Курси лексияҳо

5. Лексия 5

Франсия дар асрҳои IX-XI

Ташкилёбии короли Франсия. ҳуҷуми норманнҳо

Ба охиррасии намояндагони сулолаи Каролингҳо. Он тақсимоти империя, ки дар Верден байни се набераи Карли Кабир шуда буд, асоси се давлати ояндаи Аврупо гардид: Франсия, Германия ва Италия. Дар Германия ва Италия ҳукмронии намояндагони хонадони Каролингҳо то аввали асри Х ва дар Франсия  то охири асри Х  идома  кардааст.

    Давлати Франсия аз вилоятҳои Ғарбии собиқ империяи франкҳо ба вуҷуд омада, дар асрҳои IX–XI аз якчанд графию герсогӣ иборат буд ва дар навбати худ онҳо боз ба чандин мулкҳои майдаи феодалӣ тақсим мешуданд.

     Пас аз вафоти Карли Одамсар, ки ӯ «якумин короли Франсия» ба шумор мерафт, ба давлати Франсия норманнҳо («одамони шимол») ҳуҷум карданд. Онҳо, ки қисман аз скандинавҳо ва қисман аз шведҳо иборат буданд, дар ин давра аз сохти авлодӣ ба сохти феодалӣ мегузаштанд. Дар асри XI дар Аврупои Ғарбӣ норманнҳо роҳзанони хатарноки баҳрӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар баҳргардӣ ва истифодаи яроқҳои мухталиф норманнҳо хеле моҳир буданд.

    Солҳои 885–886 норманнҳо даҳ моҳ Парижро муҳосира карда, онро гирифта натавонистанд. Феодали маҳаллӣ граф Эди Парижӣ мудофиаи шаҳри Парижро хуб ба роҳ монда, ба норманнҳо зарбаи сахт расонид. Лекин соли 911–ум яке аз охирин  намояндаи сулолаи Каролингҳо Карли IV Соддадил маҷбур шуд, ки соҳили поёноби Сенаро ба сарлашкари норманнҳо граф Роллон диҳад. ӯ дар ин ҷо аз муҳоҷирони норвегӣ герсогии Нормандияро ташкил кард. Ин мулк дар тобеияти Каролингҳо бошад ҳам, вале мустақилона амал мекард. Пас аз вафоти охирин намояндаи Каролингҳо Людовики V Лаванд соли 987 аз авлоди граф Эди Парижӣ Гуго Капет короли Франсия интихоб гардид, ки бо ҳамин дар ин ҷо ҳукмронии сулолаи нав – Капетингҳо сар мешавад.

ҳаёти иқтисодӣ ва сохти иҷтимоию-сиёсӣ. Дар асрҳои IХ–ХI дар Франсия тарзи истеҳсоли феодалӣ пурра Ғалаба мекунад. қувваи истеҳсолӣ ривоҷ ёфта, барои беҳтаршавии аҳволи иқтисодии мамлакат замина ба амал меояд. Ба ҷойи хоҷагии дуқитъагӣ (замине, ки як қисмаш кишт ва қисми дигараш дам дода мешавад) хоҷагии сеқитъагӣ (замине, ки ба се қитъа тақсим карда, ба ҳар як қитъааш ба навбат соли аввал кишти тирамоҳӣ, соли дуюм кишти баҳорӣ гузаронида, соли сеюм дам дода мешавад) ҷорӣ мегардад. Дар кори кишт баробари сипорҳои сабук, сипорҳои вазнин истифода карда мешуданд, ки онҳоро чанд ҷуфт барза-гов ё асп мекашиданд. Техникаи хоҷагии деҳот суст бошад ҳам, ба тадриҷ ривоҷ меёфт. Баробари болоравии қувваҳои истеҳсолкунанда  ҷойи баршинаро торафт оброк иваз мекард. Деҳқонони озод, ки онҳоро вилланҳо меномиданд, хеле кам монда, аксарияташон пойбанди феод-алон (деҳқони крепостной) гардиданд. Деҳқонони крепостнойро сервҳо ном мебурданд. Аз рӯйи шароити зиндаги худ вилланҳо аз сервҳо қариб фарқ намекарданд.

