МАВОДИ ИЛОВАГИИ ДИДАКТИКӢ

МАВОДИ ИЛОВАГИИ ДИДАКТИКӢ

1. Сарлавҳа

Чистон ва истифодаи он барои санҷидани қобилияти забономӯзӣ ва

тафаккуру идроки  кӯдакони нуқсони шунавоӣ дошта

(дар мисоли забони англисӣ)

Чистон яке аз жанрҳои асосии эҷодиёти шифоҳии халқ буда,дар он хусусиятҳои ашё номбар нуксони шунавоидоштада  шавад ҳам, вале дар бораи ашё чизе гуфта намешавад. Чистон дар педагогикаи мактабӣ ва томактабӣ бо мақсади бой гардонидани захираи луғавии кӯдакон, омӯзонидани тарзи дурусти талаффузи овозҳои забони модарӣ, ташаккули нутқи мураттаб, мустаҳкам гардонидани хотир, хаёл ва диққати кӯдакон васеъ истифода бурда мешавад. Чистонҳо дар навбати худ хусусияти тарбиявӣ доранд ва бо воситаи онҳо меҳру муҳаббати  кӯдакон ба забони модарӣ, эҷодиёти шифоҳии халқ зиёд мегардад. Маҳз бо воситаи чистон қобилияти фикрии кӯдакон  инкишоф меёбад. Ҳангоми ба чистонҳо ҷавоб гуфтан, аз кӯдак машқи фикрии ба худ хос талаб нуксони шунавоидоштада мешавад, ки он минбаъд метавонад ба инкишофи тафаккури ӯ таъсир расонад. Кӯдак ҳамон вақт ба чистон ҷавоби дуруст дода метавонад, агар оид ба ашёҳо, олами набототу ҳайвонот ва ҳодисаю воқеаҳои атроф тасаввуроту маълумотҳои заруриро аз худ нуксони шунавоидоштада бошад,  муҳити атроф ва ҳодисаҳои онро мушоҳида нуксони шунавоидоштада тавонад. Ва ҷавоб ёфтан ба чистонҳо кудакро ба фикр нуксони шунавоидоштадан водор намуда, шавқи ӯро ба ҳодисаҳои аҷоибу шақвовари табиат ва муҳити атроф  бедор менамояд.

Маълум аст, ки  чистонҳо ба мавзуъҳои гуногун  бахшида шудаанд ва  ҳар як гурӯҳ аз ҷиҳати мавзуъ доираи васеи ахбороти ҳаётиро дар бар мегирад, ба монанди: ҳодисаҳои табиат, техника, сифати ашё, мева, сабзавот, ашёҳои гуногун ва ғайра. Набояд фаромӯш нуксони шунавоидоштад, ки ҳангоми истифодаи чистон дар ҷараёни дарс ва ё машғулиятҳо ба ҷиҳатҳои тарбиявии он низ диққати махсус бояд дод, яъне чистон вобаста ба синнусоли кӯдак интихоб гардида, рушди ақлноиву зеҳнии ӯро таъмин нуксони шунавоидоштада тавонад.

            Аслан кӯдакон табиатан муҳаққиқанд ва шавқу ҳаваси ҳамешагӣ ба таассуротҳои нав,, кунҷкобӣ, хоҳиши доим озмоиш гузаронидан ва мустақилона пайдо намудани маълумот дар бораи олам, яке аз паҳлӯҳои маъмул ва асосии рафтори кӯдакон ҳисобида мешавад, яъне фаъолияти ҷустуҷӯӣ-таҳқиқӣ – хислати табии кӯдак аст: ӯ ба кашфи олам омода буда, мехоҳад онро зудтар дарк намояд. Таҳқиқ, кашф  ва дарк намудан- ин қадам гузоштан ба сӯи ҳодисаҳову ашёҳои носанҷидаву нав, имконияти фикр нуксони шунавоидоштадан, озмудан, ҷустану таҷриба намудан ва асосаш худбаёнкунии кӯдак  аст

Дар вақти истифода бурдани чистон дар гурӯҳ ва синфҳое, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд таълиму тарбия мегиранд омӯзгор/мураббия бояд эҳтиёткор бошад, зеро дар ҷараёни тарбия ва таълими кӯдакони дорои нуқсонҳои шунавоӣ инкишофи ақлию зеҳнии онҳо амалӣ гардонида мешавад ва дар ин замина, шакли ташкили дурусти таълимро дар инкишофи кӯдак  педагог ва психологҳои барҷаста зарур донистаанд.Аз он ҷумла кӯдакони нуқсони шунавоӣ дошта низ.

Инкишофи зеҳнӣ ташаккули ҷараёнҳои идрок ва услуби фаъолияти зеҳнӣ, азхудкуниву зиёд намудани дониш оид ба табиат ва ҷомеаро дар бар мегирад; рушди шавқу ҳаваси маърифатӣ, инкишофи нутқ чун воситаи идрок таъмин мегардад.

Рушди ақлонии кӯдаки муқаррарӣ такя ба нутқ менамояд. Дар кӯдаке, ки шунавоиаш нуқсон дорад, халалдоршавии ҳамаи вазифаҳои нутқ (иртиботӣ, хулосабарорӣ, сигнификатсионӣ, назоратӣ, танзимсозӣ) ва қисмҳои таркибии забон (захираи луғавӣ, сохти грамматикӣ, таркиби фонетикӣ) мушоҳида мегардад. Аз ҳамин сабаб, рушди кӯдаконе, ки шунавоияшон ба таври амиқ халалдор гаштааст, дар маҷмӯъ аз ҳамсолонашон қафо мемонад. Дар заминаи нуқсони нутқи шифоҳии кӯдак халалдоршавии нутқи хаттии онҳо ҳам ба амал меояд, ки он дар шакли носозии навишт (дисграфия) ва нутқи бесаводона (аграмматизм) ифода меёбад. Дар ҳолати пурра гум нуксони шунавоидоштадани тавоноии узви шунавоӣ, нутқи кӯдак танҳо дар шароити омӯзиши махсус ва бо кӯмаки шаклҳои ёрирасон – аз қабили нутқи имову ишоравӣ, хондани ҷунбиши лабон ташаккул меёбад.