Курси лексияҳо
Сайт: | Сайт "Открытых образовательных ресурсов" |
Курс: | Таърихи асрҳои миёна |
Книга: | Курси лексияҳо |
Напечатано:: | Гость |
Дата: | Пятница, 22 ноября 2024, 09:15 |
1. Лексия 1
Намудҳои асосии маъхазҳои таърихи асримиёнагии мамлакатҳои Аврупо (асрҳои V–XV)
Маъхазҳое, ки аз рӯйи он олимон таърихи асрҳои миёнаро ме-омӯзанду китобҳои дарсӣ таълиф менамоянд, ду намуд доранд: маъхазҳои бостоншиносӣ ва манбаъҳои хаттӣ. Агар мо ҳар қадар ба давраи қадим назар афканему ба «Таърихи дунёи қадим» наздик шавем, ҳамон андоза маъхазҳои хаттӣ кам мешаванду нақши бостоншиносӣ баланд мегардад. Ва баръакс, ҳар қадар ба замони худ наздик гардем, ҳамон андоза маъхазҳои хаттӣ бисёру гуногуншакл мешаванд. Барои омӯхтани давраҳои аввали асрҳои миёна ва баъзе масъалаҳои он маводи бостоншиносӣ сарчашмаи ягона шуда метавонад. Асбобҳои гилию сафолӣ, фулузию шишагии рӯзгор (косаю пиёла, табақу обгирҳо…), олоти меҳнату яроқҳои ҳарбӣ (дос, каланд, корд, тиру камон, ҷавшан, шамшер, тоскӯлоҳ…), гӯшвора, дастбанд ва соири чизҳои ороишии занона, тангаҳои биринҷӣ, нуқрагию тиллоӣ ва дигар асбобу олотҳои моддию маданӣ, ки бостоншиносон ҳангоми ҳафриётҳо аз зери замин ёфтаанду имрӯзҳо онҳо дар осорхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд, барои омӯхтани бисёр соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва машҒулияту урфу одатҳои одамони асримиёнагӣ маълумоти фаровон медиҳанд. Худи харобаҳои хонаҳои истиқоматӣ, боқимондаи санъатҳои ҳайкалтарошию наққошӣ ва кандакорӣ аз ҳунари волою баланди меъморию тасвирии онҳо башорат медиҳанд.
Маъхазҳои хаттии асримиёнагӣ низ якчанд намудҳо доштанд:
1) Маводи ҳуҷҷатӣ: актҳои оммавӣ ва шахсӣ, ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти хоҷагӣ.
2) Ёдгориҳои ҳуқуқӣ: «ҳақиқатҳо» (қайдҳои ҳуқуқӣ), кодексҳои гражданӣ, ҷиноятӣ ва калисоӣ, қонунҳои алоҳида ва указҳо, хартияҳои шаҳрӣ, протоколҳо (қарорҳо)-и судӣ…
3) Маъхазҳои нақлӣ (ҳикоя): солномаҳо, воқеаномаҳо (хроникаҳо), биографияҳо (зиндагинома) –и королҳо, рӯҳониён…
4) Фолклор (адабиёти шифоҳии халқӣ).
5) Асарҳои бадеӣ, илмӣ ва Ғайра…
Агар маводи ҳуҷҷатӣ ва ёдгориҳои ҳуқуқӣ дар бораи таърихи хоҷа-гию хоҷагидорӣ ва муносибатҳои иҷтимоии сохти феодалӣ нақл кунанд, пас маъхазҳои нақлӣ бештар дар бораи таърихи сиёсӣ маълумот медиҳанд. Дар байни тамоми намудҳои маъхазҳо маводи ҳуҷҷатӣ аксари соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоиро дарбар мегирифтанд, аз ин сабаб ҳам боэътимод мебошанд. Ёдгориҳои ҳуқуқӣ бошанд, барои таҳлили қонуну қоида ва ҳифзи манфиати синфи ҳукмрон истифода мегардиданд, бинобар ин эътимоднокии онҳо нисбат ба боэътимодии маводи ҳуҷҷатӣ камтар аст. Маводи ҳуҷҷатии давраи ибтидои асрҳои миёна хеле кам мебошанд. Азбаски дар он давра расмияти хаттӣ ҳанӯз ривоҷ наёфта буд, бинобар ин Ғайр аз актҳои тӯҳфаи замин, хариду фурӯши он, актҳои заминивазкунию меросгузорӣ... дигар хел намудҳои маводи ҳуҷҷатӣ хеле кам боқӣ мондаанд.
Дар асри V дар байни қабилаҳои германие, ки дар шимолии Италия, дар сарзамини Аврупои Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд, зери таъсири румиён қонунҳои хаттӣ пайдо мешаванд, ки онҳо урфу одатҳои германҳо ва шартҳои муносибатҳои онҳоро бо халқҳои атрофашон қонунӣ ме-гардониданд. Ин маҷмӯаи қонунҳо бештар ба ҷаримаҳо ва дигар намуд-ҳои ҷазоҳо, инчунин ба ҳар гуна ҷиноятҳо бахшида шуда буданд. Онҳо ҳамзамон ба якчанд соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии германҳо низ дахолат мекарданд. Дере нагузашта, ин гуна қонунҳо дар байни келтҳо ва германҳои Аврупои Марказӣ ва Шимолӣ низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни халқҳои Скандинавия бошад, чунин қонунҳои хаттӣ танҳо дар асрҳои XII–XIII пайдо шуданд. Ин ва чанд қонунҳои дигаре, ки дар байни қабилаҳои Аврупо ба вуҷуд омадаанд, монанди «қонунҳои Рус», номи «ҳақиқатҳо»–ро гирифтанд. Аксари ин ҳақиқатҳо ба забони лотинӣ навишта шуда, номи «ҳақиқатҳои варварӣ (барбарӣ)»–ро доранд. Дар давраҳои аввал ин «ҳақиқатҳо» маҷмӯаи хаттии қоидаҳои ҳуқуқии мавҷуда бошанд, сонитар дар онҳо таъсири қонунҳои ҳокимияти королӣ торафт зиёд мегардад. Бар асари иловаҳои солҳои минбаъда матни «ҳақиқатҳо» торафт мураккаб мегардад. То замони мо «ҳақиқатҳо»–и баварҳо, алеманҳо, бургундҳо, саксонҳо, турингҳо, англосаксҳо, фризҳо, саликҳо (яке аз гурӯҳҳои қабилаи франкҳо) ва баъзе дигар қабилаҳои халқҳои Аврупо боқӣ мондаанд. ҳуқуқҳои одатии хаттии қабилаи лангобардҳо «Эдикти Ротари» ном дорад. Дар байни ҳақиқатҳои мазкур хусусан «ҳақиқати саликӣ» аҳамияти калон дорад, ки он аввалин маротиба дар асри VI таҳрир шудааст.
Дар асри VIII «қонуни заминдорӣ» ном маҷмӯаи ҳуқуқии византия-гиҳою славянҳо навишта шуда аст, ки он аз рӯйи хислати худ ба «ҳақиқатҳо» –и зикршудаи қабилаҳои германӣ монанд мебошад.
Аз асри VI сар карда, дар назди калисоҳо ва шурӯъ аз асрҳои VIII–IХ дар дарбори королҳо анналҳо, яъне солномаҳо тартиб дода мешаванд, ки онҳо барои омӯхтани ҳаёти иҷтимоӣ ва хусусан сиёсии халқҳои алоҳида аҳамияти калон доранд. Дар ҳамин асрҳо дар назди калисоҳо ва дар-борҳои королҳою императорҳо грамотаҳои идораҳои калисоӣ ва Ғайри-динӣ, полиптика (рӯйхати мукаммали мулкҳо), картулярия (китоби нусхаҳои грамота), капитулярия (маҷмӯаи қонунҳои королӣ –императорӣ) тартиб дода мешаванд, ки онҳо дар бораи ташкили мулкҳои калони феодалӣ, тарзи истисмори оммаи мутеъ, намудҳои асосии вобастагии деҳқонон… маълумот медиҳанд.
Шурӯъ аз асри VI инчунин таърихи қабилаю халқҳои алоҳида навишта мешаванд, ки муаллифони онҳо бештар роҳибон ва епископҳо буданд. Масалан, «Таърихи готҳо»–и Исидори Севилӣ, «Таърихи франк-ҳо»–и Григорий Турский, «Таърихи халқҳои лангобардҳо»–и Павел Дякон.
Аз асри IХ сар карда биографияи королҳо, епископҳо ва баъзе дигар феодалони калони динию дунявӣ навишта мешаванд, ки яке аз машҳур-тарини онҳо «ҳаёти Карли Кабир» ном асари муаррих Эйнгард мебошад. Ин гуна асарҳо барои омӯхтани таърихи сиёсии замонашон аҳамияти калон доранд.
Дар байни маъхазҳои нақлӣ хусусан асарҳои муаррихон – амалдорони олӣ ва роҳибони Византия хеле ҷолиби диққат мебошанд. Ин таърихчиён нисбат ба муаллифони Аврупои Ғарбӣ ҷаҳонбинии васеи сиёсӣ доштанд, чунки онҳо дар таърихнигорӣ анъанаҳои давраи антиқи-ро истифода мебурданд. Таърихнависони Византия дар асарҳои худ на танҳо таърихи Византия, балки таърихи халқҳои ҳамсояро низ инъикос менамуданд. Дар ин бора хусусан асарҳои таърихшиноси асри VI–и Византия Прокопийи Кесарӣ мисол шуда метавонанд. Дар асри Х дар Византия «Геопоника» ва «Китоби Эпарх» ном асарҳое низ навишта шудаанд, ки асари якум дар бораи хоҷагии деҳот ва асари дуюм дар бораи ҳунармандию савдо дар Константинопол маълумоти муфид медиҳанд. Дар асрҳои ХI–ХIII дар Аврупои Ғарбӣ дар бораи хоҷагии деҳот асарҳои бисёру гуногун ба вуҷуд меоянд: грамотаҳо, рӯйхати мулкҳо, рӯйхатҳои маҷбуриятҳои деҳқонон ва Ғайра. Яке аз ин гуна маъхазҳо ин «Китоби суди даҳшатнок» ном асаре мебошад, ки соли 1086 дар Англия аз тарафи ҳукумати королӣ тартиб дода шуда буд. Аз ин китоб рӯйхати қариб ҳамаи мулкҳою заминҳои Англияро дар асри ХI–ро пайдо кардан мумкин аст. Ингуна ба рӯйхатгирии мулкҳои заминии мамлакат дар Англия дар асри ХIII ҳам гузаронида шуда буд.
