуд омада, минбаъд такомул ёфтаанд. Аммо этика ҳамчун таълимоти махсус барои ҳалли назарияи масъалаҳои амалии ахлоқ ба мисли: чигунагии рафтори одам, неку бад, адолат ва ғайраҳо баъдтар дар ҷомеаи ғуломдорӣ пайдо шудааст. Нахустин бор истилоҳи этикаро ҳамчун таълимот дар бораи ахлоқ Арасту мавриди истифодаи таҳқиқоти назариявӣ ва фалсафӣ қарор дода буд. Ӯ бо номи «Этика» асари бузурге низ таълиф намудааст, аммо бунёдгузори фалсафаи ахлоқ Суқрот аст. Ин нуқта маънои қабл аз Суқроту Арасту вуҷуд надоштани ақидаҳои ахлоқиро надорад. Баръакс, аз онҳо пештар чунин андешаҳо дар Ҳинду Миср, аз ҷумла Эрону Афғонистон ва Осиёи Миёна вуҷуд доштанд ва дар ташаккули афкори ахлоқии Суқрот, Афлотун ва Apacтy саҳми зиёде низ гузоштанд. Вале ин ҷо матлаб илми ахлоқ аст.

Мутафаккирони Юнони қадим ва асрҳои миёнаи Шарқу Ғарб этикаро фалсафаи амалӣ меномиданд. Ҳоло ҳам идеологҳои ҷомеаи аврупоӣ этикаро ба қисматҳои назарияву амалӣ ва равоншиносӣ тақсим мекунанд. Вале таьлимоти диалектикӣ назарияву амалияро аз ҳам ҷудо намекунад. Чунки тамоми донишҳои назариявӣ, дар ниҳояти кор, аҳамияти амалӣ дошта, на фақат башариятро бо тарзу воситаҳои тағйири олам мусаллаҳ менамоянд, балки дорои ҷанбаи ҷаҳоншиносӣ низ мебошад.

Аммо ҷиҳати хоси этика ин аст, ки мақсадҳои иҷтимоиро дар шакли идеяҳо дар бораи неку бад, дар шакли идеал, усулҳои ахлоқӣ, қоидаҳои рафтор, дар таълимот дар бораи вазифаю моҳияти зиндагии инсон инъикос менамояд.

Ҳар усули ахлоқ таҷрибаи зиндагии наслҳои гузаштаро инъикос менамояд. Этика ин усулҳоро мураттаб сохта, ҷиҳатҳои назариявии онро мавриди мутолиа қарор медиҳад.

Усулҳои ахлоқ мутобиқи имкони тақозои шароити иҷтимоӣ пайдо шуда, аз насл ба насл мегузаранд ва суфтаву пурмазмун мегарданд. Онҳо дар байни миллатҳои дигар интишор ёфта, обу ранги нав касб мекунанд. Эҷодкунандагони онҳо халқ ва ҷамъият аст. Меъёр ва қоидаҳои ахлоқӣ маҳсули тақозои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд.

Яке аз вазифаҳои этика ташаккул, инкишоф ва робитаи он, мутолиаи ташкили шуури ахлоқӣ ва ҷиҳатҳои мухталифи он аст.

Вазифаи дигари он омӯзиши табиати арзиши ахлоқист.

Таърихи этика ба мутолиаи таҳқиқоти мушаххаси иҷтимоии ахлоқ дар марҳалаҳои мухталифи ҷомеа низ машғул мебошад.

Ҳар таълимот дорои таъриху марҳилаи пайдоишу инкишофи хеш аст. Аз ин рӯ, таърихи этика низ аз ҷумлаи мавзӯъҳои омӯзиши ин илм аст. Таълимоти ахлоқии форсу тоҷик таърихи қадима дошта, дар асрҳои XV пеш аз милод дар доираи дини меҳрпарастӣ (офтобпарастӣ) ва зардуштия ташаккул ёфта, дар арсаи ҷаҳон ба афкори мутафаккирони Юнони қадим таъсири мусбати худро расонида, дар асрҳои миёна дар партави дини ислом, бахусус, зери таъсири ақоиди Қуръони маҷид ва ҳадисҳои Паёмбари акрам (с) ва инчунин афкору асарҳои Афлотуну Арасту. Ибни Сино ва Ибни Мискавейҳ як силсила асарҳои ахлоқӣ-этикӣ таълиф шуданд, ки на фақат дар шарқи исломӣ, балки дар Аврупо низ шӯҳрат пайдо намуда, тарҷумаву нашр гардиданд. Барои мисол ба таври мухтасар дар хусуси ақидаҳои ахлоқӣ-этикии Ибни Сино ва Ибни Мискавейҳ таваққуф менамоем.

