ЛУҒАТИ МАФҲУМҲО


Обзор глоссария по алфавиту

Специальные | А | Б | В | Г | Д | Е | Ё | Ж | З | И | К | Л | М | Н | О | П | Р | С | Т | У | Ф | Х | Ц | Ч | Ш | Щ | Э | Ю | Я | Все

Страница:  1  2  3  (Далее)
  Все

А

Ахлоқ

Калимаи арабӣ буда, маънояш рафтору кирдор ва сират аст.



В

Вақти корӣ

Қисми вақти тақвимӣ, ки барои истеҳсол ё иҷрои ҳаҷми дахлдори кор сарф карда мешавад.



Вақти кории васеъ

Ҷадвали вақти корӣ, ки дар он корманд метавонад вақти корӣ, вақти оғоз ва ба анҷом расидани корро дар ҳудудҳои аз тарафи роҳбар (менеҷер) муқараркарда, барои худ муайян месозад.



Д

Дастури вазифавӣ

Ҳуҷҷатест, ки вазифаҳои асосии истеҳсолиро, ки корманд уҳдадор аст иҷро кунад, муқаррар мекунад.



И

Ихтисос

Ин намуди муайяни фаъолияти меҳнатӣ, ки аз шахс дониш ва таҷрибаи кориро талаб мекунанд.



К

Касбу ҳунар

         Меҳнате, ки барои ҳар як шахс дар шакли фаъолияти маҳдуд, ки тайёрии дахлдорро талаб мекунад, баромад мекунад.


Кодекси касбӣ

Муносибати байниҳамдигарии одамонро дар фаъолияти касбӣ инъикос мекунад.



Кодекси маънавӣ

Ин пешниҳоди шакли хаттии арзишҳои этикӣ ва иҷтимоии корхона мебошанд, ки бо мақсади ба ҳар як коргар расонидани қоидаҳо ташкилот риоя мекунад.



М

Маданият

Дастоварди башарӣ буда, фақат ба инсон хос аст. Ин ба одамон имкон медиҳад, ки дар шароитҳои мураккаб зиндагӣ намуда, сифатҳои одамиро нигоҳ доранд.



Маданияти маънавию ҳуқуқӣ

  Фаҳмишу эътимоди одам, маълумотнокӣ, андешаронии шахс мебошад. Ин маданият дар рафтори муносибатҳои башарӣ амалӣ мегардад. Муносибатҳои корӣ бояд тарзе ташкил карда шавад, ки ҳуқуқу арзишҳои дигар шахсонро поймол накунад.


Маданияти ташкилӣ

Ин сохта тавонистани системаҳои ташкилӣ, таъмини функсионалии онҳо, бо ёрии технологияи идоракунӣ ва техникаи ташкилӣ мебошад.



Маданияти ҳуҷҷатгузорӣ

Миқдори муайяни ҳуҷҷатҳо, ки дар асоси илми муайяншудае, ки бояд ба менеҷер бирасанд.


Мактуби касбӣ

Ҳуҷҷати мухтасар, ки якчанд масъалаҳои кориро дар бар гирифта, он байни шахсони ҳуқуқӣ ва масъул ба амал меояд.



Маҷлиси касбӣ

Яке аз воситаҳои пурмаҳсул барои ҷалб кардани ҳампешагон ба ҷараёни қабули қарор, воситаи идораи зердастон дар минтақа ва ё муассисаи корӣ мебошад.



Мулоқоти касбӣ

Дар масъалаҳои кори мубодилаи ақидаҳои ҳамкорон дар асоси коидаҳои муайян, ки бо иштироки якчанд нафар ба амал меояд.



Муошират

Ин муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки дар ҷомеа ба амал меояд.



Муоширати касбӣ

 Ин баёни ақидаҳо, ки борои ҳалли ин ё он масъалаи корӣ равона карда мешавад.



Муҳити хуби соҳибкорӣ ва маблағгузор

Фаъолияти иҷтимоии корхона эътибори корхонаро дар назди ҷамъият ва соҳибкорон мебардорад ва барои банақшагирии стратегии ташкилот шароити хуб пайдо месозад.



Н

Навиштаҷоти касбӣ

 Намуди хаттии муошиpaт бо ҳамкорон, ки тавассути почта ва ё шабакаи интернат ба амал бароварда мешавад.



О

Одоби муошират

        Маҷмӯи қоида ва тартиботи муносибати байни одамон аст, ки дар муомилаи ҳарруза зоҳир мегардад.



Одоби муоширати касбӣ

 Кулли ӯҳдадориҳои муайян, қоидаҳо ва меъёрҳои рафториро меноманд, ки дар алоқамандӣ ва муносибатҳои байни коргарон дар раванди корӣ ба миён меоянд.



Омӯзиши касбӣ

Ҷараёни ташаккули қобилиятҳои касбӣ дар байни кормандони ташкилот, ки бо роҳу усулҳои омӯзиши махсус ба даст оварда мешавад. Навъҳои асосии омӯзиши касбӣ: омӯзиш дар ҷойи кор ва берун аз ҷойи кор.



П

Пресс-конференсия

 Вохӯрии шахсони расмӣ (арбоби сиёсию давлатӣ, роҳбарон, мутахассисон, соҳибкорон ва дигарон) бо намояндаҳои расонаҳои хабарӣ бо мақсади ба аҳли ҷомеа расонидани маълумот доир ба масъалаҳои муҳим ба амал бароварда мешавад.



С

Суханронии оммавӣ

 Бо мақсади расонидани маълумот (даъват барои амалиёт, боваркунонӣ, огоҳсозӣ ва ғайра) ба шунавандагон садо медиҳад.



Суҳбати касбӣ

Муошират байни якчанд нафар ҳамкорон, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои муайяни корӣ ва ё барқарор кардани муносибатҳои касбӣ ба амал бароварда мешавад.



Суҳбати касбӣ бо телефон

Воситаи алоқаи оперативӣ, ки барои осон ва зуд ҳал кардани муаммоҳои касбӣ мусоидат намуда, аз ҳар ду тараф қоидаҳои одоби гуфтугуи телефониро талаб менамояд (салом гуфтан. узрхоҳӣ намудан, сипосгузорӣ кардан ва ғайра).



Ф

Фарҳанги ташкилотӣ

Арзишҳо, муносибатҳо, меъёрҳои одобу ахлоқ, ки барои ташкилоти дахлдор хос мебошанд.



Э

Этика

Калимаи юнонӣ буда, маънояш одат, таомул ва расму оин аст. Вайро чун истилоҳи илмӣ ба маънии таьлимот ё илми ахлоқ низ истифода мекунанд.



Этикаи касбӣ

Илмест, ки дар бораи маҷмӯаи меъёр, принсип ва коидаҳои рафтори мутахиссис дар фаъолияти касбӣ сухан меронад.

     



Этикет

Калимаи фаронсавӣ буда, маънояш тартиботи оддӣ аст. Дар забони тоҷикӣ он ба маънои одоби муошират истифода мешавад.




Страница:  1  2  3  (Далее)
  Все