Дар асрҳои ХI–ХV тасвироти саҳнаҳои меҳнати хоҷагии деҳотро (саҳнаҳои кишту кор, дарав, шаробпазӣ…) дар рӯйи деворҳои калисоҳои ҷомеъ, ратушаҳо, дар рӯйи қолинҳо, саҳифаҳои дастхатҳо дидан мумкин аст. Дар асрҳои ХIII–ХV ҳуқуқномаҳои феодалон тартиб дода мешаванд, монанди «Зертсала» дар Германия, «Кутюми» дар Фаронса, «Фуэрос» дар Испания, «Ассизҳои Иерусалим» дар давлатҳои салибдорон, ки онҳо ҳуқуқҳои феодалонро ба тартиб медароварданд. Ин ҳуқуқномаҳоро ҳуқуқшиносони ботаҷриба тартиб медоданд. Дар собиқ сарзамини империяи Ғарбии Рим маъхазҳои ҳуқуқию нақлӣ ба забони лотинӣ, дар Англия Ирландия ва Исландия ба забони умумихалқии маҳаллӣ ва дар Византия ба забони юнонӣ тартиб дода мешуданд.
Баробари тараққии шаҳрҳо, ривоҷу равнақи ҳунармандию савдо, шурӯъ аз асрҳои ХIII–ХIV устав (низомнома)–и сехҳо, актҳои хариду фурӯш, тӯҳфакунӣ ва меросгузорӣ, ҳуҷҷатҳои қарзӣ – насиявӣ… пайдо мешаванд. Дар байни ин гуна маъхазҳо «Китоб дар бораи ҳунарҳо» ном асаре, ки соли 1268 дар Париж тартиб додашуда аст, мавқеи махсусро ишҒол мекунад. Ин китоб маҷмӯаи уставҳои 100 сех мебошад.
Барои омӯхтани таърихи сиёсии асрҳои Х–ХV анналҳо ва воқеа-номаҳо маълумоти фаровон медиҳанд. Назар ба ахбороти анналҳо маълумоти воқеаномаҳо саҳеҳтар, аз рӯйи дарбаргирии ҳудуд васеътар ва аз ҷиҳати забон комилтар буданд. Ғайр аз ин дар дар воқеаномаҳо ҳодисаҳо ба тарзи хронологӣ тасвир карда мешуданд.
Дар асри ХIII баробари рушди шаҳрҳо анналҳои шаҳрӣ тартиб дода мешаванд, ки онҳо мавқеи анналҳои калисоиро маҳдуд намуданд. Анналҳои шаҳрӣ хусусияти Ғайридинӣ доштанд. Аз асри ХIII сар карда, воқеаномаҳоро на фақат роҳибон, балки намояндагони Ғайридинӣ ҳам менавиштанд. Дар асрҳои ХIV–ХV бошад, бештар мушовирони корол, ритсарҳо–ҷавонмардон ва шаҳриён муаллифони воқеаномаҳо мешаванд, вобаста ба ин мазмуни воқеаномаҳо низ таҒйир меёбад.
Аз асри ХIV сар карда, баробари торафт афзудани ҳар гуна ҳуҷҷат-ҳои сиёсию дипломатии давлатӣ, мактубҳои махфии ходимони давлатӣ аҳамияти воқеаномаҳоро ба тадриҷ паст мекунанд. Дар асри ХV дар байни сарчашмаҳои таърихӣ маводи ҳуҷҷатӣ аллакай мавқеи асосиро ишҒол менамоянд. Грамотаҳои папагӣ («Грамотаҳои ҳавворӣ», ки аз қарни ХIV сар карда, инчунин «буллаҳо» ном бурда мешаванд), актҳои динии калисоҳои ҷомеъ, рисола ва протоколҳои инквизитсия (суди динӣ) низ маъхазҳои ҳуҷҷатии замони худ мешаванд.
Дар бораи таърихи маданияти асрҳои ХI–ХV манбаҳо хеле зиёд ва рангоранганд. Суруду афсонаҳои халқӣ, театрҳои дарборию шаҳрӣ, асарҳои насрию назмии лирикӣ, қаҳрамонию ишқии ритсарӣ (монанди «Суруд дар бораи Роланд», «Суруд дар бораи Сид», «Суруд дар бораи Нибелунгҳо»), асарҳои илмию фалсафӣ, тиббӣ, филологӣ, ҳар гуна қасру калисоҳо ва дигар ёдгориҳои санъатҳои меъморию тасвирӣ –маъмултарин сарчашмаҳо оид ба маданияти ин давра мебошанд.
2. Лексия 2
Муҳоҷирати бузурги халқҳо. ҳуҷуми қабилаҳои германӣ (олмонӣ) ба Аврупои Ғарбӣ. Ташкилёбии королиҳои германӣ дар сарзамини империяи Ғарбии Рим
Дар асрҳои IV–VII дар байни қабила ва халқҳои атрофи империяи Рим ҷунбишҳое ба амал омаданд, ки онҳо дар таърих бо номи шартии «Муҳоҷирати бузурги халқҳо» маълум аст. Дар ин муҳоҷират хусусан нақш ва таъсири германҳо, славянҳо, сарматҳо, гуннҳо ва баъзе дигар қабилаю халқҳо хеле бузург буд. ҳуҷуми қабилаҳои германҳо, сарматҳо ва баъзе дигар қабилаҳо ба Рим, ки дар асри I дар ноҳияҳои атрофи империяи Рим маскан гирифта буданд, дар охири асри IV барои империя фоҷиаи калон гардид. Ба он аз як тараф, инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ дар дохили қабилаҳои «барбарӣ», парокандашавии сохти авлодӣ, таҳкими ҳокимияти пешвоёни қабилавӣ, бавуҷудоию ташаккул-ёбии ҷамъияти синфӣ, зиёдшавии аҳолию афзудани талабот ба чарогоҳу замин, аз дигар тараф, бадшавии аҳволи дохилии империя сабаб гардид-анд. Дар баробари торафт дигаргуншавии сохти ҷамъиятӣ (ба вуҷуд омадани синф…) дар байни «барбар»–ҳо раванди муттаҳидшавии қабилаҳои германии алеманҳо (ба он қабилаҳои квадҳо, маркоманҳо ва қисман свевҳо дохил мешуданд), дар соҳилҳои дарёи Элба – иттифоқи қабилаҳои германии лангобардҳо, вандалҳо, бургундҳо; дар соҳилҳои дарёи Дунай ва соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ – иттиҳоди қабилаҳои германии остготҳо ва вестготҳо ба вуҷуд омаданд. Аз охири асри IV сар карда, ин қабилаҳо ба империяи Рим ҳуҷумҳои доимӣ карда, дар давоми қариб сад сол онро забт карданд. Соли 375 ба муқобили остготҳо қабилаҳои гуннҳое, ки аз Осиё – аз сарҳадҳои Хитой ва МуҒулистон омада буданд, ҳуҷум карда, онҳоро ба худ тобеъ намуданд. Ин ҳамлаи гуннҳо ба Ғарб барои муҳоҷирати бузурги халқҳо такони нав гардид. Пас аз тобеъ кардани остготҳо, гуннҳо якҷоя бо онҳо ба муқобили вестготҳо баромаданд. Аз ин ҳуҷуми гуннҳо тарсида қариб як миллион вестготҳо бо иҷозати императори Рим аз дарёи Дунай гузашта, ба вилояти Мезия, ки дар сарзамини ҳозираи БулҒористон воқеъ гардида буд, омаданд. Лекин дере нагузашта, аз муносибати ашрофони империя ба танг омада, вестготҳо ба муқобили ҳукумати Рим бархостанд. Соли 378 дар назди шаҳри Адрианопол байни вестготҳо ва лашкари Рим ҷанги сахт ба вуқуъ пайваста, римиён шикаст хӯрданд ва худи император Валент кушта шуд. Императори нав Феодосий (379–395) бо вестготҳо сулҳ баста, барои онҳо дар нимҷазираи Балкан заминҳои нави ҳосилхез ҷудо карда дод. Баъдтар – солҳои 90-уми асри IV, вестготҳо дар сарзамини собиқ Югославия соҳиби вилояти Иллирия мешаванд.
Дар соли 395, пас аз вафоти император Феодосий, империяи Рим ба ду қисм (Ғарбӣ ва шарқӣ) ҷудо гардида, ба қисми шарқӣ – пойтахташ шаҳри Константинопол Аркадий (395-408), ба ҳудудҳои Ғарбӣ – бо пойтахташ Рим Гонорий (395–423) император таъин карда мешаванд.
Дере нагузашта, байни ду император – бародарон зиддият ба амал омада, Аркадий вестготҳоро бар зидди додараш Гонорий ба ҷанг бар-мехезонад. Короли вестготҳо Аларих соли 409 ба сарзамини Италия ҳуҷум карда, 24–уми августи соли 410 Римро забт мекунад. қисми бисёри ашрофони онро ба қатл расонида, боқимондаашро ба асирӣ мегирад. Пас аз забти Рим, Аларих мехост ба Ситсилия ва Африқо ҳуҷум намояд, лекин ҳангоми омодагӣ ба поход дар соли 410–ум вафот мекунад.
Вориси Аларих – Атаулф хоҳари император Гонорийро ба занӣ гирифта, соли 418 бо розигии ӯ ба ҷануби Ғарбии Галлия рафта, дар он ҷо ба королии вестготҳо асос мегузорад, ки пойтахти он шаҳри Тулуз (воқеъ дар Франсияи имрӯза) маҳсуб мегардид. Ин аввалин давлати қабилаҳои германӣ дар сарзамини империяи Ғарбии Рим буд. Тобеияти давлати вестготҳо ба ҳукумати Гонорий танҳо хусусияти расмӣ дошта, дар асл бошад он пурра мустақил буд. Дар ин ҷо вестготҳо аз се ду қисми заминҳои аҳолии маҳаллиро мусодира намуда, байни худ тақсим намуданд. Дар охири асри V ва аввали асри VI ин давлати вестготҳо то Испания васеъ гардида, пойтахти он аз Тулуз ба шаҳри испании Толедо кӯчонида мешавад.
