Мавзӯъ: «Мазмун ва вазифаҳои омӯзиши курси биологияи мактабӣ».

Равиши дарс

 

Муаллими биология – тарѓиботчии асосии илми мазкур дар мактаб мебошад. Бинобар ин ба ӯ лозим аст, ки оид ба таълими  ин фан донишҳои илмию методии чуқур дошта бошад. Мақсад ва вазифаҳои омӯзиши биологияи мактабиро пурра донад. Вазифаҳои омӯзиши биология дар мактаб ин додани маълумотҳои умумӣ – биологӣ ба хонандагон аст, ки онро муаллими ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ қонеъ гардонида метавонад.

Омӯзиши биология ба хонандагон имконият медиҳад, ки онҳо донишҳои гирифтаашонро оид ба олами растаниҳо ва ҳайвонот дар фаъолияти ҳаёташон истифода баранд. Инкишофи организмҳоро дар табиат омӯхта аз рӯи онҳо корҳои тадқиқотӣ – илмӣ баранд. Биология ба хонандагон дар асоси омӯзиши мафҳумҳои биологӣ, алоқамандии байни фанҳо ва аз худ кардани назарияҳои илмӣ таълим дода мешавад. Аҳамияти омӯзиши биологияи мактабӣ дар он аст, ки хонанда доир ба муҳити табиати атроф ва организми худ маълумотҳои дуруст пайдо карда, ҷаҳонбинии илмии худро ташаккул медиҳад. Бояд  гуфт, ки асосан илми биология хонандагонро дар руҳияи муҳаббат ба табиат ва ҳифзи он тарбия карда метавонад.

ҳисоб карда шудааст, ки солҳои 2000 аҳолии кураи замин ду баробар зиёд шуда, баъди 100 сол он ба 12 миллиард мерасад. Таъмини ин миқдор аҳолӣ, аз ҳоло аҳли ҷаҳонро дар ташвиш гузоштааст. Ин миқдор аҳолиро бо хӯрок ва либос дар он вақт таъмин кардан мумкин аст, ки агар инсон сарватҳои табиатро мувофиқи таълимоти илми биология ба роҳ монад. Аз ин лиҳоз дар ин ҷода омода кардани аҳолӣ аз  курси мактабӣ аз дуруст ба роҳ мондани омӯзиши биология сарчашма мегирад, ки ин пеш аз ҳама ба омӯзгорони фанни мазкур вобаста аст.

 Мазмуни курси биологияи мактабӣ ва вазифаҳои омӯзиши он дар асоси барномаи таълимӣ барои мактабҳои  таҳсилоти умумӣ таалуқ дошта тартиб дода мешавад, ки омӯзиши он зина ба зина амалӣ мегардад.

            Асоси омӯзиши таълими биологияи мактаби  аз инҳо иборат аст:

  1. Омӯзиши маълумотҳои политехникӣ дар рафти таълими биология.
  2. Тарбияи гигиенӣ – ҷинсӣ ва санитарии хонандагон.
  3. Гузаронидани корҳои тадқиқотӣ.
  4. Тарбияи эстетикии (зебопарастии) хонандагон.
  5. Муҳаббат ба табиат ва муҳофизати он.

Бояд гуфт, ки омӯзиши биология пеш аз ҳама дар мактаб аз дуруст ба роҳ мондани таълими п о л и т е х н и к ӣ ҷараён мегирад. Ба касбҳои гуногун омода намудани хонандагонро дар вақти гузаронидани машѓулиятҳои дарсӣ дар мактаб, дар саҳроҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ, истеҳсолӣ, кишваршиносӣ, ҷаъмоварии гиёҳҳои шифобахш ва ѓ….  амалӣ гардонидан мумкин аст. Ин рафти таълим ба хонандагон имконият медиҳад, ки онҳо касбҳои ба соҳаҳои хоҷагии қишлоқ алоқа доштаро интихоб намоянд. Маълумотҳои биологие, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба хонандагон дода мешавад, бояд барои т а р б и я и  г и г и е н ӣ  ҷ и н с ӣ  в а  с а н и т а р и и  онҳо мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз ҳар як инсон бояд сохт, вазифаҳои организми  худро донад. Ин албатта дар раванди омӯзиши фанни биология  (одам) дар мактаб амалӣ мегардад.

