Курси лексияҳо

4. Лекция 4

Рими Шарқӣ (Византия) дар асрҳои IV-ХII

1. Ташкилёбии империяи Рими Шарқӣ (Византия) ва вазъи иқтисодию-иҷтимоӣ ва сиёсии он дар давраҳои аввал. ҳанӯз аз даврони пешин музофотҳои шарқии империяи Рим хусусиятҳои махсуси тараққиёти худро доштанд. Нисбат ба музофотҳои Ғарбии он дар ин ҷо хоҷагии деҳот, ҳунармандӣ ва савдо бештар ривоҷ ёфта, аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳволи мардумони ин ҳудуд беҳтар буд. Дар натиҷаи бӯҳрони сохти Ғуломдорӣ ва авҷгирии ҳаракатҳои халқӣ фарқи пешрафти байни музофотҳои шарқию Ғарбӣ боз ҳам амиқтар мешавад. То як дараҷа оромии музофотҳои шарқиро ба эътибор гирифта, император Константин солҳои 324–330 шаҳри Византийро, ки дар соҳили аврупоии гулӯгоҳи Босфор воқеъ гардида буд, ба пойтахти нави империя табдил дод. Пас аз дигаргунсозии шаҳр Константин номи Византийро ба номи Константинопол иваз намуд, ки маънои шаҳри Констанинро дошт. Лекин номи Византий аз байн нарафта, дертар он ба қисми шарқии империя гузошта шуд.  қисми  шарқии империя аз қисми Ғарбии он соли 395 комилан ҷудо гардид. Баъди вафоти император Феодосий (соли 395) писарони ӯ империяро ба ду қисм ҷудо намуда, тарафи шарқии онро Аркадий (395–408) ва қисми Ғарбиашро Гонорий (395–423)  гирифтанд. Ба қисми шарқии империя, яъне ба Византия – нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин, қисми Байнаннаҳрайн ва Арманистон, Миср, Киренейка, ҷазираҳои Кипр, Крит, Родос ва дигар вилоятҳою ноҳияҳои шарқии империяи Рим дохил мешуданд.

      Аҳволи иқтисодии империяи Византия нисбат ба вазъи иқтисодии империяи Ғарбии  Рим беҳтар ва устувортар буд. Дар таркиби империяи Византия вилоятҳою ноҳияҳое шомил буданд, ки дар онҳо деҳқонию зироаткорӣ анъанаҳои бисёрасра доштанд. Дар баъзе аз вилоятҳо дар як сол 2–3 маротиба ҳосил Ғундошта мешуд. Дар ноҳияҳои бо обёрии сунъӣ, ба Ғайр аз зироатчигӣ инчунин боҒдорӣ ва обчакорӣ ҳам хеле ривоҷ ёфта буданд. Умуман истеҳсолоти хоҷагии деҳоти Византия нисбат ба хоҷагии деҳоти империяи Рими Ғарбӣ ривоҷёфтаю устувор буд. Лекин дар Византия нисбат ба Аврупои Ғарбӣ раванди ташкилёбии заминдории хусусӣ суст мегузашт. Дар Византия ва умуман дар Шарқ мулкҳои калони замин бештар дар ихтиёри императору королҳо, калисою дайрҳо буданд. Дар ин ҷо заминдории хурди деҳқонӣ ва низоми колонат бештар паҳн гардида буд, аз ин рӯ  ҳам деҳқонони озод ҳанӯз  бисёр буданд.

    Дар асрҳои IV–VI дар Византия ҳунармандӣ ва тиҷорат низ дар авҷи тараққиёт буданд, ҳол он ки дар Аврупои Ғарбӣ дар ин давр шаҳрҳо ва ҳунармандӣ ба таназзул дучор шуда буданд. Шаҳрҳои Антиохия, Александрия, Бейрут, Тир, Константинопол ва якчанд шаҳрҳои дигар марказҳои бузурги ҳунармандӣ ва тиҷоратии Византия ба ҳисоб мерафт-анд. Дар байни онҳо  хусусан  Константинопол  ҷойи махсусро ишҒол ме-кард. Дар корхонаҳои ҳунармандии он матоъҳои шоҳӣ, абрешимӣ  пашмӣ, зардӯзӣ, зарфҳои шишагӣ, яроқҳо ва ҳар гуна маҳсулотҳои заргарӣ истеҳсол карда мешуданд. Ба Константинопол аз бисёр мамлакатҳои Ғарбу Шарқ барои савдо тоҷирон меомаданд. Дар савдои байни кишварҳои Ғарбу Шарқ пойтахти Византия нақши миёнаравро мебозид. Аз ин сабаб ҳам К. Маркс Константинополро «пули тиллоии байни Ғарбу шарқ»  номидааст.