Тақрибан ҳамон солҳое, ки вестготҳо дар Галлия давлати худро ташкил медоданд, дигар қабилаҳои германӣ – свевҳо ва вандалҳо ба ним-ҷазираи Пиреней ҳуҷум карда, свевҳо қисми шимолӣ – Ғарбӣ ва вандалҳо қисми ҷанубии онро ба даст дароварданд. Он қисми Пиреней, ки вандал-ҳо гирифта буданд, ҳоло Андалузия ном дорад, ки аввал Вандалузия номида мешуд. Аз ин ҷо вандалҳо бо сарварии короли худ Гейзерих ба Африқои шимолӣ гузашта, ҷазираҳои Балеар, Корсика, Сардиния ва Ситсилияро забт намуда, соли 439 королии худро ташкил намуданд, ки пойтахти он шаҳри Карфаген буд. Ин дувумин королии қабилаҳои германӣ дар сарзамини империяи Ғарбии Рим буд.
Соли 455 вандалҳо ба Италия гузашта, пойтахти он шаҳри Римро забт намуданд. Баъди Ғорат кардани шаҳр истилогарон ҳамаи ёдгориҳои моддию мадании чандинасраи онро ба замин яксон намуда, ваҳшонияте содир карданд, ки Рим ба майдони харобазор табдил ёфт. Аз ин ҷост, ки баъдҳо ва ҳоло ҳам ин гуна вайронкориҳои ваҳшиёнаро «вандалӣ» – «вандализм» меноманд.
Тақрибан соли 457 дар ҳавзаи дарёи Рони (дар ҷанубу шарқии Франсияи ҳозира) королии дигари қабилаҳои германӣ – қабилаи бургундҳо бо пойтахташ шаҳри Лион таъсис ёфт, ки он сеюмин давлати германҳо дар империяи Ғарбии Рим буд. Пас аз ташкилёбии королиҳои мазкури вестготҳо, вандалҳо ва бургундҳо аҳволи империяи Рими Ғарбӣ хеле бад мешавад.
Илова ба ин, дар чунин шароит ба муқобили империя ҳуҷуми гуннҳо сар мешавад.
Дар нимаи аввали асри V дар атрофи Аттила – ном короли худ гуннҳо муттаҳид гардида, ба Осиёи Хурд, нимҷазираи Балкан, Байнан-наҳрайн, Арманистон ва Византия якчанд походҳо карданд; онҳо ҳатто чандин қабилаҳои славяниеро, ки дар назди Дунай зиндагӣ мекарданд, ба худ тобеъ намуданд. Соли 451 гуннҳо бо сарварии Аттила (451-453) ба Галлия ҳуҷум карда, якчанд шаҳрҳои онро Ғорат намуданд. 15–уми июни соли 451 дар наздикии шаҳри Труа (вилояти ояндаи Шампани Франсия) байни гуннҳо бо роҳбарии Аттила ва римиён бо сарварии вазири императори Ғарбии Рим Аэтсий ҷанги сахте ба амал омада, гуннҳо шикаст хӯрданд. Бо вуҷуди он ки дар ин муҳориба римиҳо Ғолиб омаданд, лекин ин барои онҳо охирин Ғалаба буд. Походҳои пешинаи гуннҳо империяро хеле суст карда буданд. Илова ба ин дар худи ҳамон сол короли вестготҳо ва бургундҳо аз империя пурра мустақил шуданд. Дар соли 452 Аттила ба Италия ҳамла карда, аз он ҷо бо тӯҳфа ва андоз-ҳои зиёд баргашт ва соли 453 вафот кард. Пас аз вафоти ӯ давлати бузурги ташкилкардааш ба зудӣ пароканда шуда, худи гуннҳо ба аҳолии маҳаллӣ омехта шуданд. Аз охири асри VII сар карда, сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи гуннҳо дигар ягон маълумоте намедиҳанд.
Баъд аз муҳорибаи Труа сарлашкар Аэтсий ва император Валентиани III аз тарафи фитнагарони дарбор кушта мешаванд. Соли 476 яке аз сар-лашкарони қабилаҳои германӣ Одоакр (пешвои қабилаи скирҳо) охирин императори хурдсоли Рим Ромула Августуларо аз тахт сарнагун карда, инвеститура (нишона)–и императории Римро ба императори шарқии Рим фиристод, ки бо ҳамин империяи Рими Ғарбӣ мавҷудияти худро қатъ намуд.
Соли 493 короли остготҳо Теодорих бо ёрии императори Византия ба муқобили Одоакр ҳуҷум карда, Италияро забт намуд ва дар ин ҷо зиёда аз 30–сол (493–526) ҳукмронӣ кард. Баъди дар Рим ҳукуматро ба даст гирифтан, Теодорих нисбат ба императори Византия нописандона рафтор карда, худро «бузургтарин» короли «барбарҳо» ҳисобид. Пас аз вафоти Теодорих дар дарбор байни ду гурӯҳ (гурӯҳи тарафдорони Византия ва зидди он) мубориза сар мешавад. Императори Византия Юстиниани I аз ин вазъият истифода бурда, хост тамоми Италияро ба давлати худ ҳамроҳ намояд. Короли нави остготҳо Татила бо Византия зиёда аз 20 сол мубориза бурда, соли 552 маҒлуб шуд ва соли 555 Италия аз тарафи византиягиҳо пурра забт гардид. Баъд аз гирифтани Италия Юстиниан қариб ҳамаи остготҳоро қир карда, бо фармони худ тартиб-оти пештараи Ғуломдориро аз нав барқарор менамуд. Лекин ҳукмронии Византия дар Италия дер давом накард. Соли 568 ба Италия қабилаҳои германии лангобардҳо ҳуҷум карда, қисмҳои шимолӣ ва миёнаи онро ишҒол карданд. Баъди ишҒоли Италия лангобардҳо молу мулки Ғулом-дорони Римро мусодира карда, қисми зиёди онҳоро асир гирифта, ба дигар давлатҳо фурӯхтанд.
ҳанӯз дар аввали асри V, баъди аз Британия ба Италия, даъват шудани легионҳо (отрядҳои ҳарби)–и римӣ, келтҳои Британия ҳам ба муқобили ашрофони римӣ шӯриш бардошта, худро мустақил эълон карданд. Лекин аз миёнаи асри V сар карда, ба Британия қабилаҳои Германияи Шимолӣ – англҳо, саксҳо ва ютҳо дохил мешаванд ва дар давоми чанд садсола якчанд королии худро ташкил менамоянд.
ҳамин тавр, дар давоми асрҳои V–VI империяи Ғарбии Рим тамоман пош хӯрда, харитаи Аврупои Ғарбиро ба куллӣ дигар сохт. Ба ҷойи як давлати бузург якчанд давлатҳои хурди «барбарҳо» таъсис ёфтанд. «Барбарҳо» ҳангоми ҳаракати худ қувваи хешро бо нерӯи истисмор-шавандагони Рим – қувваи Ғуломон ва колонҳо – муттаҳид карда, ба сохти Ғуломдорӣ зарбаи сахт расониданд ва боиси пайдошавии сохти нави ҷамъиятӣ – сохти феодалӣ гардиданд.
3. Лексия 3
Ташкилёбии королӣ ва империяи франкҳо
Ташкилёбии короли франкии Меровингҳо. Дар байни королиҳои дар сарзамини империяи Рим ташкилёфтаи қабилаҳои «барбарӣ», королии франкҳо минбаъд аз ҳама калонтар ва пурқувват мегардад. Франкҳо тадриҷан вестготҳоро аз Галлия пеш карда, бургундҳо, лангобардҳо ва якчанд қабилаҳои германии паси Рейнро ба худ тобеъ намуда, королии хешро ба империяи бузурги замонашон табдил медиҳанд.
Франкҳо (ба забони итолёӣ «озодон», «диловарон») дар аввал дар соҳили рости дарёи Рейн зиндагӣ мекарданд. Номи онҳо дар миёнаи асри III пайдо шудааст, ки дар зери ин мафҳум якчанд қабилаҳои германӣ муттаҳид мегардиданд. Аҷдодони фракҳоро Татсит хамавҳо, сугамбрҳо ва батавҳо номидааст. Дар асри V франкҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим шуданд: ба франкҳои наздибаҳрӣ ё саликӣ ва франкҳои соҳилӣ ё рипуарӣ. Франкҳои саликӣ дар поёноби Рейн, дар соҳилҳои баҳр ва франкҳои рипуарӣ бошанд дар ҳарду соҳили миёнаоби Рейн зиндагӣ менамуданд. Дар байни ин ду гурӯҳ франкҳои саликӣ бо ҷасорату кордонӣ фарқ мекарданду бартарӣ доштанд. Соли 481 яке аз авлодони ин гурӯҳ – аҷдоди Меровей, аз байни худ Хлодвиг ном шахсеро корол пешниҳод намуданд ва ӯ аввалин короли франкҳо интихоб шуда, асос-гузори сулолаи ҳукмрони Меровингҳо гардид.
Франкҳо бо сарварии Хлодвиг (481–511) ба Галлия ҳуҷум карда, соли 486 тамоми қисми шимолии он ва марказаш шаҳри Парижро забт кард-анд. Дар солҳои ҳукмронии Хлодвиг франкҳо торафт ба ҷануб ҳаракат карда, қариб тамоми Галлияро ба даст дароварданд. Дар Галлия Хлодвиг франкҳои худро ба заминҳои хуб таъмин намуд дар ҷанубии ин ҷо дар дасти вестготҳо замини кам боқӣ монда, мавқеи онҳо торафт маҳдуд мешуд.
