Topic outline

  • ТАВЗЕҲОТ

    Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ» яке аз ҷузъҳои «Барномаи асосии таҳсилот»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор рафта, аз рӯйи ҳар як ихтисоси тайёр намудани мутахассисон тартиб дода мешавад. Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ» низоми васоити дидактикии таълимро дарбар мегирад, ки бо мақсади ба роҳ мондани методикаи самараноки ташаккул додани салоҳиятҳои касбии дар «Барномаи асосии таҳсилот»-и мақсаднок дарҷ гардида, таҳия карда мешавад.

    Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ»  барои донишҷӯёни соли чорум ва панҷуми таҳсили факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешбинӣ шуда, бандҳои зеринро дарбар мегирад: мақоми фан дар тайёрии касбӣ; салоҳиятнокии касбие, ки фан инкишоф медиҳад; санҷиши натиҷаҳои таълим; ҷадвали тақсимоти фан (дар семестрҳо); барномаи таълимии фан; номгӯи мавзӯъҳои дарсҳо ва тақсимоти соатҳо; номгӯи мавзӯъҳои КМДРО; номгӯи мавзӯъҳои КМД; номгӯи корҳои мустақилона; таъминоти моддӣ – техникии фан; фишурдаи матни лексияҳо; шарҳи мухтасари дарсҳои амалӣ; шарҳи мухтасари дарсҳои семинарӣ; шарҳи мухтасари дарсҳои лабораторӣ; маҷмӯи масъалаҳо, машқҳо, супоришҳо барои дарсҳои амалӣ, семинарӣ ва лабораторӣ; намунаи вариантҳои тестӣ барои корҳои мустақилона ва санҷиши дониш; саволномаи имтиҳон, санҷиши дифференсиалӣ; рӯйхати адабиёт аз фан (асосӣ, иловагӣ, электронӣ).  


  • КОМПЛЕКСИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ АЗ ФАННИ «ТАҲЛИЛИ МОДДАҲОИ ОРГАНИКӢ»

    Ихтисос: химия, химия- биология ва химия-экология

     Мураттиб, номзади илмҳои химия, дотсент, Гулов Т.Ё.

    • ТАВЗЕҲОТ

      Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ» яке аз ҷузъҳои «Барномаи асосии таҳсилот»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор рафта, аз рӯйи ҳар як ихтисоси тайёр намудани мутахассисон тартиб дода мешавад. Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ» низоми васоити дидактикии таълимро дарбар мегирад, ки бо мақсади ба роҳ мондани методикаи самараноки ташаккул додани салоҳиятҳои касбии дар «Барномаи асосии таҳсилот»-и мақсаднок дарҷ гардида, таҳия карда мешавад.

      Комплекси таълимию методӣ аз фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ»  барои донишҷӯёни соли чорум ва панҷуми таҳсили факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешбинӣ шуда, бандҳои зеринро дарбар мегирад: мақоми фан дар тайёрии касбӣ; салоҳиятнокии касбие, ки фан инкишоф медиҳад; санҷиши натиҷаҳои таълим; ҷадвали тақсимоти фан (дар семестрҳо); барномаи таълимии фан; номгӯи мавзӯъҳои дарсҳо ва тақсимоти соатҳо; номгӯи мавзӯъҳои КМДРО; номгӯи мавзӯъҳои КМД; номгӯи корҳои мустақилона; таъминоти моддӣ – техникии фан; фишурдаи матни лексияҳо; шарҳи мухтасари дарсҳои амалӣ; шарҳи мухтасари дарсҳои семинарӣ; шарҳи мухтасари дарсҳои лабораторӣ; маҷмӯи масъалаҳо, машқҳо, супоришҳо барои дарсҳои амалӣ, семинарӣ ва лабораторӣ; намунаи вариантҳои тестӣ барои корҳои мустақилона ва санҷиши дониш; саволномаи имтиҳон, санҷиши дифференсиалӣ; рӯйхати адабиёт аз фан (асосӣ, иловагӣ, электронӣ).  

    • I. БАРНОМАИ КОРИИ ФАН

      1.1. Мақоми фан дар тайёрии касбӣ

      Фанни «таҳлили моддаҳои органикӣ»ба гурӯҳи фанҳои ҳатмии бахши фанҳои тахассусӣ аз рӯйи ихтисоси 1-02 04 03 (химия), 1-02.04.04.02 (химия-экология), 1-02.04.06.01 (химия -биология) дохил мешавад.

      Дар нақшаи таълимии заминавӣ, нақшаи корӣ аз рӯи ихтисос ва Барномаи таълимӣ барои омӯзиши фанни мазкур дар семестри 8-ум ва 9-ум  6 кредит (96 соат)  ҷудо шудааст. Барои дарсҳои аудиторӣ 3 кредит (48 соат), барои дарсҳои КМДРО (кори мустаъқилонаи донишҷу бо роҳбарии омӯзгор) 1 кредит (16 соат), инчунин барои КМД (корҳои мустаъқилонаи донишҷуён) 2 кредит (32 соат) ҷудо шудааст. Дарсҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои  мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор (КМДРО) дар ҷадвали дарсҳо гузошта мешаванд  ва ба сарбории умумии таълимии омӯзгор ва донишҷӯ ворид карда мешаванд. Номгӯи корҳо ва супоришҳои барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) пешбинишуда ба ҳаҷми умумии сарброии омӯзгор дохил намешавад. Аммо омӯзгори фаннӣ рафти иҷрои КМД-ро назорат мебарад ва дар журнали кафедра қайд мегузорад.

    • Муайян кардани хосиятҳои физики моддаҳо.

      Хосиятҳои физикии моддаҳои органикӣ бо бузургиҳои зерин тавсиф карда мешаванд: зичӣ, қобилияти шуоъшиканӣ, гардишдиҳандагии оптикӣ, часпакӣ, ҳароратҳои ҷӯшиш, гудозиш, сахтшавӣва ѓайраҳо.

      Зичии модда. Нисбати массаи модда ба ҳаҷми он зичии модда номида мешавад: P=. Агар массаи модда бо грамм, ҳаҷм бо сантиметри кубӣ (см3) ифода карда шавад, он гоҳ зичии модда массаи 1см3 он аст.