Абӯалӣ ибни Сино ал Ҳусейн ибни Абдуллоҳ (980-1037) намояндаи машшоияи Шарқ, донишманди шаҳир, пизшик, фарзанди барӯманди халқи тоҷик, ки бо номи Авитсенна низ дар Аврупо машҳур гардидааст.

Ба ақидаи Ибни Сино ахлоқ (этика) яке аз илмҳои амалӣ буда, ҳадафи он неъмат ва саъю кӯшиш барои такомули ахлоқии маданияти инсон мебошад. Пеш аз такомули ахлоқӣ инсон бояд камбудиҳои худро ошкор намояд, ки дар ин кор ба ӯ метавонанд ёру дӯстонаш кӯмак кунанд ва рафтори неки ӯро нек ё рафтори бади ӯро бад нишон диҳанд.

Худтакмилдиҳӣ ба ақидаи Ибни Сино ин раванди дар тарбия, дохил намудани чунин сифатҳои ахлоқӣ мебошад, ки аз чор унсури накӯкорӣ иборатанд: парҳезкорӣ, ҷасорат, хирадмандӣ, мутаносибан бо нерӯҳои равонии шаҳват, ғазаб, шинохтан ва адолат (бо маҷмӯъи ин нерӯҳо иртиботдошта). Инҳо ва дигар некӯкориҳое, ки зуҳуроти маҷмӯи ва хусусӣ мебошанд, маъмулан мавқеи фосилавиро дар миёни ифротҳои нуқсонӣ ишғол намудаанд. Масалан, паҳрезкорӣ ва саховат - дар миёни ҳарисӣ ва исрофкорӣ; адолат - дар миёни рӯҳафтодагӣ ва тамоюли зулм нисбати дигарон; қаноатпешагӣ - дар миёни молпарастӣ ва фориғболӣ; шуҷоат - дар миёни тарсӯӣ ва бемулоҳизагӣ.

Аз рӯи эътиқоди Ибни Сино як нерӯи равонӣ метавонад, ҳамчун манбаъи амалҳои нек (олиҷаноб) ва зишт (бадкирдор) хизмат намояд. Ҳамин тавр, нерӯи тахайюл одамонро ба иштибоҳ мувоҷеҳ намуда, нерӯи ғазаб онҳоро ба ҳайвоноти ваҳшии дарранда ва аммо нерӯи шаҳват ба ҳайвоноти палид метавонад табдил намояд. Дар сурати ба ақлу хирад тобеь будан ин нерӯҳо, мутаносибан, метавонанд одамонро ба қаҳрамонон мубаддал сохта, барои эҷод намудни асари олиҷаноби санъат мусоидат намуда, ба инсон на тамоми насли башар ҳаёти тӯлонӣ бахшад.

Ибни Сино ин нерӯҳоро модарзодӣ, вале сифатҳои ахлоқиро иктисобӣ, ки дар раванди зиндагӣ аз тарафи инсон ба даст меоянд, ҳисоб мекард. Дар тарбияи онҳо Ибни Сино ба одам аҳамияти аввалиндараҷа дода, ба он ақида аст, ки инсон ҳамон тавре ки бо роҳи «тарбияи» бадан (яъне коркарди рефлексҳои шартии мусбат) метавонад тандурустиашро мустаҳкам намояд, саломатии ахлоқиро бо роҳи омӯзиш метавонад соҳиб гардад.

Ин падидаро метавон дар ҳаёти давлатҳо ҳам мушоҳида намуд: роҳбарони хуб бо рафтору қонуну тавсияҳои оқилонаи худ шахрвандонро бо корҳои нек ҳидоят менамоянд, аммо роҳбарони бад сокинони кишвари худро ба корҳои бад равона мекунанд.

Ба ақидаи Ибни Сино олитарин дараҷаи ахлоқ вақте муяссар хоҳад гардид, ки некӣ ба хотири некӣ бидуни ҳеҷ гуна ғарази пешакӣ, ҳатто агар он ғараз барои сипосгузорӣ ва ё таассуроти хуб бошад, сурат гирад. Аммо олитарин хушбахтӣ ҳамонест, ки дар фард, дар «қисми амалии рӯҳ»-и ӯ мавзунии ҳар яке аз он нерӯҳои ташкилкунандаи ахлоқ дар ҳолати тавозун ва мутаносибӣ қарор гирифтаанд. Чунин нуктаҳо дар асарҳои энсиклопедии Ибни Сино “Китоб-уш-шифо”, “Рисолаи ишқ”, рисолаҳои маҷозии “Ҳай ибни Яқзон”, “Рисола оид ба парандагон” ва рисолаи “Тадбир-ал-манзил” иншо гардидаанд.