Муносибатҳои иқтисодӣ – иҷтимоии франкҳо
аз рӯйи маълумотҳои «ҳақиқати саликӣ». Чунонки қайд карда будем, «ҳақиқати саликӣ» яке аз маъхазҳои бештар муҳиму машҳури қабилаҳои барбарии германӣ мебошад. Дар он урфу одатҳои судии франкҳои саликӣ қайд гардида, тахмин мекунанд, ки дар аввали асри VI, дар давраи ҳукмронии Хлодвиг, тартиб дода шудааст. Тавре, ки аз маълумотҳои «ҳақиқати саликӣ» бармеояд, дараҷаи тараққиёти хоҷагӣ дар франкҳо нисбат ба дараҷаи хоҷагии германҳои қадим, ки Татсит тасвир кардааст, баланд будааст. Деҳқонӣ дар асри VI машҒулияти асосии франкҳо маҳсуб мегардид, эҳтимол, аллакай хоҷагии дуқитъагӣ ҳукмрон буд. Дар ҳама ҷо омочи оҳанин истифода мешуд, ки он заминро наҒз шудгор мекард. Кишту кори дукаратаю секарата, сихмолаю хишовакунӣ, ба ҷойи осиёҳои дастӣ истифодаи осиёҳои обӣ барои франкҳо корҳои муқаррарӣ шуда буданд. Ғайр аз кишти Ғалла – ҷавдор, гандум, дар хоҷагии франкҳо кишти лубиёӣ ва заҒир низ ҷой дошт. Корҳои обчакорӣ, боҒдорӣ, токпарварӣ низ ривоҷ ёфта буданд. Дар хоҷагии франкҳо чорводорӣ ҳам мавқеи асосиро ишҒол мекард. Франкҳо ҳайвонҳои калони шохдор ва майда: гов, гӯсфанд, буз, хук ва парранда-гони ҳархелаи хонагӣ парвариш мекарданд. Ғайр аз машҒулиятҳои асосии муқаррарӣ франкҳо шикор, моҳидорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ҳам мекарданд. Лекин дар «ҳақиқати саликӣ» дар бораи мавҷудияти мулки хусусӣ ба замин дар байни франкҳо маълумоти саҳеҳ дида намешавад, агарчӣ дар он дар бораи қитъаҳои наздиҳавлигӣ сухан меравад. Соҳиб-они фонди асосии замини ҳар як деҳа коллективи аҳолии он – деҳқонони озоди майда маҳсуб мегарданд, ки обшинаро ташкил мекарданд ва дар ин бора «ҳақиқати саликӣ» маълумот медиҳад. Заминҳое, ки ба хоҷагии наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои замини кораму марҒзор дохил намешуданд (бешазор, марҒзори тақсимнашуда, замини нообод, роҳҳо, ботлоқзорҳо), дар истифодаи умум мемонданд ва ҳар як аъзои обшина дар истифодаи онҳо ҳиссаи баробар дошт. То фатҳи Галлия мулкдори замини франкҳо авлод ҳисоб мешуд, ки он аз оилаҳои калони алоҳида иборат буд. Пас аз ишҒолгариҳо ҳам аксарияти ҷамоаро хешу пайвандон ташкил медоданд. Дар ҳайати франкҳои озод хешу ақрабо ҳанӯз ҳам нақши калон мебозид-анд. Лекин дар айни замон «ҳақиқати саликӣ» раванди вайроншавӣ ва таназзули муносибатҳои авлодиро инъикос кардааст. Дар байни аъзоёни ташкилоти қавмӣ фарқияти молумулкӣ торафт баръало намоён ме-гардад. Дар боби IХ–уми «ҳақиқати саликӣ», масалан, чунин навишта шудааст: шахсе, ки пайванди хеширо инкор мекунад, бояд дар пеши омма, дар маҷлиси судӣ, изҳор намояд, ки аз иштирок, дар додан ва гирифтани вергелд, аз мерос ва дигар муносибатҳо бо хешон даст ме-кашад. Баъди вафоти чунин шахс мероси ӯ ба хешовандон нагузашта, балки ба хазинаи корол ворид мешуд.
Сустшавии алоқаи қавмӣ байни хешовандон тадриҷан боиси тақсим-шавии оилаҳои калон ба оилаҳои ҷудогонаи хурд мегардад. Дар охири асри VI қитъаи замини меросии франкҳои озод ба замини комилан шахсии озоду аз даст ба даст гузарандаи оилаҳои алоҳидаи хурд – аллод табдил меёбад. қитъаи замин акнун объекти васият, тӯҳфа ва сонитар мавриди хариду фурӯш қарор мегирад. Баробари ба вуҷуд омадани аллод раванди ба обшинаи ҳамсоягӣ ё марзӣ, ки одатан онро обшина – марка меноманд, мубаддалшавии обшинаи деҳқонӣ ба охир мерасад. Обшина – марка акнун на аз хешу табор, балки аз ҳамсоягон иборат мешавад. ҳар яки онҳо сардори оилаи хурди шахсӣ ва соҳиби порчаи замини шахсӣ – аллод мегарданд. То охири асри VI бештари қитъаҳои марҒзору бешазорҳо ҳам ба мулки аллодии обшинаҳои алоҳида ме-гузаранд. Обшина – марка, ки дар франкҳо то интиҳои асри VI ба вуҷуд омада буд, шакли охирини заминдории обшинагӣ буд. Дар доираи он фосидшавии сохти ҷамъияти ибтидоӣ ба охир мерасад.
Дар охири асри VI қитъаи замини деҳқонони обшина пурра ба мулки хусусии онҳо мубаддал мегардад, ки онро мулки аллодӣ меномиданд. Акнун замини аллодиро на фақат мерос гузоштан, балки хариду фурӯш ҳам кардан мумкин буд.
Баробари ба вуҷуд омадани мулки хусусӣ ба замин қисми зиёди аъзоёни обшина бо сабаби афзудани аҳли оилаашон ва нарасидани маҳсулоти деҳқонӣ, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ маҷбур мешуданд, ки қитъаи замини худро фурӯшанд ё ки онро ба деҳқонони аллакай сарват-манд супурда, баъд аз онҳо бештар замин иҷора гиранд. Лекин ин иҷора-гирон минбаъд аз озодии худ маҳрум шуда, ба деҳқонони крепостной (пойбанд) табдил меёфтанд. Ин ва дигар деҳқонони камбаҒал аз деҳқон-они сарватманд Ғайр аз замин инчунин ҳайвоноти корӣ ва тухмӣ қарз гирифта, сипас онҳоро пардохт карда натавониста, маҷбур мешуданд қарздиҳандагонро сенор (хоҷа) шинохта, худро вассал (мутеъ) –и онҳо ҳисобанд ва ваъда диҳанд, ки минбаъд барои онҳо кор мекунанд. Деҳқонони крепостной дар оянда аз назди хӯҷаинони хеш ба ҷойи дигар рафта наметавонистанд, онҳо гӯё ба заминҳои хӯҷаинони худ абадӣ «вобаста» шуда бошанд. Номи «крепостной» гирифтани онҳо ҳам шояд аз ҳамин сабаб бошад. Аз ҳисоби қитъаҳои заминҳои деҳқонони хона-харобшуда, заминҳои қисми дигари деҳқонон торафт афзуда, худи онҳо ба ҳайати ашрофони франкҳо дохил мешуданд. Яке аз ашрофони аввалин ва бойтарини франкҳо худи Хлодвиг ба шумор мерафт. ӯ хусусан дар Галлия аз ҳисоби собиқ мулкҳои императории Рим соҳиби заминҳои зиёд гардида, ҳамзамон тамоми заминҳои ишҒолнашудаи бекорхобидаро низ аз худ кард. Аз ҳисоби ин заминҳо Хлодвиг аъзоёни дружина ва дарбориёнашро бо замин таъмин намуд, ки онҳо минбаъд заминдорони калон гардида, ба сафи ашрофони франкҳо шомил ме-шаванд.
Намояндагони ашрофон дар назди корол, Шӯрои королиро ташкил мекарданд. Бе розигии ин Шӯро корол ягон масъалаи муҳимро ҳал карда наметавонист. Лекин корол идораи ноҳия ва вилоятҳои давлатӣ ташкил карда, онҳоро ба намояндагони авлодаш ва одамони бонуфуз месупорид.
Хлодвиг ва ворисони ӯ барои калисою рӯҳониён замин ва Ғуломону колонҳоро дареҒ намедоштанд, чунки онҳо барои мустаҳкам кардани ҳокимияти королӣ ёрӣ мерасониданд. Калисо низ дар байни халқ итоат-корӣ ва фармонбардориро таблиҒ мекард, ки ин ҳам барои ҳокимияти королӣ ва ҳам барои ҳокимияти динӣ басо зарур буд.
2. Афзудани нобаробарии иҷтимоӣ ва ба қисмҳо тақсимшавии давлати Меровингҳо
Афзоиши заминдории хусусӣ ва сустшавии ҳокимияти
королӣ дар давраи ворисони Хлодвиг. Чунон ки дар боло қайд кардем, заминдорони хусусӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи ба мулки хусусии деҳқон-они ҷамоа табдил ёфтани замини ҷамоа ба вуҷуд меомад. Минбаъд як қисми ин деҳқонон бенаво гардида, нисфи дигарашон заминдори калон мешаванд. Заминдорони калони хусусӣ инчунин аз ҳисоби заминҳои тӯҳфагӣ, ки онҳоро корол ба аъзоёни дружина ва дарбориёни худ ҳадя мекарду ин гуна заминҳоро заминҳои бенефитсиягӣ меномиданд, ба вуҷуд меомаданд. Корол сарват ва таъсири ин заминдорон – ашрофонро зиёд карда, аз камбаҒалон комилан итоат карданро талаб менамуд.
Заминдорони калон торафт ба қувваи бузург мубаддал мегардиданд. Акнун онҳоро сенор меномиданд, ки маънояш «калон – бузургон» ме-бошад. Сенорҳо монанди корол дружина доштанд, ки аъзоёни онро вассал меномиданд. Барои он ки бойигарӣ ва тавоноии худро зиёд намоянд, сенорҳо заминҳои деҳқононро забт карда, онҳоро маҷбур ме-намуданд, ки дар замини хӯҷаин кор кунанд. Барои боз ҳам зиёдтар ва васеътар намудани замини худ сенорҳо ба ҳамдигар ҷанг мекарданд. Ин набардҳо на фақат барои худи сенорҳо, балки барои деҳқонон ҳам ҳалокатовр буд. Дар натиҷа боз замини деҳқонон кашида гирифта, молу амволи онҳо мусодира карда мешуданд. Ин раванди Ғоратшавӣ, аз озодӣ маҳрум, ба крепостнойҳо табдилшавии деҳқонон, аз як тараф ва аз ҷониби дигар, ба дасти заминдорони калон – феодалон гузаштани замин-ҳои ҷамъиятӣ франкҳоро торафт ба ду синфи ба ҳам зид ҷудо мекард: феодалон ва деҳқонони крепостной. Беш аз пеш вазниншавии маҷбуриятҳои феодалӣ шӯришҳои деҳқононро ба вуҷуд меовард, лекин ҳамаи онҳо номуташаккилона ва ба таври пароканда ба амал меомаданд, бинобар ин аз тарафи қувваи ҳарбии феодалону корол ба осонӣ пахш карда мешуданд.