    Устувории ҳаёти иқтисодӣ бӯҳрони сохти Ғуломдориро мӯътадил карда, барҳамхӯрии он ва пешрафти муносибатҳои феодалиро суст ме-намуд. Ин дар ҳоле буд, ки дар асри V бар асари бӯҳрони дохилӣ ва ҳуҷуми қабилаҳои германӣ империяи Ғарбии Рим барҳам хӯрда, империяи Шарқӣ – Византия бошад, ҳамчун давлати як андоза мута-марказ арзи ҳастӣ дошт.

    Дар асрҳои IV–VI дар Византия калисои масеҳӣ низ ба яке аз ташкил-отҳои сарватманди мустақил мубаддал гардида буд, лекин он нисбат ба сохтори калисоии Рим ба ҳокимияти императорӣ бештар вобаста буд. Барои сардори ягона шудан аз болои тамоми дунёи насронӣ  байни ин ду ташкилоти калисоӣ муборизаи доимӣ мерафт.

Византия дар солҳои ҳукмрони император

Юстиниан. Шӯриши «Ника». Империяи Византия дар давраи ҳукмронии император Юстиниан(527–565) ба дараҷаи баланди тараққиёти худ ноил гардид.

     Юстиниан шахси хеле ҷоҳил, маҒруру худписанд, шӯҳратпараст ва дар айни ҳол сиёсатмадори оқил ва ислоҳотгари пуртоқат буд. Муаррихи дарбораш Прокопийи  Кесарӣ дар асараш «Таърихи махфӣ» дар бораи ӯ чунин навишта буд: «Юстиниан метавонист бо овози ҳалим ва мӯътадил барои қатли  даҳҳо одами бегуноҳ фармон диҳад».

      Юстиниан дар назди худ вазифа гузошта буд, ки сарҳади собиқ империяи Римро барқарор намояд ва қисман ба ин мақсади худ расида ҳам тавонист. Сарлашкарони ӯ Велизарий ва Нарсес соли 534 давлати вандалҳоро дар Африқои Шимолӣ, соли 535 ҷазираи Ситсилия, соли 554 давлати Остготҳоро дар Италия, соли 555 тамоми Италия ва соҳилҳои ҷанубии Испанияро забт карда, Баҳри Миёназаминро ба баҳри «византиягиҳо» табдил доданд. Дар соҳилҳои ҷанубии қрим ва қисман дар минтақаи Пасиқафқоз низ Юстиниан заминҳои империяро аз нав ба даст даровард. Лекин, аз дигар тараф, аз ҷониби Шимол славянҳо ҳуҷум карда, ба сарҳади империя ворид гардиданд ва илова бар ин Юстиниан бо шоҳаншоҳи Эрони сосонӣ сулҳ баста, маҷбур шуд, ки ба ин давлат як қисми Байнаннаҳрайнро баргардонад. Бо вуҷуди ин, сарҳади империяи Византия дар давраи Юстиниан хеле васеъ шуд. Сайёҳон ва тоҷирони Византия ба мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, бо кишварҳои Осиё ва давлатҳои славянӣ савдои хуб доштанд.

      Дар империяи Византия маданияти дунёи қадим на фақат боқӣ монда буд, балки инчунин ривоҷ ҳам меёфт. Агар ҳунармандӣ дар Аврупои Ғарбӣ рӯ ба таназзул ниҳода бошад, пас дар ин ҷо, баръакс, инкишоф меёфт. Дар шаҳрҳои Византия ва хусусан дар пойтахт, сохтмони қасрҳо, ибодатгоҳҳо, театру ҳаммомҳо ва дигар биноҳои ҷамъиятию маданӣ меафзуд. Техникаи сохтмон беҳтар мегардид. Меъморон қасрҳо ва калисоҳои зебою мунаққаш месохтанд. Рассомон деворҳою шифти онҳоро бо нақшу суратҳо зебу зинат медоданд. Яке аз иншоотҳои бо-ҳашамату зеботарини замони Юстиниан ибодатхонаи Софияи Муқаддас мебошад, ки он дар солҳои 532–538 дар Константинопол сохта шуд. Дар асри ХV, баъди аз ҷониби туркҳо забт карда шудани Константинопол, ин ибодатхона ба масҷиди ҷомеи Туркияи Усмонӣ табдил дода шуд.

