МАВОДИ ИЛОВАГИИ ДИДАКТИКӢ

МАВОДИ ИЛОВАГИИ ДИДАКТИКӢ

2. Нақшаи машғулияти намунавӣ

Лаҳзаи ташкилӣ

Дарс/машғулият дар синф/гурӯҳ мегузарад. Кӯдакон дар назди муаллим/мураббия рост меистанд.

Муаллим/мураббия: Бачаҳо, нигаред, имрӯз мо меҳмонони бисёре дорем, биёед ҳамроҳи меҳмонон салом мекунем. (Кӯдакон ба калонсолон салом медиҳанд).

Муаллим: Бачаҳо, акнун мо  чӣ кор мекунем?

Бачаҳо: Гап мезанем, гӯш мекунем, фикр мекунем, мехонем, бозӣ мекунем.

Муаллим: Офарин, дуруст. Акнун гӯш кунед. Ман савол медиҳам шумо ҷавоб мегардонед. Имрӯз кӣ навбатдор аст?

Бачаҳо: Имрӯз навбатдор Далер аст.

Муаллим: Имрӯз кадом рӯзи ҳафта аст?

Бачаҳо: Имрӯз  рӯзи сешанбе аст.

Муаллим: Имрӯз дар синф кӣ нест?

Бачаҳо: Имрӯз дар синф Лола нест.

Муаллим: Бо кадом сабаб?

Бачаҳо: Лола  ба хонаи бибияш ба меҳмонӣ рафтааст.

Муаллим:  Хуб, бачаҳои азиз, акнун ҳама дар ҷойҳои худ мешинем, гӯшмонакҳоро ба гӯш мекашем ва бодиққат гӯш мекунем. (Муаллим месанҷад, ки кӯдакон чӣ тавр мешунаванд).

Имрӯз якҷоя мо бо шумо овозҳои «Т» ва «К»-ро дар ҳиҷоҳо дуруст  талаффуз мекунем.

Бачаҳо:

ТА-ТА-ТА-КА, КА-КА-КА-ТА, ТА-КА-ТА-КА-ТА

Муаллим: Бачаҳо, нигаред, ман дар даст расмҳои чиро дорам? Номбар кунед.

Бачаҳо: Ин нуксони шунавоидоштаам. Ин нуксони шунавоидоштатошка. Ин каду.

Муаллим: Ҳамаи инро бо як калима чӣ гуфтан мумкин аст?

Бачаҳо: Инҳо сабзавотҳоянд. Дар сабад сабзавот аст.

Муаллим: Офарин бачаҳо, биёед якҷоя бозӣ мекунем. Номи бозӣ «Ҷумларо ба охир расонед» аст.

Дар тахта расмҳо ва ҷадвалҳоро бо ҷумлаҳои  нотамом меовезем:

Нуксони шунавоидоштаим... харид. Дар замин ….. мебарояд. Маҳина... сабз дорад.

Расмҳо: нуксони шунавоидоштаам, нуксони шунавоидоштатошка, каду.

Бачаҳо ҷумлаҳоро хонда калимаи даркориро интихоб менамоянд ва ба ҷойи нуқтаҳо мегузоранд.

Муаллим: Бачаҳо, акнун аз ҷой мехезем. Гӯшакҳоятонро кашед. Дастгоҳҳоро ба гӯш монед. Ҳам бозӣ мекунем ва ҳам гап мезанем.