            Баъди аз худ кардани маълумотҳои аввалини биологӣ хонандагон дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти растаниҳо ва ҳайвонот рӯй медиҳанд аз наздик шинос мешаванд. Растанӣ ва ҳайвонот, ки дар алоқамандӣ бо якдигар вуҷуд доранду ба муҳит – хок, биосеноз, равшанӣ, ҳаво ва об таъсири худро мерасонанд, меомӯзанд. ҳамин тавр хонандагон барои гузаронидани корҳои т а д қ и қ о т ӣ омода мешаванд. Мушоҳидаҳо аз рӯи инкишофи реша, навда, муѓҷа, баргу гул ба вуҷуд омадани мева, афзоиши ҳашаротҳо, моҳӣ, қурбоққа ва дигар ҳайвонҳо ба хонандагон имконият медиҳад, ки дигаргуншавии таѓъиротҳоро дар ҳаёти растаниҳо ва ҳайвонот омӯзанд. 

            Маълумотҳои биологӣ дар тарбияи з е б о п а р а с т и и хонандагон низ таъсири худро мерасонад. Дар раванди таълим муаллими биология ба тарбияи зебопарастии хонандагон диққати махсус дода, дар онҳо қобилияти дуруст дарк кардани табиат ва муносибати байни онҳоро инкишоф  медиҳад. Дар методикаи таълими биология моҳияти тарбияи зебопарастиро аввалин шуда А.Я.Герд, сипас методистони Шӯравӣ Д.Н. Кайкородов, Б.Е.Райков, Н.М. Верзилин шарҳ додаанд. Асосан тарбияи зебопарастӣ ҳангоми гузаронидани экскурсия ба табиат, истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, кор дар қитъаи таълимии таҷрибавӣ амалӣ гардонида мешавад.

М у ҳ а б б а т   б а   т а б и а т  в а  м у ҳ о ф и з а т и  о н  ба тарбияи ватандӯстии хонандагон дар рафти таълими биология ниҳоят аҳмияти калон дорад. Ин маълумотҳо барои аҳли ҷамъият аз мактаб сарчашма гирифта, тамоми ҳаёт дар онҳо боқӣ мемонад. Маълумотҳои биологӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки табиати ватанашонро дуруст омӯхта, аз паи муҳофизати он шаванд ва сарватҳои табиатро оқилона истифода бурда дар зиёда гардонидани бойгариҳои он ҳисса гузоранд.

            Аҳамияти маълумотҳои биологияро омӯхта, омӯзиши онро дар чунин нақша тасвир кардан мумкин аст (Нақшаи №2). Дар айни замон биология ҳамчун фан дар мактабҳои ҳамагонӣ аз рӯи омӯзиши ботаника, зоология, одам ва биологияи умумӣ ҷорӣ гаштааст. Заминаи асосии омӯзиши биология аз таълими табиатшиносии синфи  IV ибтидо мегирад. Таълими табиатшиносӣ аз омӯзиши боби «Фаслҳои сол» сар мешавад, ки талабагон дар он ба таѓйирёбии ҳодисаҳои мавсимии табиат дар баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон шинос шуда, доир ба дигаргуншавии ҳаёти растаниҳо, ҳайвонот, ҳаво, меҳнату саломатии одамон маълумот пайдо мекунанд. Баъд омӯзиши элементҳои ҷуѓрофӣ ва сохти организми одам густариш ёфта, дар бораи гардиши замин дар гирди офтоб дониши худро пурра мекунанд.

Последнее изменение: Пятница, 11 января 2002, 05:54