ҳамин тавр афзоиши заминдорони калон, торафт камшавии деҳқон-они озод ва дар байни авлодони Хлодвиг авҷгирии мубориза барои ҳокимият ҳукумати Меровингҳоро хеле сусту заиф намуданд. Дар байни набераю аберагони Хлодвиг зиёда аз 40 сол мубориза давом кард. Дар солҳои 639–751 онҳо ба идораи давлат қариб машҒул нашуданд, аз ин рӯ дар байни ҳамзамонони худ лақаби «королҳои лаванд»–ро гирифта буданд. Дар асрҳои VII–VIII ҳамаи корҳои маъмурӣ, судӣ ва ҳарбӣ ба дасти магнатҳо (заминдорони калон)–и маҳаллӣ гузашт. Дар музофотҳои Австразия, Бургундия ва Нейстрия майордомҳои ҳукуматӣ (мансаб-дорони олии ҳукуматӣ) тамоми ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, барои ҳукумати королӣ байни ҳамдигар мубориза мебурданд. Дар охир, соли 687 майордоми Австразия герсог Пипини II Геристалский ҳамаи рақиб-онашро маҒлуб карда, ҳокимиятро ба даст гирифт ва саравлоди сулолаи нави давлати франкҳо – сулолаи Каролингҳо гардид.
3. Барҳамхӯрии сулолаи Меровингҳо ва саршавии ҳукмронии хонадони Каролингҳо.
Карл Мартелл ва ҷангҳои ӯ бо арабҳо. Ислоҳоти ҳарбӣ. Аз парокандагии сиёсии давлати франкҳо истифода бурда, солҳои 20 ва 30–юми асри VIII арабҳо ба муқобили онҳо ҳуҷум карданд. Арабҳо дар аввали VIII Испанияро забт намуда, аз он ҷо ба давлати франкҳо ҳамла намуданд. Писари Пипини II Геристалский – Карл Мартелл бо дружинаи худ арабҳоро дар назди шаҳри Пуате (наздики шаҳри Париж) пешвоз гирифта, моҳи октябри соли 732 ба онҳо шикасти сахт расонид. Баъди 5 сол арабҳо бори дигар кӯшиш карданд, ки ҷанубии Галлияро ба даст оранд, лекин ин дафъа ҳам шикаст хӯрда, ба Испания ақибнишинӣ намуданд.
қувваи асосии арабҳоро аскарони савора ташкил мекарданд, барои мубориза бо онҳо ба Карл Мартелл лозим омад, ки ба ҷойи аскарони пиёдагард сарбозони савора ташкил намояд. Барои ба лашкари савора ҷалб намудани аскарон Карл Мартелл ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида, нисбат ба онҳо сиёсати заминтӯҳфакуниро пеш гирифт. Аскарони замин тӯҳфагирифта мебоист дар қӯшунҳои савораи давлатӣ хуб хизмат мекарданд. Аз ҳисоби онҳо, дар оянда ашрофони нави ҳарбӣ пайдо мешаванд. Фонди замини давлатӣ аз ҳисоби заминҳои нави забтшуда ва мусодираи заминҳои ашрофони исёнгар пурра мегардад. Лекин вақте, ки ин заминҳо ҳам барои «тӯҳфа» камӣ карданд, пас Карл Мартелл мусодираи заминҳои калисо ва рӯҳониёни исёнгарро гузаронид, ки ин кори ӯ аввалин воқеаи секуляризатсия (мусодираи)–и замини «муқаддас» дар Аврупо ба ҳисоб мерафт.
ҳамин тавр ба Карл Мартелл муяссар гардид, ки қӯшуни тавонои савора ташкил карда, аз болои арабҳо Ғалаба намояд ва онҳоро ба тарафи Ғарбии қаторкӯҳҳои Пиреней, яъне ба сарзамини ҳозираи Испания ба ақиб партояд.
Аз тахти королӣ маҳрум карда шудани Меровингҳо
ва ба сари ҳокимият омадани Каролингҳо. Вориси Карл Мартелл, Пипини III Пакана (741–768) солҳои аввал мисли падараш фақат унвони майордом дошт. Королҳои меровейҳо бошанд, паси ҳам ба сари ҳукумат меомаданду лекин ба корҳои давлатӣ қариб машҒул намешуданд. Бинобар ин Пипини III бо мадади папаи Рим табадуллоти давлатӣ гузаронида, сулолаи меровингҳоро аз тахт сарнагун сохт. Соли 751 дар шаҳри Суассон маҷлиси аъёну ашрофи франкҳо ҷамъ омада, Пипинро короли расмии франкҳо интихоб намуданд. Пас аз ин папаи Рим дар бораи корол интихобшавии Пипин расму русуми динӣ гузаронида, ба сари давлати франкҳо омадани сулолаи нав – каролингҳоро қонунӣ гардонид. Охирин намояндаи хонадони меровингҳо Хилдерики III ба дайр фиристода шуд, ки ӯ дар ҳамон то охири умр зиндагӣ кард.
Барои изҳори миннатдорӣ ба папа Пипин солҳои 755–756 ду маротиба ба Италия бар зидди лангобардҳо, ки онҳо мехостанд вилояти папагӣ –вилояти Римро ишҒол намоянд, лашкар кашида, ба лангобардҳо зарба зад. Ин барои дар Италияи Миёна, дар вилояти Рим, ҳокими мустақил мондани папа, ёрии хеле калон ба шумор мерафт. Пас аз ин алоқаи папа ва ҳукумати франкҳо боз ҳам мустаҳкамтар мешавад.
Ҳамин тавр, дар давраи Пипини III Пакана аҳволи дохилӣ ва хориҷии давлати франкҳо хеле беҳтар гардида, барои минбаъд ба империя табдил ёфтани он шароити муайяне ба вуҷуд омад.
4. Лекция 4
Рими Шарқӣ (Византия) дар асрҳои IV-ХII
1. Ташкилёбии империяи Рими Шарқӣ (Византия) ва вазъи иқтисодию-иҷтимоӣ ва сиёсии он дар давраҳои аввал. ҳанӯз аз даврони пешин музофотҳои шарқии империяи Рим хусусиятҳои махсуси тараққиёти худро доштанд. Нисбат ба музофотҳои Ғарбии он дар ин ҷо хоҷагии деҳот, ҳунармандӣ ва савдо бештар ривоҷ ёфта, аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳволи мардумони ин ҳудуд беҳтар буд. Дар натиҷаи бӯҳрони сохти Ғуломдорӣ ва авҷгирии ҳаракатҳои халқӣ фарқи пешрафти байни музофотҳои шарқию Ғарбӣ боз ҳам амиқтар мешавад. То як дараҷа оромии музофотҳои шарқиро ба эътибор гирифта, император Константин солҳои 324–330 шаҳри Византийро, ки дар соҳили аврупоии гулӯгоҳи Босфор воқеъ гардида буд, ба пойтахти нави империя табдил дод. Пас аз дигаргунсозии шаҳр Константин номи Византийро ба номи Константинопол иваз намуд, ки маънои шаҳри Констанинро дошт. Лекин номи Византий аз байн нарафта, дертар он ба қисми шарқии империя гузошта шуд. қисми шарқии империя аз қисми Ғарбии он соли 395 комилан ҷудо гардид. Баъди вафоти император Феодосий (соли 395) писарони ӯ империяро ба ду қисм ҷудо намуда, тарафи шарқии онро Аркадий (395–408) ва қисми Ғарбиашро Гонорий (395–423) гирифтанд. Ба қисми шарқии империя, яъне ба Византия – нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин, қисми Байнаннаҳрайн ва Арманистон, Миср, Киренейка, ҷазираҳои Кипр, Крит, Родос ва дигар вилоятҳою ноҳияҳои шарқии империяи Рим дохил мешуданд.
Аҳволи иқтисодии империяи Византия нисбат ба вазъи иқтисодии империяи Ғарбии Рим беҳтар ва устувортар буд. Дар таркиби империяи Византия вилоятҳою ноҳияҳое шомил буданд, ки дар онҳо деҳқонию зироаткорӣ анъанаҳои бисёрасра доштанд. Дар баъзе аз вилоятҳо дар як сол 2–3 маротиба ҳосил Ғундошта мешуд. Дар ноҳияҳои бо обёрии сунъӣ, ба Ғайр аз зироатчигӣ инчунин боҒдорӣ ва обчакорӣ ҳам хеле ривоҷ ёфта буданд. Умуман истеҳсолоти хоҷагии деҳоти Византия нисбат ба хоҷагии деҳоти империяи Рими Ғарбӣ ривоҷёфтаю устувор буд. Лекин дар Византия нисбат ба Аврупои Ғарбӣ раванди ташкилёбии заминдории хусусӣ суст мегузашт. Дар Византия ва умуман дар Шарқ мулкҳои калони замин бештар дар ихтиёри императору королҳо, калисою дайрҳо буданд. Дар ин ҷо заминдории хурди деҳқонӣ ва низоми колонат бештар паҳн гардида буд, аз ин рӯ ҳам деҳқонони озод ҳанӯз бисёр буданд.
Дар асрҳои IV–VI дар Византия ҳунармандӣ ва тиҷорат низ дар авҷи тараққиёт буданд, ҳол он ки дар Аврупои Ғарбӣ дар ин давр шаҳрҳо ва ҳунармандӣ ба таназзул дучор шуда буданд. Шаҳрҳои Антиохия, Александрия, Бейрут, Тир, Константинопол ва якчанд шаҳрҳои дигар марказҳои бузурги ҳунармандӣ ва тиҷоратии Византия ба ҳисоб мерафт-анд. Дар байни онҳо хусусан Константинопол ҷойи махсусро ишҒол ме-кард. Дар корхонаҳои ҳунармандии он матоъҳои шоҳӣ, абрешимӣ пашмӣ, зардӯзӣ, зарфҳои шишагӣ, яроқҳо ва ҳар гуна маҳсулотҳои заргарӣ истеҳсол карда мешуданд. Ба Константинопол аз бисёр мамлакатҳои Ғарбу Шарқ барои савдо тоҷирон меомаданд. Дар савдои байни кишварҳои Ғарбу Шарқ пойтахти Византия нақши миёнаравро мебозид. Аз ин сабаб ҳам К. Маркс Константинополро «пули тиллоии байни Ғарбу шарқ» номидааст.
Устувории ҳаёти иқтисодӣ бӯҳрони сохти Ғуломдориро мӯътадил карда, барҳамхӯрии он ва пешрафти муносибатҳои феодалиро суст ме-намуд. Ин дар ҳоле буд, ки дар асри V бар асари бӯҳрони дохилӣ ва ҳуҷуми қабилаҳои германӣ империяи Ғарбии Рим барҳам хӯрда, империяи Шарқӣ – Византия бошад, ҳамчун давлати як андоза мута-марказ арзи ҳастӣ дошт.