      Дар империя мактабҳои бисёр вуҷуд доштанд ва олимони византиягӣ оид ба ҷуҒрофиё, таърих, математика, грамматика, риторика (ҳусни баён), астрономия ва дигар соҳаҳо китобҳои дарсӣ менавиштанд. Худи Юстиниан яке аз ҳуқуқшиноси машҳури замони худ ба шумор мерафт. Бо супориши ӯ ду комиссияи ҳуқуқшиносони империя бо роҳбарии Трибониан дар давоми солҳои 528–534 кори бисёре карда, «Маҷмӯаи ҳуқуқи гражданӣ» –ро тартиб доданд, ки он аз 3 қисм иборат буд. қисми аввал «Кодекси Юстиниан» ном дошт. Дар он тамоми қонунҳои императорони Рим аз давраи император Адриан то давраи Юстиниан ҷамъ оварда шуда, он аз 12 ҷилд иборат буд. Кодекс сохтори нав бавуҷудомадаи сохти феодалиро тасдиқ мекард. қисми дуюми Маҷмӯа «Дигестаҳо» ё Пандектҳо ном дошта, он аз 50–китоб иборат буд. Дар ин китобҳо порчаҳо аз асарҳои ҳуқуқшиносони машҳури Рим ҷамъ оварда шуда буданд. қисми сеюми Маҷмӯа «Институтсия» (лотинӣ – панду насиҳат) ном дошт ва он китоби мухтасари ҳуқуқшиносӣ барои кормандони судӣ ва дигар хонандагон буд. Баъдтар қисми чоруми Маҷмӯа тартиб дода шуд, ки он «Новеллаҳо» (лотинӣ – ҳикояҳо), яъне «қонунҳои нав» ном дошт. Ба ин қисм қонунҳои солҳои 535–565 (то охири умри Юстиниан) баровардаи ин император дохил мешуданд. Умуман дар «Маҷмӯа» ба ҳимояи моликияти хусусӣ ва ҳокимияти мутлақи императорӣ аҳамияти калон дода шуда буд. ҳуқуқшиносони Аврупо ин «Маҷмӯа» –ро ҳаматарафа омӯхта, ҳатто дар асрҳои ХII–ХIV ҳам баъзе аз королҳои Аврупо барои қонунбарории худ аз «Кодекси Юстиниан» истифода  бурданд.

      Бо вуҷуди ҳамаи ин муваффақиятҳои сиёсию мадании замони Юстиниан аҳволи оммаи меҳнаткаши империя хуб нашуд. ҳамаи он сохтмону дабдабаҳои дарбории Юстиниан, пеш аз ҳама, аз ҳисоби ҷамъ-оварии андозҳои зиёд анҷом дода мешуд. Андозҳои вазнин 11–уми янври соли 532 боиси дар шаҳри Константинопол ба амал омадани шӯрише гардиданд, ки дар он қариб ҳамаи сокинони шаҳр иштирок доштанд. Шиори шӯришгарон «Ника», ба забони юнонӣ «Зафар кун! Ғалаба намо!» маҳсуб мегардад. Шӯриш 5 рӯз давом кард. ҳатто император Юстиниан ба ҳарос омада, хост тарки пойтахт намояд, аммо маҳз маслиҳат ва иродаи қавии ҳамсараш малика Феодора империяро аз хатар эмин нигоҳ дошт ва чораҳои мушаххас андешида шуд. Шӯриш, ниҳоят, аз тарафи лашкаркашони Юстиниан бераҳмона пахш гашт. Бар асари суиқасди сарбозони император тақрибан 30 ҳазор шӯришгарон  кушта  шуданд.  Пас аз шӯриши «Ника» Юстиниан ҳокимияти полисро боз ҳам пурзӯр намуд. Заминҳои баъзе феодалони калоне, ки ба марказ тобеъ набуданд, мусодира шуда, идораи империя боз ҳам мутамарказ гардид. Барои ба худ такягоҳ доштан Юстиниан ба рӯҳониён, калисоҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ заминҳои бисёре тақсим карда, андозҳои халқ якчанд маротиба зиёд карда шуд.

