СИСТЕМАИ ДАВРИИ Д.И.МЕНДЕЛЕЕВ

СИСТЕМАИ ДАВРИИ Д.И.МЕНДЕЛЕЕВ

Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ (ҷадвали Менделеев) — таснифи элементҳои химиявӣ аст, ки он иҷозат медиҳад вобастагии байни хосиятҳои гуногунро аз массаи атомӣ (аниқтараш, аз миқдори протонҳо дар ядрои атом) муайян созем. Ин низомро химики рус Д. И. Менделеев дар солҳои 18691871 дар асоси қонуни даврӣ, ки худ соли 1869 кашф намудааст, таҳия кардааст ва он ифодаи аёнии ин қонун мебошад. Чанд сад намуди тасвири системаи давриро пешниҳод кардаанд, вале шакли маъмули он дар шакли ҷадвали дученака аст, ки дар он ҳар як сутун (ҳамагӣ 8 то сутун) хосиятҳои физикиву химиявии асосиро муайян мекунад. Сатрҳо бошанд, даврҳое мебошанд, ки ба ҳам монандие доранд.


Last modified: Friday, 3 February 2017, 10:26 AM