Дар асрҳои IV–VI дар Византия калисои масеҳӣ низ ба яке аз ташкил-отҳои сарватманди мустақил мубаддал гардида буд, лекин он нисбат ба сохтори калисоии Рим ба ҳокимияти императорӣ бештар вобаста буд. Барои сардори ягона шудан аз болои тамоми дунёи насронӣ байни ин ду ташкилоти калисоӣ муборизаи доимӣ мерафт.
Византия дар солҳои ҳукмрони император
Юстиниан. Шӯриши «Ника». Империяи Византия дар давраи ҳукмронии император Юстиниан(527–565) ба дараҷаи баланди тараққиёти худ ноил гардид.
Юстиниан шахси хеле ҷоҳил, маҒруру худписанд, шӯҳратпараст ва дар айни ҳол сиёсатмадори оқил ва ислоҳотгари пуртоқат буд. Муаррихи дарбораш Прокопийи Кесарӣ дар асараш «Таърихи махфӣ» дар бораи ӯ чунин навишта буд: «Юстиниан метавонист бо овози ҳалим ва мӯътадил барои қатли даҳҳо одами бегуноҳ фармон диҳад».
Юстиниан дар назди худ вазифа гузошта буд, ки сарҳади собиқ империяи Римро барқарор намояд ва қисман ба ин мақсади худ расида ҳам тавонист. Сарлашкарони ӯ Велизарий ва Нарсес соли 534 давлати вандалҳоро дар Африқои Шимолӣ, соли 535 ҷазираи Ситсилия, соли 554 давлати Остготҳоро дар Италия, соли 555 тамоми Италия ва соҳилҳои ҷанубии Испанияро забт карда, Баҳри Миёназаминро ба баҳри «византиягиҳо» табдил доданд. Дар соҳилҳои ҷанубии қрим ва қисман дар минтақаи Пасиқафқоз низ Юстиниан заминҳои империяро аз нав ба даст даровард. Лекин, аз дигар тараф, аз ҷониби Шимол славянҳо ҳуҷум карда, ба сарҳади империя ворид гардиданд ва илова бар ин Юстиниан бо шоҳаншоҳи Эрони сосонӣ сулҳ баста, маҷбур шуд, ки ба ин давлат як қисми Байнаннаҳрайнро баргардонад. Бо вуҷуди ин, сарҳади империяи Византия дар давраи Юстиниан хеле васеъ шуд. Сайёҳон ва тоҷирони Византия ба мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, бо кишварҳои Осиё ва давлатҳои славянӣ савдои хуб доштанд.
Дар империяи Византия маданияти дунёи қадим на фақат боқӣ монда буд, балки инчунин ривоҷ ҳам меёфт. Агар ҳунармандӣ дар Аврупои Ғарбӣ рӯ ба таназзул ниҳода бошад, пас дар ин ҷо, баръакс, инкишоф меёфт. Дар шаҳрҳои Византия ва хусусан дар пойтахт, сохтмони қасрҳо, ибодатгоҳҳо, театру ҳаммомҳо ва дигар биноҳои ҷамъиятию маданӣ меафзуд. Техникаи сохтмон беҳтар мегардид. Меъморон қасрҳо ва калисоҳои зебою мунаққаш месохтанд. Рассомон деворҳою шифти онҳоро бо нақшу суратҳо зебу зинат медоданд. Яке аз иншоотҳои бо-ҳашамату зеботарини замони Юстиниан ибодатхонаи Софияи Муқаддас мебошад, ки он дар солҳои 532–538 дар Константинопол сохта шуд. Дар асри ХV, баъди аз ҷониби туркҳо забт карда шудани Константинопол, ин ибодатхона ба масҷиди ҷомеи Туркияи Усмонӣ табдил дода шуд.
Дар империя мактабҳои бисёр вуҷуд доштанд ва олимони византиягӣ оид ба ҷуҒрофиё, таърих, математика, грамматика, риторика (ҳусни баён), астрономия ва дигар соҳаҳо китобҳои дарсӣ менавиштанд. Худи Юстиниан яке аз ҳуқуқшиноси машҳури замони худ ба шумор мерафт. Бо супориши ӯ ду комиссияи ҳуқуқшиносони империя бо роҳбарии Трибониан дар давоми солҳои 528–534 кори бисёре карда, «Маҷмӯаи ҳуқуқи гражданӣ» –ро тартиб доданд, ки он аз 3 қисм иборат буд. қисми аввал «Кодекси Юстиниан» ном дошт. Дар он тамоми қонунҳои императорони Рим аз давраи император Адриан то давраи Юстиниан ҷамъ оварда шуда, он аз 12 ҷилд иборат буд. Кодекс сохтори нав бавуҷудомадаи сохти феодалиро тасдиқ мекард. қисми дуюми Маҷмӯа «Дигестаҳо» ё Пандектҳо ном дошта, он аз 50–китоб иборат буд. Дар ин китобҳо порчаҳо аз асарҳои ҳуқуқшиносони машҳури Рим ҷамъ оварда шуда буданд. қисми сеюми Маҷмӯа «Институтсия» (лотинӣ – панду насиҳат) ном дошт ва он китоби мухтасари ҳуқуқшиносӣ барои кормандони судӣ ва дигар хонандагон буд. Баъдтар қисми чоруми Маҷмӯа тартиб дода шуд, ки он «Новеллаҳо» (лотинӣ – ҳикояҳо), яъне «қонунҳои нав» ном дошт. Ба ин қисм қонунҳои солҳои 535–565 (то охири умри Юстиниан) баровардаи ин император дохил мешуданд. Умуман дар «Маҷмӯа» ба ҳимояи моликияти хусусӣ ва ҳокимияти мутлақи императорӣ аҳамияти калон дода шуда буд. ҳуқуқшиносони Аврупо ин «Маҷмӯа» –ро ҳаматарафа омӯхта, ҳатто дар асрҳои ХII–ХIV ҳам баъзе аз королҳои Аврупо барои қонунбарории худ аз «Кодекси Юстиниан» истифода бурданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин муваффақиятҳои сиёсию мадании замони Юстиниан аҳволи оммаи меҳнаткаши империя хуб нашуд. ҳамаи он сохтмону дабдабаҳои дарбории Юстиниан, пеш аз ҳама, аз ҳисоби ҷамъ-оварии андозҳои зиёд анҷом дода мешуд. Андозҳои вазнин 11–уми янври соли 532 боиси дар шаҳри Константинопол ба амал омадани шӯрише гардиданд, ки дар он қариб ҳамаи сокинони шаҳр иштирок доштанд. Шиори шӯришгарон «Ника», ба забони юнонӣ «Зафар кун! Ғалаба намо!» маҳсуб мегардад. Шӯриш 5 рӯз давом кард. ҳатто император Юстиниан ба ҳарос омада, хост тарки пойтахт намояд, аммо маҳз маслиҳат ва иродаи қавии ҳамсараш малика Феодора империяро аз хатар эмин нигоҳ дошт ва чораҳои мушаххас андешида шуд. Шӯриш, ниҳоят, аз тарафи лашкаркашони Юстиниан бераҳмона пахш гашт. Бар асари суиқасди сарбозони император тақрибан 30 ҳазор шӯришгарон кушта шуданд. Пас аз шӯриши «Ника» Юстиниан ҳокимияти полисро боз ҳам пурзӯр намуд. Заминҳои баъзе феодалони калоне, ки ба марказ тобеъ набуданд, мусодира шуда, идораи империя боз ҳам мутамарказ гардид. Барои ба худ такягоҳ доштан Юстиниан ба рӯҳониён, калисоҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ заминҳои бисёре тақсим карда, андозҳои халқ якчанд маротиба зиёд карда шуд.
Вазъият дар солҳои ҳукмронии намояндагони
Исавриҳо. Шӯриши Фома Славянин. Баъди вафоти Юстиниан аҳволи дохилию хориҷӣ хеле вазнин мегардад. Агарчи ҷамъоварии андоз як-чанд маротиба меафзояд, лекин хазинаи давлатӣ холӣ буд. Аз ҳар тараф ба империя ҳуҷуми душманон зиёд мешавад. Дар охири асри VI ва аввали асри VII ба нимҷазираи Балкан якчанд маротиба славянҳо ҳуҷум карда, то Пелопонес расиданд. Дар соли 679 дар нимҷазираи Балкан давлати славянии БулҒористон ташкил мешавад. Умуман дар аввали асри VIII аз империяи аҳди Юстиниан танҳо аз се як қисмаш боқӣ монду халос. Илова бар ин, арабҳо ҷазираҳои Кипр ва Родосро забт намуда, ба Константинопол наздик шуданд. Солҳои 717–718 онҳо ба муддати як сол пойтахтро муҳосира намуданд. Лекин дар ин муддат сарлашкари империя Леви III Исавр, ки аз музофоти Исавр буд нақши калони ташкилотчигӣ бозида, бо ёрии булҒорҳо мудофиаи Константинополро наҒз таъмин кард ва арабҳо маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд. Пас аз ин воқеа Леви III императори нави Византия интихоб шуда, асос-гузори сулолаи исавриҳо гардид. ӯ ва ворисаш Константини V одамони ҳарбӣ буда, Леви III тамоми империяро ба музофотҳои ҳарбӣ – фемҳо тақсим намуда, роҳбарии онҳоро ба стратигҳо (сардори ҳарбӣ) вогузор кард. Стратигҳо на фақат ҳокимияти ҳарбӣ, балки ҳокимияти шаҳрвандӣ низ доштанд. Сипоҳиёни фемҳо стратиотҳо номида мешуданд, ки онҳо дар як вақт одамони ҳарбӣ ва деҳқонон ҳисобида мешуданд ва якумрӣ дар хизмат буданд. Стратиотҳо низ барои хизматашон қитъаи замин ме-гирифтанд, ки онро ё аъзоёни оилашон кишт мекарданд ва ё ба иҷора медоданд. Стратиотҳо барои хидмати худ Ғайр аз музди пулӣ, инчунин замин ба бенифитсия мегирифтанд. Аз байни онҳо оянда табақаи нави ҳарбӣ – феодалӣ ба вуҷуд меояд.