     Баробари пурра Ғалаба кардани муносибатҳои феодалӣ ҳар гуна андозу маҷбуриятҳои феодалӣ афзуда, онҳо норозигию исёнҳои деҳқон-онро ба вуҷуд меоварданд. Дар асрҳои Х–ХI дар чандин ноҳияю вилоятҳои мамлакат шӯришҳои калони деҳқонон сар заданд. Аз тоқат-нопазирии истисмори феодалон баъзе деҳқонон гурехта ба бешазорҳо мерафтанд. Дар он ҷо заминҳои нав кушода деҳқонӣ мекарданд. Соҳиб-они бешазорҳо сараввал ба деҳқонони гуреза, ки онҳоро госпитҳо (меҳмонон) меномиданд, сабукӣ дода, сонитар ба онҳо андоз бор карда шуд. Баробари пайдоиш ва инкишофи шаҳрҳо баъзе деҳқонони гуреза инчунин ба шаҳрҳо мерафтанд. Агар дар давоми «як солу як рӯз» дар ин ҷо ба даст афтода, дастгир карда нашаванд, онҳо аз ҳолати крепостнойӣ озод гардида, ба шахсони мустақил мубаддал  мегардиданд.

     Баробари Ғалабаи муносибатҳои феодалӣ дар асрҳои Х–ХI дар ҷамъияти Франсия инчунин иерархияи феодалӣ ба вуҷуд меояд. Дар зинаи аз ҳамаи боло он корол қарор дошт, аз он поёнтар графҳою герсогҳо меистоданд. Расман онҳо ба корол вобаста бошанд ҳам, лекин амалан герсогу графҳо дар мулкҳои худ ҳамчун подшоҳи хурди  мустақил аз номи хеш пул сикка мезаданд, ҳуқуқҳои қонунбаророӣ, судӣ, сар кардани ҷангу бастани сулҳро доштанд. Аз баронҳо поёнтар ритсарҳо меистоданд. ҳар як намояндаи зинаи болоӣ нисбат ба зинаи поёнӣ сенор ба шумор рафта, намояндаи зинаи поёнтар бошад, ба намояндаи зинаи болоӣ вассал (тобеъ) маҳсуб мегардид. Деҳқонон ба ин иерархия дохил намешуданд. Феодалҳо дар қалъаҳо зиндагонӣ мекард-анд. То асри Х қалъаҳо бештар аз чӯб ва шурӯъ аз асри ХI аз сангҳо сохта мешуданд.

     Яроқҳои феодалон аз шамшер, найза, гурз, табарзин ва сипар иборат буданд. Дар вақти муҳориба онҳо зиреҳ, ҷавшан ва тоскӯлоҳ мепӯшид-анд. Барои фатҳи қалъаҳо аз манҷаниқ (олоти қадимии ҳарбии санг-андозу камонандоз)  истифода мекарданд. 

 

2. Германия дар асрҳои IХ-ХI

Ташкилёбии корлии Германия.

Инкишофи муносибатҳои феодалӣГермания ҳам монанди Франсия баъд аз тақсимоти Верден ба давлати алоҳида мубаддал гардид. Королии Германия асосан аз 4 герсогӣ иборат буд: Швабия, Бавария, Франкония ва Саксония (якҷоя бо Тюрингия). ҳар яки ин герсогиҳо ба якдигар ҳамчун ба давлатҳои хориҷӣ муносибат мекарданд; байни онҳо алоқаи тиҷоратию иқтисодӣ қариб вуҷуд надошт. ҳанӯз дар асри Х ҳам раванди ба феодализм гузаштани ҷамъияти Германия ба охир нарасида буд. Дар асри Х ин раванд агарчи як андоза босуръат гардида бошад ҳам, лекин он аз раванди ба феодализм гузаштани Франсия сустар ба амал омад. Аз ин рӯ ҳам феодализм дар Германия танҳо дар охири асри ХI ва аввали асри ХII, яъне  тақрибан  200 сол баъдтар аз Франсия  Ғалаба мекунад.