Шахсияти дигари маъруфу машҳури фалсафаи ахлоқ ‑ этика ҳамасри Ибн Сино Ибни Мискавейҳ Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад (соли вафот 1030), мебошад. Роҳи Ибни Мискавейҳ ба фалсафа на ба воситаи мантиқ балки аз тариқи илми ахлоқ (этика) кушода шудааст, ки дар таьлимоти ӯ зиндагӣ кардан дар мувофиқат бо табиат ва хирад, вале на мутобиқи моддиёт ва ҳавасҳо ҷойи асосиро ишғол мекунад. Ба ақидаи ӯ такомули ахлоқӣ (“табобати рӯҳ”), дар ҳолати аз аҳли ҷомеа канорагирӣ намудан, дар алоҳидагӣ имконноназир аст. Инсон бидуни кӯмаки дигарон наметавонад умр ба cap барад, ҳатто агар эҳтиёҷоти ҳадди ақал бошад. Бинобар ин, қарзи фард хидмат кардан ба одамон аст ва ӯ аз одамон наметавонад аз он чи ки онҳо медиҳад, чизе бештар талаб намояд, - таъкид менамояд, Ибни Мискавейҳ.

Ба ақидаи ибни Мискавейҳ зоҳидону сӯфиён, ки худро аз атрофиён дар канор медоранд, наметавонанд ё сахӣ ва ё одил бошанд. Онҳо худро аз имконияти фарогири некӯкорӣ маҳрум мегардонанд. Инсон дар бораи нуқсонҳои худ аз тарафи дӯст ва бештар аз ҳама аз душманонаш иттилоъ пайдо мекунад.

Ибни Мискавейҳ баъд аз Афлотун хирадмандӣ, ҷасорат ва парҳезкориро ба се навъи рӯҳ вобаста мекунад, ки мавзуи онҳо некӯкории чаҳорум - адолатро падид меоварад. Некӯкориҳо ҳамчун меъёри инкоркунандаи ифрот таъриф мешававд. Инсоне, ки аз рӯзи таваллуд «лавҳи пок» мебошад, қобил аст, ки аз лиҳози назарӣ ва амалӣ бо андӯхтани маърифат ва беҳтар намудани хулқу атвор, такомул ёбад.

Хушбахтиро (саодатро) Ибни Мискавейҳ ҳамчун гунугуншаклии неъмат тафсир намуда, мепиндорад, ки он аз тандурустӣ, фаровонӣ, эҳтиром, комёбӣ ва солимфикрӣ иборат аст. Неъмат ҳам ҳадаф ва ҳам василаи ноил шудан ба хушбахтӣ аст, ки ба ақидаи Ибни Мискавейҳ нисбӣ буда, аз моҳияти мустақил маҳрум мебошад. Хушбахтии фард заминаи зарурии хушбахтии дастаҷамъии аҳли ҷомеа аст.

 

4.Этикет ва қоидаҳои одоби муошират

Этикет ‑ калимаи фаронсавӣ буда, маънояш тартиботи оддӣ аст. Дар забони тоҷикӣ он ба маънои одоби муошират истифода мешавад.

Одоби муошират - маҷмӯи қоида ва тартиботи муносибати байни одамон аст, ки дар муомилаи ҳарруза зоҳир мегардад. 

Одоби муошират қисми таркибии маданияти шахс аст. Ба одоби муошират унсури тарҳу тартибгардида, хислати анъанавӣ доштаи ин ё он халқ, ки интизоми муайяни иҷро карданро талаб мекунад, дохил мешаванд. Одоби муошират мазмуни қоидаҳои ахлоқӣ ва эҳтироми инсон аз ҷониби инсонро ифода мекунад.

Аммо қобили таваҷҷӯҳ аст, ки одоби муошират вобаста ба давраҳои таърихи - дунёи қадим, асрҳои миёна, замони нав ва навтарин - асрҳои XX-XXI тибқи низоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа шаклан ва мазмунан аз ҳамдигар фарқ дорад.

Одоби муошират дар ҷомеаи синфӣ дорои хислати синфӣ буда, аксаран сатҳӣ ва авомфиребона аст. Одоби муоширати чамъиятҳои синфӣ иборат аз маҷмӯи қоидаву тартиботи мураккабу махсус, тарзи муайяни муносибат, муомила, рафтор бо намояндаи синфҳо, гурӯҳҳо, табақаҳо ва мансабдорон аст.

Шаклҳои рафтору муомила мутобиқ ба шароиту маросимҳо мураттаб гардидаанд. Аз ин рӯ, риоя ва иҷрои онҳо ҳатмист. Чунончӣ, дар Осиёи Миёна қабл аз асри XX муоширати асилзодагон, сарватмандон, тоҷирон ва ғайраҳо аз одоби муоширати деҳқонону косибон ба куллӣ фарқ мекард. Аҳли сарват тақозо менамуданд, ки заҳматкашон қоидаю тартиботи муайянкардаи онҳоро риоя кунанд. Вале худашон ҳуқуқи ҳурмату эҳтироми заҳматкашонро поймол менамуданд.