қӯшунҳои фемӣ музофотҳои худро аз арабҳо наҒз ҳимоя карда на-тавониста, ба муқобили онҳо низ имкони ба ҳуҷум гузаштан надоштанд. Зеро дар дохили империя байни «иконапарастон»–у «муборизони иконӣ» муборизаи шиддатнок давом дошт. Вақте ки барои ташкили лашкари сершумори фемӣ фонди заминҳои давлатӣ камӣ кард, Исавриҳо барои пайдо кардани заминҳои нав ва давом додани бенефитсия дар мамлакат иконапарастиро манъ карданд. Рӯҳониён, калисо ва дайрҳое, ки ба ин фармон итоат намекарданд, заминҳои онҳо секуляризатсия (мусодира) карда мешуд. Аз ҳамин сабаб Исавриҳо дар байни ҳамасрон лақаби «муборизони икони» –ро гирифтанд.
Дар аввали асри IХ, пас аз сустшавии хатари ҳуҷуми арабҳо, аҳволи стратиотҳо бад мешавад. Намояндагони табақаи ҳарбӣ – феодалии нав-бунёд, аз ҷумла стратиотҳо, бо ҳар роҳ заминҳои деҳқонони хурдро ба даст оварда, онҳоро ба деҳқонони крепостной табдил медоданд. Шакл-ҳои истисмори феодалӣ гуногун ва вазнин мегардиданд. ҳамаи ин боиси норозигиҳо ва сар задании исёнҳо мешуданд. Яке аз чунин шӯришҳои деҳқонон дар асри IХ, дар Осиёи Хурд бо сардории шахси ҳарбӣ, яке аз роҳбари фемҳои ин ҷо – Фома Славянин ба амал омад. Шӯриш соли 820 дар Антиохия сар зада, қисми зиёди Осиёи Хурдро фаро гирифт. Шӯришчиён Фомаро император эълон намуда, ба тарафи Констан-тинопол ҳаракат карданд ва қариб як сол онро муҳосира карданд. Лекин ҳукумат бо роҳи ришва ва ваъдаҳои бардурӯҒ дар байни шӯришгарон ихтилоф ва парокандагӣ ба вуҷуд оварда, соли 823 ба онҳо шикаст дод. Фомаро дастгир карда, ҷоҳилона ба қатл расониданд. Пас аз марги Фома муборизаи деҳқонон ва камбаҒалони шаҳр то соли 825 идома ёфт.
Аз ин болоравии ҳаракатҳои халқӣ тарсида, муборизони иконӣ (Исав-риҳо) ва иконпарастон (рӯҳониён) байни ҳамдигар созиш карданд. Соли 843 дар мамлакат иконпарастӣ расман барқарор гардид.
Империя дар асри IХ-миёнаи асри ХI. Аз миёнаи асри IХ то нимаи асри ХI дар Византия, сулолаи Македонӣ ҳукмронӣ карда аст. Намояндаи аввалини ин сулола Василий I Македонӣ (Мақдунӣ) (867–886) ба шумор мерафт. Дар асри Х ин сулола якчанд император ба сари қудрат овард, ки дар байни онҳо машҳуртаринашон Константини VII Багрянародний (927–959), олимон ва нависандагон Никифор Фока (963–969), Иоанни Тсимисхӣ (969–978) ва Василий II Болгробойтса (976–1025) маҳсуб ме-гардиданд. Дар давраи ҳукмронии намояндагони ин сулола Константин-опол боз ба бузургтарин маркази савдо мубаддал гардида, дар тиҷорати байни кишварҳои Аврупо ва Осиё нақши асосиро мебозад. Аз ин рӯ императорони Македонӣ аз тиҷорати хориҷӣ то андозае фоида ме-гирифтанд, ки ягон королҳои Аврупо ба онҳо баробар шуда наме-тавонистанд.
Дар давраи Македониҳо хилофати Араб ҳам сусту заиф гардида, чандин ноҳия ва музофотҳои империя аз дасти онҳо баргардонида ме-шавад. Сарҳади Византия ба шимол боз то соҳилҳои дарёи Дунай ва ба шимолу Ғарб то соҳилҳои баҳри Адриатика васеъ мешавад.
Дар давраи Македониҳо муносибати Византия бо давлати Рус низ беҳ-тар мегардад, ки он натиҷаи равобити хуби савдоӣ ва муборизаи якҷоя ба муқобили печенгҳо, хазарҳо ва половесҳо буд.
Дар ин давра муносибатҳои феодалӣ боз ҳам ривоҷ ёфта, шумораи деҳқонони озод кам мешавад. Ин вазъият македониҳоро хеле ба ташвиш овард, чунки кам шудани деҳқонони озод қувваи ҳарбии императорро заиф намуда, ҳаҷми андозҳоро ҳам кам мекард. Аз ҳамин сабаб македониҳо ва хусусан император Василий II, чандин маротиба фармон бароварда, аз тарафи динатҳо (одамони бой ва пурқувват) ба зӯрӣ аз худ кардани заминҳои деҳқононро манъ намуд. Василий II дар яке аз фармонҳояш ҳатто талаб кард, ки динатҳо ва дигар заминдорони калон, заминҳои аз стратиотҳо гирифтаашонро баргардонанд. Аммо феодалон чунон сарватманду нерӯманд шуда буданд, ки аз дасти онҳо бозгардон-идани заминҳо кори осон набуд. Дар давраи ҳукмронии сулолаи нав – Комнинҳо, ки соли 1057 ба ҷойи хонадони Македониҳо омаданд, хоҷагии феодалон аз ҳисоби хоҷагии деҳқонони озод боз ҳам калону васеъ мегардад. Дар кишвар шумораи деҳқонони озод кам шуда, аксари онҳо ба деҳқонони крепостной табдил меёбанд.
5. Лексия 5
Франсия дар асрҳои IX-XI
Ташкилёбии короли Франсия. ҳуҷуми норманнҳо
Ба охиррасии намояндагони сулолаи Каролингҳо. Он тақсимоти империя, ки дар Верден байни се набераи Карли Кабир шуда буд, асоси се давлати ояндаи Аврупо гардид: Франсия, Германия ва Италия. Дар Германия ва Италия ҳукмронии намояндагони хонадони Каролингҳо то аввали асри Х ва дар Франсия то охири асри Х идома кардааст.
Давлати Франсия аз вилоятҳои Ғарбии собиқ империяи франкҳо ба вуҷуд омада, дар асрҳои IX–XI аз якчанд графию герсогӣ иборат буд ва дар навбати худ онҳо боз ба чандин мулкҳои майдаи феодалӣ тақсим мешуданд.
Пас аз вафоти Карли Одамсар, ки ӯ «якумин короли Франсия» ба шумор мерафт, ба давлати Франсия норманнҳо («одамони шимол») ҳуҷум карданд. Онҳо, ки қисман аз скандинавҳо ва қисман аз шведҳо иборат буданд, дар ин давра аз сохти авлодӣ ба сохти феодалӣ мегузаштанд. Дар асри XI дар Аврупои Ғарбӣ норманнҳо роҳзанони хатарноки баҳрӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар баҳргардӣ ва истифодаи яроқҳои мухталиф норманнҳо хеле моҳир буданд.
Солҳои 885–886 норманнҳо даҳ моҳ Парижро муҳосира карда, онро гирифта натавонистанд. Феодали маҳаллӣ граф Эди Парижӣ мудофиаи шаҳри Парижро хуб ба роҳ монда, ба норманнҳо зарбаи сахт расонид. Лекин соли 911–ум яке аз охирин намояндаи сулолаи Каролингҳо Карли IV Соддадил маҷбур шуд, ки соҳили поёноби Сенаро ба сарлашкари норманнҳо граф Роллон диҳад. ӯ дар ин ҷо аз муҳоҷирони норвегӣ герсогии Нормандияро ташкил кард. Ин мулк дар тобеияти Каролингҳо бошад ҳам, вале мустақилона амал мекард. Пас аз вафоти охирин намояндаи Каролингҳо Людовики V Лаванд соли 987 аз авлоди граф Эди Парижӣ Гуго Капет короли Франсия интихоб гардид, ки бо ҳамин дар ин ҷо ҳукмронии сулолаи нав – Капетингҳо сар мешавад.
ҳаёти иқтисодӣ ва сохти иҷтимоию-сиёсӣ. Дар асрҳои IХ–ХI дар Франсия тарзи истеҳсоли феодалӣ пурра Ғалаба мекунад. қувваи истеҳсолӣ ривоҷ ёфта, барои беҳтаршавии аҳволи иқтисодии мамлакат замина ба амал меояд. Ба ҷойи хоҷагии дуқитъагӣ (замине, ки як қисмаш кишт ва қисми дигараш дам дода мешавад) хоҷагии сеқитъагӣ (замине, ки ба се қитъа тақсим карда, ба ҳар як қитъааш ба навбат соли аввал кишти тирамоҳӣ, соли дуюм кишти баҳорӣ гузаронида, соли сеюм дам дода мешавад) ҷорӣ мегардад. Дар кори кишт баробари сипорҳои сабук, сипорҳои вазнин истифода карда мешуданд, ки онҳоро чанд ҷуфт барза-гов ё асп мекашиданд. Техникаи хоҷагии деҳот суст бошад ҳам, ба тадриҷ ривоҷ меёфт. Баробари болоравии қувваҳои истеҳсолкунанда ҷойи баршинаро торафт оброк иваз мекард. Деҳқонони озод, ки онҳоро вилланҳо меномиданд, хеле кам монда, аксарияташон пойбанди феод-алон (деҳқони крепостной) гардиданд. Деҳқонони крепостнойро сервҳо ном мебурданд. Аз рӯйи шароити зиндаги худ вилланҳо аз сервҳо қариб фарқ намекарданд.
Баробари пурра Ғалаба кардани муносибатҳои феодалӣ ҳар гуна андозу маҷбуриятҳои феодалӣ афзуда, онҳо норозигию исёнҳои деҳқон-онро ба вуҷуд меоварданд. Дар асрҳои Х–ХI дар чандин ноҳияю вилоятҳои мамлакат шӯришҳои калони деҳқонон сар заданд. Аз тоқат-нопазирии истисмори феодалон баъзе деҳқонон гурехта ба бешазорҳо мерафтанд. Дар он ҷо заминҳои нав кушода деҳқонӣ мекарданд. Соҳиб-они бешазорҳо сараввал ба деҳқонони гуреза, ки онҳоро госпитҳо (меҳмонон) меномиданд, сабукӣ дода, сонитар ба онҳо андоз бор карда шуд. Баробари пайдоиш ва инкишофи шаҳрҳо баъзе деҳқонони гуреза инчунин ба шаҳрҳо мерафтанд. Агар дар давоми «як солу як рӯз» дар ин ҷо ба даст афтода, дастгир карда нашаванд, онҳо аз ҳолати крепостнойӣ озод гардида, ба шахсони мустақил мубаддал мегардиданд.