     Аз соли 919 сар карда, дар Германия ба ҷойи сулолаи Каролингҳо  хонадони Саксонҳо (936–1024) меояд. Машҳуртарин королҳои ин сулола Генрихи I (919–936) ва писари ӯ Оттони I (936–973) буданд. Онҳо ба графҳою  герсогҳои  марказгурез муборизаҳои дурудароз бурдаанд. Дар ин мубориза Оттони I ба рӯҳониён такя кард, чунки онҳо ҳам хоҳиши ба худ  тобеъ намудани феодалонро доштанд.

      ҳанӯз дар давраи Генрихи I феодалони Германия ба муқобили славянҳои Ғарбӣ ҳуҷум карда, сарзамини славянҳои полабӣ ва қисми заминҳои лютичҳоро забт намуданд. Дар аввали асри Х ба Саксония ва Бавария венгерҳо ҳуҷум карданд. Лашкари пиёдагарди ихтиёрии Генрихи I бар зидди лашкари савораи венгерҳо муқовимат карда на-тавонист. Баъди ин Генрихи I ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида, армияи савораи вазниняроқ ташкил намуд. Бо он Оттони I соли 955 дар назди дарёи Лехе ба венгерҳо шикаст дод. Пас аз ин венгерҳо тадриҷан ба ҳаёти муқимӣ гузашта, минбаъд тохтутози худро ба Германия қатъ карданд.

Походҳои Оттони I ба Италия.

Унвони императорӣ гирифтани ӯ. Дар Аврупои Ғарбӣ Италия мамлакати бойтарин ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо шаҳрҳои нав барвақтар ба вуҷуд омада, савдо (хусусан тиҷорати баҳрӣ) хеле ривоҷ ёфта буд. Бойигариҳои Италия кайҳо инҷониб диққати феодалони немисро ба худ ҷалб ме-карданд. Ниҳоят, соли 951 Оттони I ба Италия ҳуҷум мекунад. қобили зикр аст, ки Италияро аз Германия кӯҳҳои Алп ҷудо менамуданд. Дар ин лашкаркашӣ Оттони I шаҳри Павияро ишҒол карда, якчанд князҳои Италияи Шимолиро  шикаст дод. Пас аз 10 сол, яъне соли 961, Оттони I  бо баҳонаи ёрдам ба папаи 22 сола Иоанни ХII, ки ба ӯ вассалҳояш хатар оварда буданд, походи нав ташкил намуда, онҳоро шикаст дод ва ҳокимияти папаро дар мулкаш аз нав мустаҳкам  намуд. Папа барои изҳори миннатдорӣ ба Оттони I ибтидои соли 962 ба ӯ унвони «императорӣ»–ро дод. Германия империя гашт. Ба  империяи  Оттони I   Ғайр аз Германия қисми шимолию марказии Италия ва шаҳри Рим дохил мешуд. ҳукумати папагӣ бо сардории папа низ худро вассали император шинохт. Дар охири асри ХII ин давлат номи «Империяи Муқаддаси Рим» –ро гирифт.

    Гирифтани унвони императориро Оттони I ва дарбориёни ӯ гарчанд Ғалабаи бузург ҳисоб мекарданд, вале дар амал аҳволи давлатии онҳо он қадар наҒз набуд. Дар Италия ба феодалони немис бо нафрат нигоҳ мекарданд. Ба Оттони I ва ворисони ӯ Оттони II, Оттони III лозим омад , ки қариб ҳамаи солҳои ҳукмронии худро дар мубориза бо феодалони Италия гузарониданд. Танҳо охирин намояндаи Саксониҳо Генрихи II (1002-1024) дар Германия зиндагӣ карда, нисбат ба пешгузаштагонаш сиёсати мӯътадилро амалӣ кардааст.

Ба сари ҳукумат омадани сулолаи Франконҳо.