Одоби муошират хислати миллӣ низ дорад. Аз ин рӯ, намояндагони давлатҳо, коркунони сафоратхонаҳо, меҳмонҳо вазифадоранд, то ҳангоми ташрифҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, меҳмонӣ, саёҳат ва ғайраҳо талаботи одоби муоширати миллии ин ё он мамлакатро риоя кунанд. Риоя накардани одоби мазкур нишонаи беҳурматӣ нисбат ба ин ё он халқ ва ё ноогоҳӣ аз анъанаҳои таърихии он дониста шуда боиси кинаву адоват гардад.

Ҳоло дар адабиёти ҳуқуқии этика ва этикети ҷаҳонӣ мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои истисмори инсон аз тарафи инсон мавқеи баланд гирифта, принсипи (асли) баробарӣ, демократия, гуманизм ба маънои пуррааш ғолиб омадаанд, мафҳуми одоби муошират бо мафҳуми хушмуомилагӣ ҳаммаъно шудааст.

Одоби муошират дар замони муосир иборат аз меъёрҳо ва қоидаҳо – тартиби муносибати хайрхоҳона, рафиқона ва эҳтиромномаи одамон аст, ки хислати табиӣ, оддӣ ва беғаразонаро кардааст. Одоби муоширати халқу миллатҳои мамолики мутамаддини ҷаҳон шаклан аз ҳам фарқ кунанд ҳам, аммо мазмунан яксон мебошанд.

Дар ниҳояти сухан бояд таъкид кард, ки одоби муошират, чун қисми таркибии ахлоқ дараҷаи маданияти шахсро нишон медиҳад. Вай мутобиқ ба инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, таъсири ҳамдигарии маданият миллатҳо ва наздик шудани онҳо такомул ёфта, бештар пурмазмуну ғанитар мегардад. Омӯзиши пайгиронаи онро худи ҷомеа тақозо дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки меъёру қоидаҳои муошират - этикет дар тамоми ҷаҳон якранг гардидааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Ҳоло ҳам одоби муошират дар мамлакатҳои ҷаҳон вобаста ба анъанаҳои динӣ, миллӣ, сиёсӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки риоя накардани он оқибати хуб надорад. Ба ин хотир барои огоҳонидану водор намудан донишҷӯёни мӯҳтарам мо дар асоси таҳқиқоту асарҳои муаллифони хориҷӣ ба хусус Аврупою Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боби махсусеро зери унвони «Этикет - одоби муошират дар мамлакатҳои хориҷӣ» ҷудо намудем.

Ҳамин тариқ, истилоҳи этикет дар Аврупо дар асри XIV - ибтидои давраи Эҳё ба расмият даромада, ба таври расмӣ қабул гардид. Дар маҷлисҳои пазироии «шоҳ-офтоб» Людовики XIV ба меҳмонон кортҳое тақдим мешуд, ки дар онҳо қоидаҳои рафтор ва одоби гуфтор сабт гардида буд. Калимаи этикет аз номи ҳамон кортҳо, ки «этикетка» ном дошт падид омадааст. Аммо масъалаҳои ахлоқу одоби муошират дар мамлакатҳои Шарқ аз замонҳои қадим ҳамчун қисми таркибии дин ва фалсафа арзи вуҷуд кардааст.

Дар кишвари Русия бошад нахустин дастурамали чопӣ оид ба одоби муошират дар замони салтанати Пётри I соли 1717 арзи вуҷуд намуд, ки он «Юности честное зеркало или Показания к житейскому обхождению» (Оинаи шарафи ҷавонӣ ё Нишондод барои хушмуомилагӣ дар зиндагӣ) ном дошт. Ҳамчунин бо дастури Пётри I китоби Эраз Роттердамий «Оид ба коидаҳои ҳусни муошират» ба теъдоди сад нусха ба забонҳои русӣ ва ҳолландӣ ба табъ расид.

Этикаи одоби муошират - шакли рафтор, муомила, қоидаҳои назокат аст, ки дар ҷомеа мушаххасан мақбул ва маъмул мебошад. Ин ба маънои маҳдуди он аст. Аммо, мафҳуми одоби муошират ба маънои густурда он маҷмӯи қоидаҳои рафтор, ки ба зуҳуроти берунии муносибатҳо бо одамон, муомила бо атрофиён, шаклҳои муроҷиат, салому алейк, меъёри рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоб ва тарзҳои либоспӯшӣ дахл дорад, фаро гирифтааст. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки одоби муошират ин маҷмӯи рафтори мақбул ва маъмул дар маҳофили муайяни иҷтимоӣ мебошад ва гуногуние дорад.