Вазъият дар солҳои ҳукмронии намояндагони

 Исавриҳо. Шӯриши Фома Славянин. Баъди вафоти Юстиниан аҳволи дохилию хориҷӣ хеле вазнин мегардад. Агарчи ҷамъоварии андоз як-чанд маротиба меафзояд, лекин хазинаи давлатӣ холӣ буд. Аз ҳар тараф ба империя ҳуҷуми душманон зиёд мешавад. Дар охири асри VI ва аввали асри VII ба нимҷазираи Балкан якчанд маротиба славянҳо ҳуҷум карда, то Пелопонес расиданд. Дар соли 679 дар нимҷазираи Балкан давлати славянии БулҒористон ташкил мешавад. Умуман дар аввали асри VIII аз империяи аҳди Юстиниан танҳо аз се як қисмаш боқӣ монду халос. Илова бар ин, арабҳо ҷазираҳои Кипр ва Родосро забт намуда, ба Константинопол наздик шуданд. Солҳои 717–718 онҳо ба муддати як сол пойтахтро муҳосира намуданд. Лекин дар ин муддат сарлашкари империя Леви III Исавр, ки аз музофоти Исавр буд нақши калони ташкилотчигӣ бозида, бо ёрии булҒорҳо мудофиаи Константинополро наҒз таъмин кард ва арабҳо маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд. Пас аз ин воқеа Леви III императори нави Византия интихоб шуда, асос-гузори сулолаи исавриҳо гардид. ӯ ва ворисаш Константини V одамони ҳарбӣ буда, Леви III тамоми империяро ба музофотҳои ҳарбӣ – фемҳо тақсим намуда, роҳбарии онҳоро ба стратигҳо (сардори ҳарбӣ) вогузор кард. Стратигҳо на фақат ҳокимияти ҳарбӣ, балки ҳокимияти шаҳрвандӣ низ доштанд. Сипоҳиёни фемҳо стратиотҳо номида мешуданд, ки онҳо дар як вақт одамони ҳарбӣ ва деҳқонон ҳисобида мешуданд ва якумрӣ дар хизмат буданд. Стратиотҳо низ барои хизматашон қитъаи замин ме-гирифтанд, ки онро ё аъзоёни оилашон кишт мекарданд ва ё ба иҷора медоданд. Стратиотҳо барои хидмати худ Ғайр аз музди пулӣ, инчунин замин ба бенифитсия мегирифтанд. Аз байни онҳо оянда табақаи нави ҳарбӣ – феодалӣ ба вуҷуд меояд.

     қӯшунҳои фемӣ музофотҳои худро аз арабҳо наҒз ҳимоя карда на-тавониста, ба муқобили онҳо низ имкони ба ҳуҷум гузаштан надоштанд. Зеро дар дохили империя байни «иконапарастон»–у «муборизони иконӣ» муборизаи шиддатнок давом дошт. Вақте ки барои ташкили лашкари сершумори фемӣ фонди заминҳои давлатӣ камӣ кард, Исавриҳо барои пайдо кардани заминҳои нав ва давом додани бенефитсия дар мамлакат иконапарастиро манъ карданд. Рӯҳониён, калисо ва дайрҳое, ки ба ин фармон итоат намекарданд, заминҳои онҳо секуляризатсия (мусодира)  карда  мешуд. Аз ҳамин сабаб Исавриҳо дар байни ҳамасрон лақаби «муборизони икони» –ро гирифтанд.