Саршавии зиддияти байни император ва папа. Солҳои 1024–1125 ҳоким-ияти императорӣ дар дасти намояндагони сулолаи Франконҳо буд. Намояндагони аввалини ин сулола Конради II (1024–1039) ва Генрихи III (1039––1058) ҳаракат карданд, ки ритсарҳои империяро зиёд кунанд. Барои ин Конрад соли 1037 қонун бароварда, феод (замин)–ҳои ритсариро  меросӣ  эълон кард. Дар соли 1034  ӯ вилоятҳои Бургандия ва Провансро ба империя ҳамроҳ сохт. Дар давраи Генрихи III таъсири империя ба Полша ва Венгрия ҳам меафзояд. Дар такя ба шумораи зиёди  ритсарҳо, Генрихи III калисоҳоро пурра ба зери таъсири худ гирифт. ҳатто худи папа ҳам бо тавсияи ӯ ва бештар аз байни епископҳои немис интихоб мегардид.

Шӯриши солҳои 1073-1075 дар Саксония. Муборизаи

байни император ва папа. Конкордати Вормс. Дар давраи ҳукмронии писари Генрихи III – Генрихи IV байни император ва папа муборизаи дурудароз оҒоз меёбад, ки минбаъд ба сустшавии ҳокимияти императорӣ  таъсири калон мерасонад.

     Генрихи IV шахси ҳукмфармо ва шӯҳратпараст буд. ӯ кӯшиш кард, ки ба худсарии феодалон зарба зада, Саксонияро ба давлати худ тобеъ намояд. Ба  ин мақсад, вай дар Саксония қасрҳо сохта, ҳатто дарбори худро ба ҳамин ҷо кӯчонид ва ба мардуми он зулму асорати зиёд раво дид. Моҳи августи соли 1073 дар Саксония шӯрише сар зад, ки дар он на фақат деҳқонон, балки феодалон низ иштирок доштанд. Шӯришгарон чандин қасрҳои императориро вайрон карда, пардохти ҳар гуна андозро қатъ карданд. Генрихи IV аз Саксония гурехта, қувваи бузурги ҳарбӣ ҷамъ оварда, боз ба ин ҷо баргашт ва 9–уми июни соли 1075 ба шӯришгарон шикаст дод. Пас аз ин муборизаро Генрихи IV бо папа Григорий  VII   сар кард.  Баъди муборизаи чандинсола Генрихи IV соли 1084 Римро забт кард. Папа аз Рим фирор намуда, ба ҷанубии Италия рафт ва дар ҳамон ҷо соли 1085 вафот кард. Лекин бо ин муборизаи байни императору папа ба охир нарасида, онро минбаъд ворисони онҳо давом доданд. Дар интиҳо соли 1122 мобайни император Генрихи V ва папа Каликс II аҳдномае баста шуд, ки он конкордати Вормс ном дошт (яъне аҳдномае, ки дар шаҳри Вормс баста шуда буд). Мувофиқи ин конкордат епископҳоро бояд рӯҳониён интихоб кунанд, ки то ин вақт онҳоро император таъин мекард. Дар Германия интихоби онҳо бояд бо иштироки худи император ё намояндаи ӯ мегузашт; инвеститура (нишонаи ҳокимият, ки онро ба епископи интихобшуда то ин вақт император месупорид) ба 2 қисм ҷудо карда шуд:  инвеститураи динӣ, ки он аз ангуштарин ва чӯбдаст иборат буду онро папа месупорид ва  инвеститураи Ғайридинӣ, ки онро император супорида, сенории худро аз болои епископҳо таъкид мекард. Конкордат низоми калисои империро дар Италияю Бургундия вайрон ва таъсири императорро аз болои епископҳо суст намуда, андози императориро ба заминҳои калисоӣ кам намуд. Дар натиҷаи ин феодалони калисоӣ ҳам беш аз пеш пурзӯр гардида, тадриҷан ба князҳои алоҳидаи мустақил мубаддал гардиданд. ҳамаи ин парокандагии феодалии Германияро боз ҳам афзуда, ҳокимияти императориро заиф менамуд.