Масалан, навъҳои одоби муошират, ки дар ҷаҳони муосир маъмул гардидаанд, аз ин қабиланд:

-      одоби муоширати дарборӣ - тартиби ба таври ҷиддӣ танзимшуда ва намудҳои муомилаву рафторе, ки дар дарбори подшоҳӣ муқаррар гардидааст; (Арабистони Саудӣ, Япония, Англия ва ғайра);

-      одоби муоширати дипломатӣ - қоидаҳои рафтори         дипломатҳо ва дигар ашхоси расмӣ ҳангоми тамосу мулоқот бо якдигар дар пазироиҳо, боздидҳо ва гуфтушунидҳои гуногуни дипломатӣ (дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон);

-      одоби муоширати низомӣ - маҷмӯи қоидаҳо, меъёрҳо дар артиш ва тарзи рафтори хизмагчиёни ҳарбӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти онҳо, ки аз тарафи ҳамагон пазируфта шудаанд (дар ҳамаи артиши мамлакатҳои ҷаҳон);

-      одоби муоширати умумишаҳрвандӣ маҷмӯи қоидаҳо ва анъанаҳое, ки шаҳрвандон ҳангоми муошират бо ҳамдигар риоя мекунанд.

Аксари қоидаҳои одоби муоширати дипломатӣ, низомӣ ва умумишаҳрвандӣ то ин ё он андоза мутобиқат мекунад. Тафовути онҳо дар он аст, ки риояи қоидаҳои одоби муоширати дипломатӣ аз аҳамияти бештар бархурдор мебошад, чунки инҳироф аз масири онҳо ё ки вайрон карда шудани ин қоидаҳо метавонад ба обрӯйи мамлакат ё намояндаҳои расмии он латма ворид намояд ва ё дар муносибатҳои байни давлатҳо сардӣ оварад.

Ҳамзамон бо тағйир ёфгани шароити зиндагии аҳли башар, боло рафтани дараҷаи таҳсилот ва фарҳангу сиёсат баъзе қоидаҳо бо қоидаҳои дигар иваз мешаванд, он чи, ки замоне беадабӣ ҳисоб мешуд, ҳоло мавриди қабули ҳамагон мегардад ва баракс.

Масалан, дар Аврупо як вақтҳо ришу мӯйи сари дароз ва парик мондан анъана шуда буд. Сипас, мӯйи сари кӯтоҳу ришу бурутро тарошидан. Дар Шарқи исломӣ ҳиҷоб барои занҳо ҳатмӣ буд, аммо акнун дар аксарияти мамлакатҳо исломӣ занҳо беҳиҷоб бо либоси дилхоҳ озод фаъолият мекунанд.

Меъёрҳои одоби муошират аз меъёрҳои ахлоқ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо шартӣ мебошанд, онҳо ба истилоҳ дорои ҷанбаи созишомаи нонавишта дар бораи он мебошанд, ки дар рафтори одамон чи чиз қобили қабул ва чи чиз ғайри қобили қабули ҳамагон ҳисоб мешавад. Ҳар як шахси бофарҳанг на танҳо бояд меъёрҳои одоби муоширатро бидонаду риоя намояд, балки зарурати қоидаҳои муайяни муносибатҳои байниҳамдигариро дарк намояд. Рафтору кирдор аз бисёр ҷиҳат инъикоскунандаи фарҳанги ботин ё сифатҳои ахлоқӣ ва ақлонии инсон мебошад.

Дар маҳфилу маърака дуруст рафтор карда тавонистан, хеле аҳамияти калон дорад, он ба роҳ андохтани тамосҳоро осон мегардонад, ҳангоми баҳсу мунозираҳо, ҳамкорӣ, мубодилаи ақидаву ҳаллу фасли масъалаҳо ба ҳусни тафоҳум мусоидат мекунад, равобити хуб ва устувори байниҳамдигариро ба вучуд меоварад.

Этика таълимоти фалсафӣ оид ба ахлоқ буда, мавзӯъҳо умдаи маънавиётро маъмулан ба сифати яке аз тарзҳои танзими назариявии муносибатҳои инсонҳо дар ҷой баррасӣ мекунанд.

Чунин баррасӣ бо ёрии меъёру қоидаҳои дар қонунҳи давлатӣ «нонавиштаи» таърихан ташаккулёфта нисбати рафтори одамон ҳамчун хайр ва шарр, шараф ё бешарафӣ амалӣ карда мешавад.



