Ташаккули саводнокии иттилоотии омӯзгорон дар низоми такмили ихтисос.

Ибтидои асри XXI як марҳилаи гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки дар он ҷараёни гардиши иттилоот бо суръати шадиди технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти компютерии такмилёбанда меафзояд. Дар чунин шароит, таълим на танҳо бояд ба пуррагии маълумоти пешниҳодшаванда, балки бештар ба қобилияти ба даст овардани маълумот ва аз он кашида гирифтани донишҳои зарурӣ равона гардад.