Баробари Ғалабаи муносибатҳои феодалӣ дар асрҳои Х–ХI дар ҷамъияти Франсия инчунин иерархияи феодалӣ ба вуҷуд меояд. Дар зинаи аз ҳамаи боло он корол қарор дошт, аз он поёнтар графҳою герсогҳо меистоданд. Расман онҳо ба корол вобаста бошанд ҳам, лекин амалан герсогу графҳо дар мулкҳои худ ҳамчун подшоҳи хурди мустақил аз номи хеш пул сикка мезаданд, ҳуқуқҳои қонунбаророӣ, судӣ, сар кардани ҷангу бастани сулҳро доштанд. Аз баронҳо поёнтар ритсарҳо меистоданд. ҳар як намояндаи зинаи болоӣ нисбат ба зинаи поёнӣ сенор ба шумор рафта, намояндаи зинаи поёнтар бошад, ба намояндаи зинаи болоӣ вассал (тобеъ) маҳсуб мегардид. Деҳқонон ба ин иерархия дохил намешуданд. Феодалҳо дар қалъаҳо зиндагонӣ мекард-анд. То асри Х қалъаҳо бештар аз чӯб ва шурӯъ аз асри ХI аз сангҳо сохта мешуданд.
Яроқҳои феодалон аз шамшер, найза, гурз, табарзин ва сипар иборат буданд. Дар вақти муҳориба онҳо зиреҳ, ҷавшан ва тоскӯлоҳ мепӯшид-анд. Барои фатҳи қалъаҳо аз манҷаниқ (олоти қадимии ҳарбии санг-андозу камонандоз) истифода мекарданд.
2. Германия дар асрҳои IХ-ХI
Ташкилёбии корлии Германия.
Инкишофи муносибатҳои феодалӣ. Германия ҳам монанди Франсия баъд аз тақсимоти Верден ба давлати алоҳида мубаддал гардид. Королии Германия асосан аз 4 герсогӣ иборат буд: Швабия, Бавария, Франкония ва Саксония (якҷоя бо Тюрингия). ҳар яки ин герсогиҳо ба якдигар ҳамчун ба давлатҳои хориҷӣ муносибат мекарданд; байни онҳо алоқаи тиҷоратию иқтисодӣ қариб вуҷуд надошт. ҳанӯз дар асри Х ҳам раванди ба феодализм гузаштани ҷамъияти Германия ба охир нарасида буд. Дар асри Х ин раванд агарчи як андоза босуръат гардида бошад ҳам, лекин он аз раванди ба феодализм гузаштани Франсия сустар ба амал омад. Аз ин рӯ ҳам феодализм дар Германия танҳо дар охири асри ХI ва аввали асри ХII, яъне тақрибан 200 сол баъдтар аз Франсия Ғалаба мекунад.
Аз соли 919 сар карда, дар Германия ба ҷойи сулолаи Каролингҳо хонадони Саксонҳо (936–1024) меояд. Машҳуртарин королҳои ин сулола Генрихи I (919–936) ва писари ӯ Оттони I (936–973) буданд. Онҳо ба графҳою герсогҳои марказгурез муборизаҳои дурудароз бурдаанд. Дар ин мубориза Оттони I ба рӯҳониён такя кард, чунки онҳо ҳам хоҳиши ба худ тобеъ намудани феодалонро доштанд.
ҳанӯз дар давраи Генрихи I феодалони Германия ба муқобили славянҳои Ғарбӣ ҳуҷум карда, сарзамини славянҳои полабӣ ва қисми заминҳои лютичҳоро забт намуданд. Дар аввали асри Х ба Саксония ва Бавария венгерҳо ҳуҷум карданд. Лашкари пиёдагарди ихтиёрии Генрихи I бар зидди лашкари савораи венгерҳо муқовимат карда на-тавонист. Баъди ин Генрихи I ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида, армияи савораи вазниняроқ ташкил намуд. Бо он Оттони I соли 955 дар назди дарёи Лехе ба венгерҳо шикаст дод. Пас аз ин венгерҳо тадриҷан ба ҳаёти муқимӣ гузашта, минбаъд тохтутози худро ба Германия қатъ карданд.
Походҳои Оттони I ба Италия.
Унвони императорӣ гирифтани ӯ. Дар Аврупои Ғарбӣ Италия мамлакати бойтарин ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо шаҳрҳои нав барвақтар ба вуҷуд омада, савдо (хусусан тиҷорати баҳрӣ) хеле ривоҷ ёфта буд. Бойигариҳои Италия кайҳо инҷониб диққати феодалони немисро ба худ ҷалб ме-карданд. Ниҳоят, соли 951 Оттони I ба Италия ҳуҷум мекунад. қобили зикр аст, ки Италияро аз Германия кӯҳҳои Алп ҷудо менамуданд. Дар ин лашкаркашӣ Оттони I шаҳри Павияро ишҒол карда, якчанд князҳои Италияи Шимолиро шикаст дод. Пас аз 10 сол, яъне соли 961, Оттони I бо баҳонаи ёрдам ба папаи 22 сола Иоанни ХII, ки ба ӯ вассалҳояш хатар оварда буданд, походи нав ташкил намуда, онҳоро шикаст дод ва ҳокимияти папаро дар мулкаш аз нав мустаҳкам намуд. Папа барои изҳори миннатдорӣ ба Оттони I ибтидои соли 962 ба ӯ унвони «императорӣ»–ро дод. Германия империя гашт. Ба империяи Оттони I Ғайр аз Германия қисми шимолию марказии Италия ва шаҳри Рим дохил мешуд. ҳукумати папагӣ бо сардории папа низ худро вассали император шинохт. Дар охири асри ХII ин давлат номи «Империяи Муқаддаси Рим» –ро гирифт.
Гирифтани унвони императориро Оттони I ва дарбориёни ӯ гарчанд Ғалабаи бузург ҳисоб мекарданд, вале дар амал аҳволи давлатии онҳо он қадар наҒз набуд. Дар Италия ба феодалони немис бо нафрат нигоҳ мекарданд. Ба Оттони I ва ворисони ӯ Оттони II, Оттони III лозим омад , ки қариб ҳамаи солҳои ҳукмронии худро дар мубориза бо феодалони Италия гузарониданд. Танҳо охирин намояндаи Саксониҳо Генрихи II (1002-1024) дар Германия зиндагӣ карда, нисбат ба пешгузаштагонаш сиёсати мӯътадилро амалӣ кардааст.
Ба сари ҳукумат омадани сулолаи Франконҳо.
Саршавии зиддияти байни император ва папа. Солҳои 1024–1125 ҳоким-ияти императорӣ дар дасти намояндагони сулолаи Франконҳо буд. Намояндагони аввалини ин сулола Конради II (1024–1039) ва Генрихи III (1039––1058) ҳаракат карданд, ки ритсарҳои империяро зиёд кунанд. Барои ин Конрад соли 1037 қонун бароварда, феод (замин)–ҳои ритсариро меросӣ эълон кард. Дар соли 1034 ӯ вилоятҳои Бургандия ва Провансро ба империя ҳамроҳ сохт. Дар давраи Генрихи III таъсири империя ба Полша ва Венгрия ҳам меафзояд. Дар такя ба шумораи зиёди ритсарҳо, Генрихи III калисоҳоро пурра ба зери таъсири худ гирифт. ҳатто худи папа ҳам бо тавсияи ӯ ва бештар аз байни епископҳои немис интихоб мегардид.
Шӯриши солҳои 1073-1075 дар Саксония. Муборизаи
байни император ва папа. Конкордати Вормс. Дар давраи ҳукмронии писари Генрихи III – Генрихи IV байни император ва папа муборизаи дурудароз оҒоз меёбад, ки минбаъд ба сустшавии ҳокимияти императорӣ таъсири калон мерасонад.
Генрихи IV шахси ҳукмфармо ва шӯҳратпараст буд. ӯ кӯшиш кард, ки ба худсарии феодалон зарба зада, Саксонияро ба давлати худ тобеъ намояд. Ба ин мақсад, вай дар Саксония қасрҳо сохта, ҳатто дарбори худро ба ҳамин ҷо кӯчонид ва ба мардуми он зулму асорати зиёд раво дид. Моҳи августи соли 1073 дар Саксония шӯрише сар зад, ки дар он на фақат деҳқонон, балки феодалон низ иштирок доштанд. Шӯришгарон чандин қасрҳои императориро вайрон карда, пардохти ҳар гуна андозро қатъ карданд. Генрихи IV аз Саксония гурехта, қувваи бузурги ҳарбӣ ҷамъ оварда, боз ба ин ҷо баргашт ва 9–уми июни соли 1075 ба шӯришгарон шикаст дод. Пас аз ин муборизаро Генрихи IV бо папа Григорий VII сар кард. Баъди муборизаи чандинсола Генрихи IV соли 1084 Римро забт кард. Папа аз Рим фирор намуда, ба ҷанубии Италия рафт ва дар ҳамон ҷо соли 1085 вафот кард. Лекин бо ин муборизаи байни императору папа ба охир нарасида, онро минбаъд ворисони онҳо давом доданд. Дар интиҳо соли 1122 мобайни император Генрихи V ва папа Каликс II аҳдномае баста шуд, ки он конкордати Вормс ном дошт (яъне аҳдномае, ки дар шаҳри Вормс баста шуда буд). Мувофиқи ин конкордат епископҳоро бояд рӯҳониён интихоб кунанд, ки то ин вақт онҳоро император таъин мекард. Дар Германия интихоби онҳо бояд бо иштироки худи император ё намояндаи ӯ мегузашт; инвеститура (нишонаи ҳокимият, ки онро ба епископи интихобшуда то ин вақт император месупорид) ба 2 қисм ҷудо карда шуд: инвеститураи динӣ, ки он аз ангуштарин ва чӯбдаст иборат буду онро папа месупорид ва инвеститураи Ғайридинӣ, ки онро император супорида, сенории худро аз болои епископҳо таъкид мекард. Конкордат низоми калисои империро дар Италияю Бургундия вайрон ва таъсири императорро аз болои епископҳо суст намуда, андози императориро ба заминҳои калисоӣ кам намуд. Дар натиҷаи ин феодалони калисоӣ ҳам беш аз пеш пурзӯр гардида, тадриҷан ба князҳои алоҳидаи мустақил мубаддал гардиданд. ҳамаи ин парокандагии феодалии Германияро боз ҳам афзуда, ҳокимияти императориро заиф менамуд.