2. МАВЗӮИ 2. АСОСҲОИ ЭТИКАИ КАСБӢ

1. Асосҳои таърихӣ ва заминаҳои пайдоиши этикаи касбӣ

 

Этикаи касбӣ яке аз шохаҳои илми этика буда, таърихи қадима дорад. Олим-табиби маъруфи Юнони бостон Гиппократ (aсри IV-Ш т.м.) дар бораи этикаи касбӣ тадқиқоти илмӣ гузаронида, сабаби пайдоиши касбҳоро дар тақсимоти бузурги меҳнат мебинад, яъне аз шикорчигӣ ҷудо шудани чорводорӣ, аз чорводорӣ ҷудо шудани зироаткорӣ ва аз зироаткорӣ чудо шудани ҳунармандиро муайяи кардааст. Гиппократ «этикаи касби»-ро асос гузошт, яьне ӯ нахустин шахсест, ки дар бораи талаботҳои дақиқ, махфӣ ва ба худ хоси этикаи касбӣ ақидаҳо баён кардааст. Вай доир ба этикаи омӯзгор, табиб, зироаткор, олим, подшоҳ ва ғайраҳо қоидаҳои махсуси ахлоқро тартиб додаааст. Гиппократ тадаботи этикаи табибро хамчун «қасам» ба низом даровардааст, ки бо номи «Қасами Гиппократ» дар соҳаи тибби ҷаҳон амал мекунад.

Этикаи касбӣ дар натиҷаи талабот ва ҳавасмадии одамони ҳамкасб нисбат ба ахлоқ пайдо шуда, баробари тараққиёт истеҳсолот инкишоф ёфтааст. Ақидаҳои ҷомеаи меҳнатӣ дар барқаpop ва ҷорӣ кардани этикаи касбӣ роли муҳим мебозиданд. Аммо дар ҷомеаҳои беадолат дар ҷараёни меҳнат этикаи касбӣ риоя карда намешуд.

Ҷомеа танҳо он гоҳ вуҷуд дошта метавонад, ки неъматҳои моддӣ ва маънавӣ истеҳсол карда шаванд. Аз ин рӯ, этикаи касбӣ ба инкишофи ахлоқии одамон дар фаъолияти мехнатӣ мусоидат менамояд. Этикаи касбӣ муносибати инсонро 6а ӯҳдадории касбӣ муайян мекунад, ки он бо ҷомеа ва одамон алоқаманд мебошад.

 

2. Асоҳои этикаи касбӣ ҳамчун илми муосир

 

Этикаи касбӣ ‑ илмест, ки дар бораи маҷмӯаи меъёр, принсип ва коидаҳои рафтори мутахиссис дар фаъолияти касбӣ сухан меронад. Этикаӣ касбӣ қисмн ҷудонашаванда ва таркибии фаъолияти кории соҳибкасб ба шумор меравад.

Этикаи касбӣ чунин масъалаҳоро меомӯзад:

§ муносибати коллективи меҳнатӣ нисбат ба ҷомеа;

§ муносибати мутахассис нисбат ба аҳли ҷомеа;

§ рафтори соҳибкасб. ки иҷрои беҳтарини ӯҳдадории касбиро таьмин менамояд;

§ муносибати байниҳамдигарии ҳамкасбон ва одамон, ки объекти фаьолияти онҳо мебошанд.

Асоси этикаи касбӣ ин муносибати эҳтиромона кардан нисбат ба табиат, ҷамьият ва одамон мебошад.

 

3. Талаботи этикаи касбӣ

 

Талаботи аввалиндараҷаи этикаи касбӣ ин бовиҷдонӣ, пок иҷро кардани ӯҳдадории касбӣ мебошад. Дар замони муосир меъёр ва принсипҳои этикаи касбӣ, ки аз этикаи умумиинсонӣ сарчашма мегиранд, ба кодекси ахлоқ табдил дода шудаанд. Меъёрҳои этикаи касбӣ ин қоидаҳое, ки дар асоси идеалҳои гуманистии ахлоқ ба тартиб дароварда шуда, интизоми меҳнатиро риоя кардани шахсро ифода мекунад. Дар ҳолати беэътиборӣ нисбати ӯҳдадории касбӣ корманд аз кор сабукдӯш карда мешавад. Барои чунин ҳолати ногувор руй надиҳад, меьёрҳои касбии зеринро бояд дар хотир дошт:

а) аз рӯи талабот бо маҳорат иҷро кардани ӯҳдадории касбӣ;

б) нишон надодани характерҳои шахсӣ ва нигоҳ доштани ҷараёни кор;

в) муносибати ҷиддии меҳнатӣ кардан бо ҳамкасбон, мизоҷон ва ширкатҳои ҳамкор;

г) дар равиши кор муносибати ғайрикасбӣ накардан бо мизоҷон, зердастон, ҳамкорон ва роҳбарон;

д) риоя кардани принсипи ҳамкорӣ ва муҳокима накардани ҳамкасбону зердастони худ дар назди мизоҷон ва шахсони дигар;

е) дар муҳити корӣ роҳ надодан ба табъизи наҷодӣ синну солӣ, гендерӣ, миллатчигӣ ва маҳалгароӣ;

ё) дар вақти мӯҳлат иҷро кардани супориши мизоҷон ва корхонаҳои ҳамкор.