     Дар  аввали асри IХ, пас аз сустшавии хатари ҳуҷуми арабҳо, аҳволи стратиотҳо бад мешавад. Намояндагони табақаи ҳарбӣ – феодалии нав-бунёд, аз ҷумла стратиотҳо, бо ҳар роҳ заминҳои деҳқонони хурдро ба даст оварда, онҳоро ба деҳқонони крепостной табдил медоданд. Шакл-ҳои истисмори феодалӣ гуногун ва вазнин мегардиданд. ҳамаи ин боиси норозигиҳо ва сар задании исёнҳо мешуданд. Яке аз чунин шӯришҳои деҳқонон дар асри IХ, дар Осиёи Хурд бо сардории шахси ҳарбӣ, яке аз роҳбари фемҳои ин ҷо – Фома Славянин ба амал омад. Шӯриш соли 820 дар Антиохия сар зада, қисми зиёди Осиёи Хурдро фаро гирифт. Шӯришчиён Фомаро император эълон намуда, ба тарафи Констан-тинопол ҳаракат карданд ва қариб як сол онро муҳосира карданд. Лекин ҳукумат бо роҳи ришва ва ваъдаҳои бардурӯҒ дар байни шӯришгарон ихтилоф ва парокандагӣ ба вуҷуд оварда, соли 823 ба онҳо шикаст дод. Фомаро дастгир карда, ҷоҳилона ба қатл расониданд. Пас аз марги Фома муборизаи деҳқонон ва камбаҒалони шаҳр то соли 825 идома ёфт.

     Аз ин болоравии ҳаракатҳои халқӣ тарсида, муборизони иконӣ (Исав-риҳо) ва иконпарастон (рӯҳониён) байни ҳамдигар созиш карданд. Соли 843 дар мамлакат иконпарастӣ расман барқарор гардид.

Империя дар асри IХ-миёнаи асри ХI. Аз миёнаи асри IХ то нимаи асри ХI дар Византия, сулолаи Македонӣ ҳукмронӣ карда аст. Намояндаи аввалини ин сулола Василий I Македонӣ (Мақдунӣ) (867–886) ба шумор мерафт. Дар асри Х ин сулола якчанд император ба сари қудрат овард,  ки дар байни онҳо машҳуртаринашон Константини VII Багрянародний (927–959), олимон ва нависандагон Никифор Фока (963–969), Иоанни Тсимисхӣ (969–978) ва Василий II Болгробойтса (976–1025) маҳсуб ме-гардиданд. Дар давраи ҳукмронии намояндагони ин сулола Константин-опол боз ба бузургтарин маркази савдо мубаддал гардида, дар тиҷорати байни кишварҳои Аврупо ва Осиё нақши асосиро мебозад. Аз ин рӯ  императорони Македонӣ аз тиҷорати хориҷӣ то андозае фоида  ме-гирифтанд, ки ягон королҳои Аврупо ба онҳо баробар шуда наме-тавонистанд.

     Дар давраи Македониҳо хилофати Араб ҳам сусту заиф гардида, чандин ноҳия ва музофотҳои империя аз дасти онҳо баргардонида ме-шавад. Сарҳади Византия ба шимол боз то соҳилҳои дарёи Дунай ва ба шимолу Ғарб то соҳилҳои баҳри Адриатика васеъ мешавад.

     Дар давраи Македониҳо муносибати Византия бо давлати Рус низ беҳ-тар мегардад, ки он натиҷаи равобити хуби савдоӣ ва муборизаи якҷоя ба муқобили печенгҳо, хазарҳо ва половесҳо буд.

     Дар ин давра муносибатҳои феодалӣ боз ҳам ривоҷ ёфта, шумораи деҳқонони озод кам мешавад. Ин вазъият македониҳоро хеле ба ташвиш овард, чунки кам шудани деҳқонони озод қувваи ҳарбии императорро заиф намуда, ҳаҷми андозҳоро ҳам кам мекард. Аз ҳамин сабаб македониҳо ва хусусан император Василий II, чандин маротиба фармон бароварда, аз тарафи динатҳо (одамони бой ва пурқувват) ба зӯрӣ аз худ кардани заминҳои деҳқононро манъ намуд. Василий II дар яке аз фармонҳояш ҳатто талаб кард, ки динатҳо ва дигар заминдорони калон, заминҳои аз стратиотҳо гирифтаашонро баргардонанд. Аммо феодалон чунон сарватманду нерӯманд шуда буданд, ки аз дасти онҳо бозгардон-идани заминҳо кори осон набуд. Дар давраи ҳукмронии сулолаи нав – Комнинҳо, ки соли 1057 ба ҷойи хонадони Македониҳо омаданд, хоҷагии феодалон аз ҳисоби хоҷагии деҳқонони озод боз ҳам калону васеъ мегардад. Дар кишвар шумораи деҳқонони озод кам шуда, аксари онҳо ба деҳқонони крепостной табдил меёбанд.