Дар этикаи касбӣ дар ҷараёни кор муносибатҳои гуногун ба монанди фармондиҳанда, иҷрокунанда, ҳисоботдиҳанда байни роҳбар, зердаст ва ҳамкор ба амал меояд. Яъне роҳбар ӯҳдадор аст, иҷроиши корро аз рӯи меъёри касбӣ талаб намояд ва зердастон вазифаи худро аз рӯи виҷдон дар сатҳи беҳтарин иҷро кунанд, ки ин талаботи этикаи касбӣ ба ҳамаи касбҳо ва соҳибкасбҳо тааллуқ дорад.

Ихтисос - ин намуди муайяни фаъолияти меҳнатӣ, ки аз шахс дониш ва таҷрибаи кориро талаб мекунанд.

Дар ҷахони имрӯза зиёда аз 50 ҳазор намуди касбу ҳунар амал мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон аз рӯи зиёда аз 3 ҳазор касбу ихтисосҳо фаъолияти меҳнатӣ мебаранд. Ҳоло дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, миёнаи махсус ва мактабҳои олии мамлакат аз рӯи зиёда аз 600 номгӯи касбу ҳунарҳои гуногун мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Мутобиқ ба ашёи меҳнат касбҳо ба панҷ гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. «Инсон - инсон»- ашёи меҳнат одамон мебошанд. омӯзгор, духтур, кормандонии соҳаи хизматрасонӣ);

2. «Инсонтехника» - ашёи меҳнат воситаҳои техника мебошанд (муҳандис, нақлиётчӣ);

3. «Инсон - табиат» - ашёи меҳнат замин, об, наботот ва ҳайвонот мебошанд (деҳқон, чорводор);

4. «Инсон - силсилаи нишонаҳо»- ашёи меҳнат нишонаҳои шартӣ, формулаҳо, рақамҳо мебошанд (муҳосиб,барномасоз);

5. «Инсон - образи бадеӣ»- ашёи меҳнат образи бадеӣ ва унсурҳои он мебошад (санъаткор, адиб).

Этикаи касбӣ қоидаҳои ахлоқро дар соҳақои мухталифи касб муайян мекунад. Бахусус, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳуқуқ, нақлиёт ва ғайраҳо бояд ахлоқи олиро соҳиб бошанд. Зеро, онҳо ба ҳаёти инсон ҷавобгар мебошанд. Масалан, барои духтурон лозим аст, ки бо беморон меҳрубонона ва ғамхорона муносибат намоянд, зеро онҳо ҳифзкунандаи саломатии инсон мебошанд; барои омӯзгорон лозим аст, ки бо меҳру муҳаббат бо кӯдакону бачагон муносибат намоянд, зеро онҳо барои тарбияи насли наврас дар назди ҷомеа ҷавобгар мебошанд; ӯҳдадории касбии олимон аз он иборат аст, ки поквиҷдодона ҳақиқатро ҷустуҷӯ карда, дастоварди илмиро ба нафъи инсоният бояд равона созанд, кормандони соҳаи ҳуқуқ вазифадоранд адолатро дар ҷомеа пойдор намоянд.

 

4. Принсип ва меъёрҳои этикаи касбӣ дар замони муосир

 

Принсипҳои этикаи касбӣ инҳоянд: муттаҳидии касбӣ; дарк кардани қадри инсон ва қарзи касбӣ; ҷавобгарии махсус, ки ба он шароити корӣ мусоидат менамояд.

Дар замони муосир принсип ва меъёрҳои этикаи касбӣ, ки аз ахлоқи умумиинсонӣ сарчашма мегиранд, ба кодекеҳои ахлоқ табдил дода шудаанд. Ҳар як касб маҷмӯаи қоидаҳои ахлоқии худро дошта, онхо дар кодексҳои касбӣ инъикос ёфтаанд.

Кодекси касбӣ ‑ муносибати байниҳамдигарии одамонро дар фаъолияти касбӣ инъикос мекунад. Кодексҳои касбӣ инчунин нисбат ба рафтори корманд мукофот ва ҷазоро муайян менамояд. Кодексҳои касбӣ пешниҳод карда мешаванд:            

§ аз ҷониби ширкатҳо, муассисаҳо, корхонаҳо;

§ аз ҷониби соҳаҳои меҳнат ва ихтисосҳо;

§ аз ҷониби коллективҳои меҳнатии минтақаҳо (ноҳияҳо, шаҳрҳо ва ғайра);

§ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ (СММ, САҲА).

Этикан касбӣ дар фаъолияти меҳнатии инсон аҳамияти калон дорад. Зеро, этикаи ҳар як касб софдилона иҷро кардани ӯҳдадории касбиро талаб карда, нисбати ҷомеа ва одамон аз рӯи адолат рафтору амал карданро талаб менамояд. Ҳама намуди этикаи касбӣ барои оқилона истифода бурдани қобилияти меҳнатӣ ва таъмини ахлоқи беҳтарин равона карда шудааст.

 


3. МАВЗУИ 3. ЭТИКАИ РОҲБАРӢ ВА ОМИЛҲОИ ИНТИХОБИ ЭТИКӢ

1. Қоидаҳои этикии рафтори шахс ва таъсири меъёрҳои ҳуқуқӣ.

2. Роҳҳо дар фаҳмиши арзишҳо ва меъёрҳо дар этика.

3. Талабот нисбати қарорҳои этикӣ.

4. Зинаҳои инкишофи маънавии шахсӣ.

 


3.1. 1. Қоидаҳои этикии рафтори шахс ва таъсири меъёрҳои ҳуқуқӣ.

Фаҳмиши умумии этика - ин кулли қоидаҳои маънавӣ ва арзишҳое, ки рафтори одамон, ё гурӯҳи одамонро идора мекунанд ва баҳои мусбат, ё манфии фикри онҳоро муайян месозад. Аз дигар тараф этика кодекси қонунҳои дохилии одамон буда, муайян месозад, ки чӣ тавр рафтор бояд кард, кадом рафторро набояд кард, кадом қарорро бояд қабул кард, кадомашро не, ҳудуд ё сарҳади байни некию бадӣ чӣ гуна бошад. Этика ин худ арзишҳои дохилии одамон буда, дар навбати худ як қисми маданияти корпоративии корхона мебошад, ки барои қабул намудани қарори идоракунии корхона таъсири худро мерасонад ва аз нигоҳи иҷтимоӣ қабулшаванда будани онҳоро нишон медиҳанд.

Масоили этикӣ дар он ҳолате пайдо мешавад, ки агар рафтори як шахси алоҳида, ё умуман ташкилот ба муҳит, атрофиён зарар, ё худ фоида меорад. 

        Одамонро, ки бо масъалаҳои этикӣ дар корхона сарукор доранд, агенти маънавӣ меноманд. Дар ташкилот бисёр масоилҳо оид барафтори этикӣ пайдо мегарданд, ки ҳалли онҳо мушкил буда, масоилҳои дигарро сабаб мешаванд. Мисол: 1. Яке аз менеҷерони касбии ташкилоти миёна мегӯяд, ки ӯ бо мақсади табобат намудани худ аз касали дар як вақти муайян ба кор намеояд. Барои ин ба вай суғуртаи тиббӣ зарур мебошад, аммо вазъияти фонди суғуртаи ташкилот хело мушкил буда, наметавонад, ки маблағи суғуртавиро гузаронад. Аммо Шумо ба наздики хонда будед, ки бо дастгирии суд, ки дар ҳолати касалии СПИД доштани коргар, корхона маблағи суғуртавӣ намесупорад. Шумо оё тарафҳои ҳуқуқии ҳамин масъаларо омӯхта, ба суд муроҷиат мекунед?

2. Шумо чун менеҷер оид ба фурӯш дар ширкати калони дорубарорӣ, супориш гирифтаед, ки нақшаи фурӯши доруи навро дар бозор тайёр намоед, ки нархи як андозаи табобатиаш – 2500 сомонӣ мебошад. Лекин шумо медонед, ки самараи ин дору аз доруи пештараи дар бозорбуда, ки нархаш чор маротиба арзон аст каме зиёдтар аст.

1. Шумо ин корро дидаю дониста доруро бо нархи 2500 сомонӣ мефурӯшед?

2. Агар не, оё ҳолати дигаре хаст, ки одамро аз марг наҷот медиҳад?

3. Шумо муҳосиби корхона. То охири сол каме вақт мондааст, аммо барои иҷрои нақша 15 ҳазор сомонӣ намерасад. 21 декабр Шумо санад-ҳисоб гирифтед, ки ба ташкилоти Шумо бо миқдори 20000 сомонӣ таҷҳизот меоранд. Мувофиқи сиёсати ширкат маблағро, вақте ки мол дастрас мешавад, мегузаронанд. Аммо директор Шуморо мегӯяд, ки пулашро дар моҳи феврал мегузаронем! Қарори Шумо?

Ин гуна мисолҳо чунон бисёр мебошанд, ки ҳар рӯз менеҷерон ба он дучор мешаванд. Акнун масоилҳои дигар ба вуҷуд меоянд, ки кадом роҳҳо, ё худ усулҳо имконият медиҳанд, ки рафтори этикиро таҳлил намуда, дуруст, ё нодуруст қабул карда шудани қарорҳои идоракуниро муайян созем. Чунки аксарияти қарори меъёрҳои этикӣ боиси муноқиша ва норозигӣ дар ташкилот ва ҳатто байни ташкилот ва ҷамъиятҳо, ҳамчунин шахсони алоҳида мегардад.